Дар як сатр
» » «СОҒАРИ САҲБО» БА ЧОП РАСИД

«СОҒАРИ САҲБО» БА ЧОП РАСИД

4-11-2018, 07:25

Девони Мирзо Ҳайити Саҳбо бо гузашти беш аз 90 сол аз васияти устод Садриддин Айнӣ, ки дар «Намунаи адабиёти тоҷик» таъкид намуда буд: «Саҳбо соҳибдевон аст. Номи ин пири қурбонии роҳи таҷаддуд, инқилоб ва ҳақгӯйиро бо табъу нашр кардани девонаш, бо тарҷумаи ҳолаш зинда кардан аз ҷумлаи вазифаҳои инқилобист», бори нахуст интишор гардид.

Девони мазкур чанде пеш бо ибтикори донишманди тоҷик, профессор Ҳасани Муродиён дар нашриёти «Адиб»-и шаҳри Душанбе бо теъдоди 300 нусха рӯйи чоп омад.

Ғазалиёту мухаммасоти дилангези пири қурбонии роҳи таҷаддуд, инқилоб ва ҳақгӯӣ Мирзо Саҳбо гувоҳи табъи баланд ва ҳунари шоирии ӯянд.

Тавре ки профессор Ҳасани Муродиён дар муқаддимаи девони Саҳбо менигорад, мундариҷаи девони Саҳбо хеле рангину бой буда, дар ғазал, мухаммас ва мусаддасҳои шоир риояи анъанаҳои таърихӣ баръало эҳсос мешавад. «Забони ашъори Саҳбо содаю равон, аз ҷиҳати услуб монанд ба сурудҳои мардумист. Дар шеъри Саҳбо таъсири Саъдӣ, Ҳофиз, Ҳасани Деҳлавӣ, Осафӣ, Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ, Алишери Навоӣ, Абдурраҳмони Мушфиқӣ, Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ ва махсусан Мирзо Абдулқодири Бедил равшан ҳис карда мешавад», - навиштааст Ҳ. Муродиён.

Шоир Саҳбо девонашро бо абёти Абдулмаъонӣ Бедил ҳусни оғоз бахшидааст:

Фитрати аҳли хирад гӯё баҳори раҳмат аст,

Маънии рангин, бубин, аз баргу бори раҳмат аст.

«Саҳбо марди олиҷаноб, донишманд, хушмуомила, олиҳиммат, баландмарҳамат, парҳезкор, боақл, дар шеъру байтшиносӣ беҳамто, нозуктабиат, хушзеҳн буда, - таъкид менамояд Афзал-махдуми Пирмастӣ, - шеърҳои бениҳоят зебо, суханони бофасоҳат ва девони мукаммал дорад. Шеърҳои тоҷикӣ ва туркии ӯ фасоҳату мазмуни баланд доранд ва дорои қофияҳои марғубанд. Ин байтро ӯ бениҳоят хуб гуфтааст:

Гар барафтад акси рухсори нигори ман бар об,

Метавон кардан тамошо гулъузори ман дар об».

Мураттиби матн ва муаллифи дебочаи девони Саҳбо Ҳасани Муродиён зимни суҳбат бо рӯзномаи «Хатлон» гуфт, ки имрӯз, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонба истиқлолияти комили давлатӣ расидааст, иқдоми саривақтист, ки «номи ин пири қурбонии роҳи таҷаддуд, инқилоб ва ҳақгӯиро бо табъу нашр кардани девонаш» (ба таъбири устод Садриддин Айнӣ) аз нав зинда гардонем, 170-солагии зодрӯзашро дар миқёси ҷумҳурӣ таҷлил намоем, оид ба рӯзгори пурмоҷаро ва ашъори дилошӯбаш пажӯҳишҳои доманадор анҷом диҳем. Вақти он расидааст, ки маркази Қубодиён - шаҳраки Саҳбо номида шавад, ё дастикам Коллеҷи омӯзгории Қубодиён ба номи ин шоири инқилобӣ ва адиби оташинсухан гузошта шавад.

«Соғари Саҳбо», ки бори нахуст бо хати кириллӣ ба чоп расидааст, аз бахшҳои «Ғазалиёт», «Мусаддасот», «Ғазалқасидаҳо», «Қитъаот», «Мухаммасот» ва ашъори бо забони ӯзбекӣ иншошудаи шоир иборат буда, барои адабиётшиносон, пажӯҳишгарон ва доираи васеи хонандагон пешкаш гардидааст.

Ҳангомаи ИСМАТ,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Саҳме дар илми кишваршиносии адабии тоҷик

Саҳме дар илми кишваршиносии адабии тоҷик

Чеҳранигорӣ, Маориф ва илм

«БУЗУРГОНРО БУЗУРГОН ЗИНДА МЕДОРАНД»

Хабарҳо
Армуғони ҷашнӣ: Нашри «Фолклори бачагонаи тоҷик»

Армуғони ҷашнӣ: Нашри «Фолклори бачагонаи тоҷик»

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, Маориф ва илм, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
«Аз тамрин то тамкини сухан» рўйи чоп омад

«Аз тамрин то тамкини сухан» рўйи чоп омад

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Қубодиён. Нашри 4 китоби таърихӣ дар як сол

Қубодиён. Нашри 4 китоби таърихӣ дар як сол

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА