Дар як сатр
» » Донишмандони ислом: «ТТЭ ҲНИ ТАШКИЛОТИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТЕРРОРИСТӢ ЭЪТИРОФ ГАРДАД»

Донишмандони ислом: «ТТЭ ҲНИ ТАШКИЛОТИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ТЕРРОРИСТӢ ЭЪТИРОФ ГАРДАД»

2-11-2018, 08:06

Муфтии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода:

«Аз ҳозирини конфронс дархост дорем, ки фатвоҳои лозима содир карда, фаъолияти ТТЭ ҲНИ-ро дар саросари олам маҳкум созанд. ТТЭ ҲНИ, ки аз идеологияи ихвониҳои мансуб ба Саид Қутб сарчашма мегирад, бояд дар саросари олам ҳамчун ташкилоти террористӣ шинохта шавад. Ин иқдом бино ба ҷаноятҳоест, ки дар зарфи солҳои охир аз ҷониби ин ҳизб анҷом дода шудааст. Ҳодисаи террористии ахир дар Тоҷикистон паҳлӯи дигари мубориза бар зидди терроризмро ошкор намуд, ки доимо дар пасманзари ин тоифаи мардум ташкилотҳои байналмилалӣ ба монанди Эрон меистанд».

 

Муфтии собиқи сарзамини Миср, доктор Алӣ Ҷумъа:

«Наҷотёбӣ аз хатари терроризм, ки бар синаи ислом ҷаҳидааст, танҳо бо роҳи муноқишаҳои низоми фатво дар риштаҳои сиёсию умури кишвардорӣ, омӯзиши омилҳои фатво барои пойдории амну суботи ҷомеа ва пешгирии таъсири фатвоҳои исломи сиёсӣ дар раванди пойдории сулҳ амалӣ мегардад. Ин ташкилотҳои экстремистиву террористӣ, ки бар асоси идеологияҳои барғалат ва бегона таъсис ёфтаанд, мехоҳанд ақидаҳои фалаҷкунандаро дар байни ҷомеа паҳн намоянд. Албатта, ҳадаф аз ин амали онҳо бесарусомонии амнияти кишварҳо буда, барои парокандагии онҳо талош меварзанд. Мехоҳанд кишварҳоро порча – порча тақсим намуда, онҳоро дар ҳоли ҷангу кашмакашиҳои дохилӣ қарор диҳанд.

Муборизаи ниҳодҳои қудратии Миср бар зидди чунин гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла ташкилоти "Ихвон -ул-муслимин” айнан ҳамон муборизаест, ки кишварҳои олам аз он ранҷ мебаранд. Махсусан дастпарвардҳои "ихвон-ул-муслимин”, ба монанди ТТЭ ҲНИ, ки шохаи ин ташкилот дар минтақаи Осиёи Миёна ба шумор меравад. Байни ин ду ташкилоти террористӣ ҳамкории зич вуҷуд дошта, дар давраи ҳукмронии ихвониҳо вохӯрии Муҳаммад Мурсӣ бо роҳбари ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ сурат гирифта буд.

 

Раиси ташкилоти Тобаи шаҳри Абу Дабӣ ал-Ҳабиб Алӣ ал-Ҷафрӣ:

«Мехоҳам аз бефаъолиятии соҳаи фатво ва бетаъсирии он ба мардум сухан кунам, ки сабаби фаъолшавии ташкилотҳои тундгаро, ба монанди ташкилоти "Ихвонул-муслимин” ва қанотҳои террористии он шудааст.

Ҷавонони пайрав аз ҳаракати "Ихвон-ул-муслимин”-и мисрӣ ва дигар кишварҳои олам, бахусус дар Тоҷикистон қурбонии бозиҳои сиёсӣ шудаанд. Аммо ин амал, шахсони фиребхӯрда ва мағрургардидаро ҳеҷ гоҳ аз ҷавобгарӣ озод нахоҳад кард ва зуд ё дер дар назди Худованди таъ-оло ҳисобот хоҳанд дод. Мо бо саркардагони ташкилотҳои террористӣ дар боби ченаки арзишҳои исломӣ нофаҳмӣ дорем. Онҳо бо даъвои ҷанг "дурӯғгӯӣ”-ро барои худ мубоҳ шуморида, зери шиори "ҷанг фиреб аст” бо аҳкоми шариати исломӣ бозӣ мекунанд. Бо ин қоида ТТЭ ҲНИ фаъолияти худро пеш бурда, бо баҳонаи татбиқи шариати исломӣ дар замини Худованд фасодро ҷорӣ менамояд».

 

Вазири кумитаи дини Яман доктор Аҳмад Аттия:

«Паҳншавии падидаи терроризм аз ҷоҳилӣ сарчашма мегирад. Он фаъолиятҳои террористие, ки аз ҷониби ТТЭ ҲНИ дар вақтҳои ахир содир гардидааст, таъкидгари пофишории ин тоифаи гумроҳгардидагон мебошад, ки аз хориҷи чорчӯби фармудаҳои Қуръони карим ва суннати пок амал намуда, мусалмонҳоро таҳти таҳдиди доимӣ қарор медиҳанд. Талаб дорам, ки як фазои муносибе барои таҷрибаомӯзӣ ва фаъолияти муфтиҳо бояд эҷод намуд, то ба ҳадафи асосӣ, ки таблиғи илм ва пешгирии тундгароӣ мебошад, расид».

 

Раиси қисми омӯзишҳои стратегии Дабирхонаи муфтиёти Миср Ториқ Абу Ҳашима:

«Имрӯзҳо масъалаи фатво яке аз омилҳои муҳимтарини гуфтумони динӣ ба шумор меравад. Ин амал танзимгари асосии умури ҳаёти ҷомеа мегардад. Оқибати фатвоҳои бегона хатари воқеӣ доранд, зеро ин омил сабаби фаъолтар гардидани ташкилотҳои тундгаро мегарданд».

 

Дабири кулли Шӯрои сарони уламо доктор Аббос Шумон:

«Сифати ташкилоти "ихвонул-муслимин” "дурӯя” маънидод мешавад. Ихвониҳо ва ҳаммаслакони осиёгии онҳо – ТТЭ ҲНИ гирифтори касали "дурӯғгӯйӣ” мебошанд. Ва ин падидаи нав барои онҳо набуда, чунин амр ҳамеша наздашон ҳукми мубоҳ дошт. Вале навгонӣ дар ин масъала марҳилаи беморӣ бо касали "дурӯғ” аст. Ба пайравони ихвониҳо пайғоми худро фиристода, таъкид менамоям, ки агар онҳо дурӯғро барои худ мубоҳ шуморанд, дар ин масъалаи хеш озоданд, вале аз Муассисаи Азҳари шариф дур бошанд. М.Мурсӣ вақти дар сари қудрат қарор доштан ноком буд, пас чи гуна баъди аз даст додани давлат гӯё муваффақ мегардад».

 

Доктор Маҷдӣ Ошур, мушовири академии муфтии Миср:

«Тамоми ташкилотҳои экстре-мистӣ, ба монанди ТТЭ ҲНИ ва дигар ҳаммаслакони онҳо, ки аз ҷомаи "ихвонул-муслимин” берун омадаанд, бо тангназарӣ ва мухолифаташон аз навовариҳои аср шуҳрат пайдо намудаанд. Онҳо амалҳои ғайриоддӣ ва гунаҳкоронаи худро ҳамчун "Боби иҷтиҳод” мепиндоранд, бо вуҷуди он ки ҳамаи он кардаҳо аз чорчӯби шариат берун ҳастанд. Барои асоснок намудани амалҳои пайравони худ, аз қабили куштору ғорату дуздӣ бо номи Ислом фатвоҳои бегона содир мекунанд».

 

Шайх Абдулатиф Дарён, муфтии Ҷумҳурии Лубнон:

«Манфиатгари асосии ҳолати бетартибии судури фатво аз ноаҳлон танҳо ташкилотҳои террористӣ ва дар сархати онҳо ташкилоти "ихвонул-муслимин” ва пайравони он мебошанд. Амалҳои террористии ТТЭ ҲНИ – қаноти осиёгии ихвонул-муслимин ба амалҳои "Хавориҷ”-и гумроҳ монанд мебошанд. Зикр намудан лозим аст, ки "Хавориҷ” тафсири гуфтаҳои Қуръонро нодуруст фаҳмида, принсипи зӯровариро барои расидан ба манфиатҳои дунё истифода менамояд. Мо бояд амалҳои онҳоро маҳкум сохта, дар паҳлуи шахсоне, ки бо идеологияи тундгароии онҳо мубориза мебаранд, қарор гирем».

 

Дабири кулли Академияи тадқиқоти исломӣ доктор Муҳиддин Афифӣ:

«Ташкилотҳои террористии дар атрофи "дин” ҷамъгардида сабаби носуботии ҷомеаҳо мебошанд. Зеро онҳо ба решаи сулҳу суботи ҷомеаҳо латма мезананд. Онҳо бо даъвои "ҷиҳод” даст ба куштору сӯиқасду таркишу авбошӣ мезананд. Вале фарқ байни "ҷиҳод” ва "терроризм” равшан буда, амалҳои хушунатомези бимдиҳандаро ба ҳеҷ ваҷҳ ба ҷиҳоди исломии шаръӣ нисбат додан мумкин нест.

Ҷиноятҳои террористии ТТЭ ҲНИ, «ДОИШ», «Алқоида» ва дигар ташкилотҳои террористӣ зидди арзишҳои волои ҳаёт, ки Қуръони карим онҳоро зикр намудааст, мебошанд. Ислом бо идеологияи сулҳпарвару сулҳхоҳи худ танҳо барои паҳн намудани раҳмату амну субот омадааст. ТТЭ ҲНИ ташкилоти террористӣ ва маблағгузори он душмани инсонияту башарият аст».

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ТТЭ ҲНИ ЯКЕ АЗ ДАСТПАРВАРОНИ «ИХВОН-УЛ-МУСЛИМИН» МЕБОШАД

Хабарҳо, Сиёсат

Муфтии Тоҷикистон дар меҳмонии Ҷамъияти тоҷикони Миср

Хабарҳо

Ректори Донишгоҳи Истанбул: «Тоҷикистон ва Туркия- шоҳиди ду кӯшиши ноком б ...

Хабарҳо

Конференсияи байналмилалии сатҳи баланди Қоҳира: Тоҷикистон дар мубориза бо ...

Хабарҳо

Конференсияи байналмилалии Қоҳира: Шурои уламои ҷаҳон ТТЭ ҲНИ-ро ташкилоти ...

Сиёсат