Дар як сатр
» » Шиносоии Пешвои миллат аз фаъолияти хоҷагии деҳқонии "Баҳор-1"-и ноҳияи Дӯстӣ

Шиносоии Пешвои миллат аз фаъолияти хоҷагии деҳқонии "Баҳор-1"-и ноҳияи Дӯстӣ

17-08-2017, 12:53

Шиносоии Пешвои миллат аз фаъолияти хоҷагии деҳқонии "Баҳор-1"-и ноҳияи Дӯстӣ

Дар доираи сафари кории худ дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Ҷиликул аз фаъолияти хоҷагии деҳқонии "Баҳор-1" дидан намуданд.

Шуғли асосии хоҷагии мазкур боғдорӣ буда, саҳмдорони он бештар меваҳои ситрусиро парвариш мекунанд. Хоҷагии номбурда дар ихтиёри худ 2 гектар замин дошта, дар як гектари он боғ бунёд намудаанд, ки ниҳоли дарахтони анор, шафтолу, ангур ва дигар навъи меваҷот ҳосили фаровон доданд. Тавре ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, феълан дар ноҳияи Дӯстӣ беш аз 1000 гектар боғҳои ситруси мавҷуд аст, ки ҳамасола боғдорони ноҳия аз ин ҳисоб ҳосили баланд ба даст меоранд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли заҳмат ҷиҳати рушди соҳаи боғдорӣ, нигоҳубини дурусти дарахтони мева, барқарор кардани боғҳои кӯҳна, васеъ намудани майдони боғот ва гирифтани ҳосили баланду содироти он ба хориҷи кишвар маслиҳатҳои муфид доданд.

Шиносоии Пешвои миллат аз фаъолияти хоҷагии деҳқонии "Баҳор-1"-и ноҳияи Дӯстӣ

Дар ҳаминҷо намоишгоҳи маҳсулоти кишваорзии меҳанткашони ноҳияи Дӯстӣ доир карда шуд, ки аз фаровонии ҳосили сабзавоту меваҷот дарак медод. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзии деҳқонони ноҳия дидан карда, ба кори ибратбахши аҳли захмат баҳои баланд доданд.

Соли ҷорӣ кишоварзони ноҳияи Дӯстӣ дар майдони қариб 15 ҳазор гектар замин кишт гузаронида, ҳосили баланди сабзавот аз қабили пиёз, картошка, ғаладонагиҳо, полезӣ ва ғайра ба даст оварданд. Хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия дар майдони беш аз 2 ҳазор гектар кишти ғалладонагиҳо гузаронида, 13 ҳазору 287 тонна ҳосил ба даст оварданд.

Шиносоии Пешвои миллат аз фаъолияти хоҷагии деҳқонии "Баҳор-1"-и ноҳияи Дӯстӣ

Ҳамчунин занбӯриасалпарвариву моҳидорӣ низ дар ноҳия рушд карда, истеҳсоли асал ба 8,1 тонна, моҳӣ то 20 тоннаро ташкил медиҳад. Меҳнати шабонарӯзии аҳли заҳмат имкон фароҳам овард,ки фаровонии маҳсулот дар ноҳия таъмин гардида, барои зиндагии шоистаи мардум заминаи хуб фароҳам оварад.

Бо мақсади саҳмгузоштан дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат, ки яке аз ҳадафҳои асосии роҳбарияти олии кишвар ба ҳисоб меравад кишоварзони ноҳия кушиш барон менамоянд, ки аз як қитъа замин ду се ҳосил ба даст оранд. Айни замон дар ноҳияи Дӯстӣ зиёда аз ду ҳазор хоҷагии деҳқонӣ амал менамоянд, ки истеҳсоли меваҷот, полезӣ, сабзавот ва зироати ғаладонагӣ нисбат ба чанд соли қаблӣ ба маротиб афзудааст.

Шиносоии Пешвои миллат аз фаъолияти хоҷагии деҳқонии "Баҳор-1"-и ноҳияи Дӯстӣ



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Шиносоии Сарвари мамлакат бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дастовардҳои ки ...

Шиносоии Сарвари мамлакат бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дастовардҳои ки ...

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Арсаи кишоварзӣ
Шиносоии Пешвои миллат бо фаъолияти кооперативи тиҷоратии «Сомон»-и ноҳияи  ...

Шиносоии Пешвои миллат бо фаъолияти кооперативи тиҷоратии «Сомон»-и ноҳияи ...

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Арсаи кишоварзӣ
Сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Хуросон

Сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Хуросон

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Арсаи кишоварзӣ
Сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон

Сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ
Сафари кории Роҳбари давлат ба ноҳияи Шаҳритус

Сафари кории Роҳбари давлат ба ноҳияи Шаҳритус

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ