Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » «Тоҷикон» китоби рӯйимизии ҳар як тоҷик бошад


«Тоҷикон» китоби рӯйимизии ҳар як тоҷик бошад



Ба хонандаи азиз муроҷиат карда, мехоҳам хотирнишон намоям, ки мо дар давраи ҳассоси давлатсозӣ, яъне дар оғози марҳилаи бунёди давлати миллӣ қарор дорем. Моро зарур аст, ки давраҳои таърихии рӯзгори халқамонро бо диққати том мутолиа намоем, аз ҳар саҳифаи гузаштаи ниҳоят пуршебу фарозаш сабақ омӯзем, аҷдоди номбардори худро шиносем, аз решаҳои қадимаи миллати хеш огоҳ бошем, ба мардуми бумӣ, фарҳангиву тамаддунсоз, ҳунарманду эҷодкор ва соҳибмаърифат будани халқамон ифтихор кунем, таърих, забон, фарҳанг ва суннату анъанаҳои миллиро ҳифз намоем.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон


Бо мақсади хубтар фаҳмидани таърихи бою қадимаи миллати тоҷик, ҳарчи бештар омӯхтани гузаштаи ниёгон ва бо ин васила муаррифӣ кардани давлати тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ рӯзи 20 июни соли ҷорӣ дар идораи рӯзномаи «Хатлон» хониши сиёсӣ ҷиҳати омӯзиши китоби «Тоҷикон»-и академик Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид.

Носирҷон Маъмурзода, сардабири нашрияи "Хатлон", зимни муаррифии китоби мазкур изҳор дошт, ки бе надонистани таърихи миллати хеш мо наметавонем, дар ҳар гӯшаи дунё диёри ниёгонамонро хуб муаррифӣ созем. Аз ин лиҳоз, ҳар як оилаи тоҷик китобе, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи 30-солагии Истиқлоли давлатӣ аз фонди Президент туҳфа кардаанд, хонда, инчунин ба насли наврас талқин созем.

-Бояд донем, ки китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров дар таҳкими худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандорӣ нақши хеле созгор дошта, манбаи муътамади илмӣ оид ба таърихи ниёгони халқи тоҷик мебошад. Ин китоби гаронарзиш бозгӯи ҳодисаҳои гуногуни миллати тоҷик дар давраҳои гуногуни таърихӣ мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири бештар огоҳӣ ёфтани халқи тоҷик аз гузаштаи худ ба ҳар сари оила китоби мазкурро туҳфа намуданд, то бештар омӯзем,- гуфт Н. Маъмурзода.

Гуфта шуд, ки аз ин пас, ҳар рӯзи душанбе дар идораи рӯзномаи "Хатлон" хониши сиёсӣ ҷиҳати омӯзиши китоби "Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, асри миёна ва давраи нав"-и академик Бобоҷон Ғафуров баргузор мегардад.

Фирдавс УМАРОВ, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода