Дар як сатр
» » Шиносоии Сарвари мамлакат бо фаъолияти корхонаҳо ва рафти корҳои сохтмонӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ»

Шиносоии Сарвари мамлакат бо фаъолияти корхонаҳо ва рафти корҳои сохтмонӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ»

17-08-2017, 10:31

Шиносоии Сарвари мамлакат бо фаъолияти корхонаҳо ва рафти корҳои сохтмонӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ»


Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари худ ба вилояти Хатлон бо фаъолияти корхонаҳо ва рафти корҳои сохтмонӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» шинос шуданд.

Мавриди зикр аст, ки Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» дар мавзеъи Сари пули ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон соли 2008 дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодии «Панҷ» ва «Суғд»» ба муҳлати 25 сол ташкил шудааст. Шакли фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» комплексӣ ва тиҷоратӣ буда, масоҳати умумии он 401,6 гектарро дар бар мегирад. То ин вақт аз масоҳати умумии заминҳои минтақа 18,7 гектар аз худ карда шудааст.

Шиносоии Сарвари мамлакат бо фаъолияти корхонаҳо ва рафти корҳои сохтмонӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ»

Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» барои бунёди боз се корхона, аз ҷумла ҶСШП «Бурок», ҶДММ «Танус» ва ҶДММ «Глобал» санги асос гузошта шуд.

Тавре маълум гардид дар оянда ҶСШП «Бурок» дар масоҳати 0,5 гектар бунёд шуда, самти фаъолияти он тиҷорат ва истеҳсоли равғани растанӣ мебошад. Ҳаҷми самоягузорӣ дар ин корхона 2 млн. долларро дар бар мегирад. Иқтидори истеҳсолии корхонаи мазкур дар як сол 2 ҳазор литр равғани офтобпараст буда, маҳсулоти тайёр асосан содирот мегардад ва инчунин дар бозори дохилӣ ба фурӯш гузошта мешавад. Дар асоси нақша равғани истеҳсолнашуда ба Ҷумҳуриҳои Исломии Афғонистон ва Покистон интиқол дода мешавад. Ашёи хом ба ин корхона асосан аз хоҷагиҳои кишоварзии малакат ва инчунин аз хориҷи кишвар дастрас мегардад.

Бо мавриди истифода қарор гирифтани ин корхонаи истеҳсолӣ 30 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи корӣ доимӣ ва маоши хуб таъмин мешаванд.

Шиносоии Сарвари мамлакат бо фаъолияти корхонаҳо ва рафти корҳои сохтмонӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ»

Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки қитъаи ҷудогардида барои ҶДММ «Танус» 1 гектарро ташкил медиҳад. Самти фаъолияти ин корхона бошад ба истеҳсоли пойафзол нигаронида шудааст. Ҳаҷми сармояе, ки барои бунёди корхонаи истеҳсоли пойафзоли ҶДММ «Танус» равона гардидааст 700 ҳазор доллар мебошад. Иқтидори истеҳсолии корхонаи мазкур дар як сол ба 500 ҳазор ҷуфт пойафзол баробар аст. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин корхонаи истеҳсолӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» боз 50 ҷойи нави корӣ таъсис меёбад. Дар корхона пойафзоли гуногуни мардона ва занона истеҳсол карда мешавад. Тибқи нақша пойафзоли дар ин корхона истеҳсолшуда ба Ҷумҳуриҳои Ҳиндустон, Шриланка, Афғонистон, Покистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон содирот карда шуда, инчунин дар бозорҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фурӯш гузошта мешавад.

Корхонаи дигаре, ки барои бунёди он аз тараифи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санги асос гузошта шуд ҶДММ «Глобал» мебошад. Дар ин корхона чӯткаи дандон (зубная щётка) истеҳсол карда мешавад ва масъулон нақша доранд дар оянда истеҳсоли хамираи дандоншӯиро низ ба роҳ монанд.

Корхонаи истеҳсолии ҶДММ «Глобал» дар масоҳати 1 гектар сохта мешавад ва ҳаҷми сармояи нигаронидашуда барои бунёди он 500 ҳазор доллар мебошад. Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол ба 1 млн. дона чӯткаи дандон баробар аст. Маҳсулоти истеҳсолнамудаи ин корхона низ ба Ҷумҳуриҳои Исломии Афғонистону Покистон, Федератсияи Россия ва Қазоқистону Ӯзбекистон содирот карда шуда, ҳамчунин дар бозори дохилӣ пешниҳоди сокинон мегардад.
Зимни муаррифии лоиҳаҳо ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дастгоҳу таҷҳизоти корхонаҳои мазкур қисман дастрас гардидаанд ва муҳлати бунёди ҳар се корхона 1 сол муайян шудааст.

Шиносоии Сарвари мамлакат бо фаъолияти корхонаҳо ва рафти корҳои сохтмонӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ»

Дар баробари гузоштани санги асос барои бунёди се корхонаи азими саноати Пешвои миллат дар Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» хати оби нӯшокиро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Тавре иттилоъ дода шуд, об ба ин минтақа аз дарёи Панҷ ба масофаи 4700 метр бо қубури қутраш 315 оварда шудааст. Об аз дарё ба воситаи се пойгогоҳи обкашӣ гирифта шуда, дар се обанбори ғунҷоишашон 1000 метри мукааб захира карда мешавад. Ҳамчунин дар назди обанборҳо дастгоҳҳои муосири обсофкунӣ насб карда шудааст. Барои обтаъминкунии субъектҳо дар ҳудуди минтақа 4 нуқтаи обтақсимкунӣ бунёд гардидааст. Имрӯз дар баробари корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» инчунин аҳолии гирду атроф, ки 100 хоҷагиро ташкил медиҳанд бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин шуданд. Маблағи умумии барои хати оби нӯшокӣ масрафшуда 2 млн. 256 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин минтақаи озоди иқтисодӣ ҳамчунин корхонаи истеҳсоли ғулачаҳои ҷуворимаккаро ба истифода супориданд. Ба Пешвои миллат хабар доданд, ки корхона дар масоҳати 0,2 гектар бунёд карда шуда, иқтидори истеҳсолии он дар як сол ба коркарди 100 тонна ҷуворӣ баробар аст. Дар ин ҷо 20 нафар бо ҷойи кор таъмин шудаанд. Барои бунёди корхонаи мазкур аз тарафи ҶСП «Ансор групп» 100 ҳазор доллар равона гардидааст. Маҳсулоти истеҳсолнамудаи ин корхона баробари ба фурӯш гузоштан дар ҳудуди вилояти Хатлон инчунин ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон содирот карда мешавад.

Дар ин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шароити кори кормандон шинос шуда, ба масъулон ҷиҳати сифатнок истеҳсол кардани маҳсулот дастуру ҳидоятҳои муфид доданд.

Шиносоии Сарвари мамлакат бо фаъолияти корхонаҳо ва рафти корҳои сохтмонӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ»

Чунончи ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, дар ин минтақа 14 субъект ба қайд гирифта шудааст ва имрӯз ду корхонаи истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ва як корхонаи хизматрасонии логистикӣ фаъолият дорад. Дар корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмонии Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» дар як сол имкон аст ба миқдори 180 ҳазор сомонӣ истеҳсолот ба роҳ монда шавад. Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» ба маблағи 82,6 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноати истеҳсол гардида, ҳаҷми ҷалби сармоя дар ин давра ба 1,7 млн. сомонӣ баробар мебошад. Аз аввали фаъолият бошад дар ин минтақа ба миқдори 501,5 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуда, бештар аз 6 млн. сомонӣ сармоя ҷалб гардидааст. Имрӯз дар корхонаҳои Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» 300 ҷои кори доимӣ ва муваққатӣ таъсис дода шудааст.

Тибқи иттилоъ аз аввали таъсисёбӣ барои нигоҳдорӣ ва бунёди инфрасохтори аввалиндараҷа дар Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ 5 млн. 800 ҳазор ва ҳисоби даромади худи минтақа 870 ҳазор сомонӣ маблағ равона гардида, то имрӯз сохтмони деворбандии ҳудуди минтақа, бинои назорати гумрукӣ, роҳи дохилӣ ва пайвастшавии он ба шоҳроҳи Душанбе-Панҷи поён ба анҷом расонида шудааст. Имрӯз ин минтақа бо барқ ба пуррагӣ таъмин мебошад.

Шиносоии Сарвари мамлакат бо фаъолияти корхонаҳо ва рафти корҳои сохтмонӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ»

Ҳамчунин маълум шуд, ки дар Минтақаи озодии иқтисодии «Панҷ» ҶДММ «Фон-Дарё», фаъолият дошта, дар рӯзҳои наздик корхонаи он ба кор андохта мешавад. Самти фаъолияти ҶДММ «Фон-Дарё» коркарди нафт, маҳсулоти нафтӣ ва биоэтанол мебошад. Корхона бо харҷи 600 ҳазор доллар бунёд карда шудааст ва қитъаи замини ҷудогардида 0,7 гектарро дар бар мегирад. Ҳаҷми солонаи истеҳсолот дар корхонаи мазкур ба коркарди 20 ҳазор тонна нафт баробар аст. Бо мавриди истифода қарор гирифтани ин корхонаи саноатӣ 28 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мешаванд. Корхонаи мазкур аз тарафи соҳибкори ватанӣ Шоҳназар Абдуллоев бунёд карда шудааст.

Шиносоии Сарвари мамлакат бо фаъолияти корхонаҳо ва рафти корҳои сохтмонӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ»

Дар ин баробар дар масоҳати 0,20 гектар сохтмони сардхона бо ғунҷоиши 300 тонна маҳсулоти кишоварзӣ идома дорад. Сардхонаи мазкур аз тарафи соҳибкори ватанӣ бунёд карда шуда, ҳаҷми сармояи муайянгардида 50 ҳазор доллар мебошад. Сардхона низ дар рӯзҳои наздик ба истифода дода мешавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз корхонаҳо ва рафти сохтмонҳо дар Минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» ба масъулон ҷиҳати бо сифат анҷом додани корҳои бунёдгарӣ ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир дар бозори ҷаҳонӣ дастуру ҳидоятҳои муфид доданд.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Азми бунёди 30 корхона дар як сол

Азми бунёди 30 корхона дар як сол

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Иқтисоду тиҷорат, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Оғози бунёди корхонаи нави саноатӣ ва шиносоӣ бо сохтмону азнавсозии роҳҳои ...

Оғози бунёди корхонаи нави саноатӣ ва шиносоӣ бо сохтмону азнавсозии роҳҳои ...

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат
Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли варақаҳои гаҷии ҶДММ Хуаҷиан Ғаюр Индастриал да ...

Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли варақаҳои гаҷии ҶДММ Хуаҷиан Ғаюр Индастриал да ...

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат
Тоҷикистон тадриҷан ба кишвари индустриалӣ-аграрӣ табдил меёбад

Тоҷикистон тадриҷан ба кишвари индустриалӣ-аграрӣ табдил меёбад

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Соли 2015 дар Хатлон корхонаҳои азими саноатӣ бунёд мешаванд

Соли 2015 дар Хатлон корхонаҳои азими саноатӣ бунёд мешаванд

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА