Дар як сатр
» » ТТЭ ҲНИ ЯКЕ АЗ ДАСТПАРВАРОНИ «ИХВОН-УЛ-МУСЛИМИН» МЕБОШАД

ТТЭ ҲНИ ЯКЕ АЗ ДАСТПАРВАРОНИ «ИХВОН-УЛ-МУСЛИМИН» МЕБОШАД

1-11-2018, 13:05

Аз 16 то 18-уми октябри соли равон дар шаҳри Қоҳираи Ҷумҳурии Арабии Миср конференсияи чаҳоруми Шӯрои уламои дини ҷаҳон таҳти унвони «Таҷдиди фатво аз нигоҳи илми назариявӣ ва амалӣ» баргузор шуд, ки дар он Ҳизби наҳзатро ташкилоти террористӣ ва маблағгузори онро душмани инсонияту башарият хонданд.

Конфронси байналмилалии Миср, ки бо ҷалби уламои ҷаҳони ислом баргузор гардид, ба тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ таъсири худро расонид. Ин конфронс бозгӯи масоили рӯз буда, дар радифи ҳайати намояндагони 73 кишвари ҷаҳон, аз он ҷумла Ҷумҳурии Арабии Миср, Арабистони Саудӣ, Аморати Муттаҳидаи Араб, давлати Кувайт, Қатар, Судон, Малайзия, Туркия, Алҷазоир, Покистон, Ироқ, Федератсияи Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Ҷамоати мусулмонони Аврупо ва ғайра, бо шумули донишмандони соҳаи дин, пажӯҳишгарон, муфтиҳо, раисони кумитаҳои дин, намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ширкати фаъолона доштанд. Боиси тазаккур аст, ки иштирокчии ин конф-ронси бонуфуз раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода бо суханони пурмуҳтаво баромади хотирмону мақсаднок дошт.

Саидмукаррам Абдуқодирзода бо шукргузорӣ аз давлати тинҷу соҳибистиқлоли хеш изҳори фараҳмандӣ намуда, аз сиёсати сулҳҷӯёнаю хирадмандонаи Пешвои миллат ёдовар шуд. Ӯ вазъи Тоҷикистонро, ки дар марҳилаи рушд қарор дорад, ба некӣ муаррифӣ намуда, ҳамзамон изҳори ташвиш кард, ки бархӯрди фарҳангу тамаддунҳо дар ҳоли ҷаҳонишавӣ на ҳамеша ба Тоҷикистони соҳибистиқлол таъсири мусбат мерасонад.

Дар баромади худ С. Абдуқодирзода ҷиноятҳову хиёнатҳои ташкилоти террорис-тию экстремистии Ҳизби наҳзати исломиро шурӯъ аз даст доштани ин ташкилоти террористӣ дар ҷанги бародаркуши шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон баён дошт. «Дар солҳои мавҷудияти Ҳизби наҳзати исломӣ роҳбарон, фаъолон ва аъзоёни ин ташкилоти терористӣ шурӯъ аз ташкил кардани ҷанги бародаркуши шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон 141 ҷинояти дорои характери эксремистӣ- террористиро содир намуда, ҷомеаи Тоҷикистонро бо кирдорҳои хеш дар арсаи ҷаҳонӣ доғдор намуданд», - афзуд С. Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар идомаи суҳбат аз таърих ва хусусияти ҷиноятҳои содирнамудаи хоинони ватан ёдрас шуда, ҳар якеро бо мақсадҳои нопокашон муаррифӣ намуд. Мавсуф ибрози ташвиш кард, ки дар давоми панҷ соли ахир 75 нафар аъзои ТТЭ ҲНИ барои алоқамадӣ бо ташкилотҳои террористии «Давлати исломӣ», «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон», «Алқоида», «Ансоруллоҳ», «Ҳизби исломии Афғонистон», «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ҷамоати Таблиғ» ва «Гурӯҳи 24» дастгир ва аз озодӣ маҳрум гардидаанд.

Илова бар ин, далели мушшахас мавҷуд аст, ки «Ҷамоати Ансуруллоҳ» қаноти ҳарбии ҲНИ буда, айни ҳол 521 нафар аъзоёни ТТЭ ҲНИ дар ҳайати гурӯҳҳои терористии «Давлати исломӣ» қарор доранд.

Роҳбари ТТЭ ҲНИ М.Кабирӣ баҳри амалӣ намудани мақсадҳои ғаразноки худ бо Назарзода Абдуҳалим Мирзо маслиҳати пешакӣ намуда, дар қаламрави кишвар пинҳонӣ беш аз 20 гурӯҳи хурди ҷиноятӣ ташкил намудаанд. Дар партави робитаи мунтазами М.Кабирӣ бо давлати Эрон санаи 02.09.2015 писари Кабирӣ –Тиллозода Руҳуллоҳ бо супориши бевоситаи ӯ маблағи 1 миллиону 200 ҳазор доллари амрикоиро барои амалӣ намудани ниятҳои хоинонааш ба Ҳоҷӣ Ҳалим додааст. Ҳамин тариқ, нақшаҳои нопоку иғвоангези Ҳоҷӣ Ҳалимро, ки дар мавриди задухӯрд 14 нафар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳалокат расонида шуда, оромии кишвар халалдор гардида буд, Саидмукаррам Абдуқодирзода ин мавзӯъро бо исботу далелҳои воқеӣ матраҳ намуд. Кушта шудани 4 сайёҳи хориҷӣ низ санаи 29-уми июли соли 2018 идомаи ҳадафҳои нопоки ҲНИ буд.

Саидмукаррам Абдулқодирзода бо ҳисси баланди ватандориву равшанзамириаш, бо пуштибонӣ аз сиёсати роҳбарияти олии кишвар аз ин минбар ҷомеаи ҷаҳониро бори дигар огоҳ намуд, ки ТТЭ ҲНИ барои устувории сулҳу ваҳдати Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳеҷ манфиате надошта, балки чунин гурӯҳҳои ифротӣ мақсад доранд, ки ҷихати ноором сохтани ин кишвари биҳиштосо нақши иғвоангези хешро гузоранд. Бо дарназардошти баррасии чунин мавзӯи рӯз намояндагони дигар давлатҳо низ фаъолияти ТТЭ ҲНИ-ро маҳкум намуданд. Муфтии собиқи давлати Миср, доктор Алӣ Ҷумъа зимни суханрониаш гуфтааст, ки ТТЭ ҲНИ яке аз дастпарварони «Ихвон-ул-муслимин» аст. Ҳадафашон ташкили бесарусомонӣ дар кишварҳо мебошад. Дигар шахсиятҳои бонуфузи ин конфронс суханони С.Абдуқодирзодаро пуштибонӣ намуда, барои мардуми шарифи Тоҷикистон саломативу тинҷӣ, сулҳу ваҳдати комилро таманно карданд.

Бо назардошти баргузории чунин як ҳамоиши судманд мо - сокинони кишвар, бахусус ходимони динро лозим аст, баҳри боз ҳам устувор нигоҳ доштани сулҳу суботи кишвар талош варзем. Кӯшиш намоем, ки нафарони хиёнаткор натавонанд ба амалигардии мақсадҳои нопокашон комёб шаванд. Имрӯз, ки сиёсати давлатидории мо бо иқдомҳои неку созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Чумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пойбарҷост, албатта, имрӯзу ояндаи дурахшон насиби мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибистиқлол хоҳад буд.

 

Усмоналӣ НУРОВ,

сархатиби шаҳри Бохтар, муовини раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Баромади Абдуқодирзода дар Истамбул

Хабарҳо

Ректори Донишгоҳи Истанбул: «Тоҷикистон ва Туркия- шоҳиди ду кӯшиши ноком б ...

Хабарҳо

Конфронси байналмилалӣ дар Истанбул: «Хатари ташкилоти террористии ҳизби на ...

Хабарҳо

Конфронси байналмилалӣ дар Истанбул: «Хатари ташкилоти террористии ҳизби на ...

Хабарҳо

Конфронси байналмилалӣ дар Истанбул: «Хатари ташкилоти террористии ҳизби на ...

---