Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » 14 СОЛ ДАР МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ


14 СОЛ ДАР МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ


Ба ифтихори 14-солагии таъсис-ёбии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Сулаймонзода Акрам, сардор ва кормандони Раёсати Агентии мазкур дар вилояти Хатлон, инчунин, намояндагони дигар мақомот баргузор гардид. 

Сулаймонзода Акрам аз номи раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода кормандони мақомоти номбурдаро ба ин рӯз шодбош гуфта, изҳор дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мубориза бо коррупсияро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор дода, ба ташаккули заминаҳои ҳуқуқиву сохторӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт оғоз намуд. 

Гуфта шуд, ки имрӯз Тоҷикистон ба ташаккули сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ ва фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои муқовимати самаранок ба ин зуҳурот муваффақ шудааст. Таъсиси ниҳоди махсусгардонидашуда - Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия яке аз дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат бо коррупсия мебошад, ки вазифаи он аз назорати истифодаи дуруст ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, амволи давлатӣ, таҳкими қонуният, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, манфиатҳои давлат ва ҷомеа иборат мебошад. 

Зимни суханронии дигар баромадкунандагон қайд гардид, ки вазифаҳои мақомоти мубориза бар зидди коррупсия муҳиму мураккаб буда, онҳо ба ҳифзу ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиатҳои давлату ҷамъият, ташкилоту идораҳо, таъмини қонуният, ошкор ва пешгирӣ намудани кирдорҳои коррупсионӣ ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони гунаҳгор равона гардиданд. 

Дар қисмати охири ҷамъомад як қатор фаъолони соҳаро бо Ифтихорнома ва туҳфаҳо сарфароз гардониданд. Дар ин баробар, раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо медали ифтихории Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.

С. АЗИЗОВ

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода