Дар як сатр
» » Занро шавҳараш кушт

Занро шавҳараш кушт

5-11-2018, 07:40

Қурбоналӣ Раҳмонов, истиқоматкунандаи шаҳри Бохтар ба куштори ҳамсараш  Бибизиёдамоҳ Муҳсиддинова гунаҳкор дониста шуд 12 сол аз озодӣ маҳрум гашт.

Бино ба иттилои Хусрав Холдорзода,  судяи Суди шаҳри  Бохтар, ҳамсари Қурбоналӣ Бибизиёдамоҳ дар яке аз ошхонаҳои бозори ҶДММ «Ҳоҷӣ Шариф»-и шаҳри Бохтар пешхизмат шуда кор мекардааст. Ба гуфтаи Х. Холдорзода, ҳамсари  Қурбоналӣ гӯё бо як марди бегона муносибати маҳрамона доштааст.

- Судшаванда Қурбоналӣ Раҳмонов дар бозори ҶДММ "Ҳоҷӣ Шариф”-и шаҳри Бохтар ба мардикорӣ машғул буд, - зикр кард судяи Суди шаҳри Бохтар. - Ду рӯз пеш аз ин ҳодиса Қурбоналӣ ба ҷойи кори ҳамсараш меояд. Ногоҳ дар телефони мобилӣ аз номи Умед занги телефонӣ  мешавад. Шавҳар дарҳол телефонро гирифта гӯш  мекунад. Умед, ки дар бозори мазкур ба фурӯши меваю сабзавот машғул аст, аз Қурбоналӣ саломатии ҳамсараш Бибизиёдамоҳро пурсон мешавад. Сипас,  Қурбоналӣ аз ҳамсараш Бибизиёдамоҳ шарҳи алоқаро пурсон мешавад. Он  замон миёни онҳо муноқиша бармехезад.

Қурбоналӣ баъди бозгашт аз кор ба ошёнаи дуюми бинои сохт-монаш нотамоми деҳқонбозори ҶДММ "Ҳоҷӣ Шариф”, рӯ ба рӯи ошхонаи кории ҳамсараш баромада, кору бори ҳамсарашро мушоҳида мекунад.  Пас аз дамидани субҳи 22 июни соли равон ба ошхона даромада, об нӯшидаасту аз  дохили ошхона кордро  гирифта, бо мақсади аз ҳаёт маҳрум кардани ҳамсараш рафта, ба бадани Бибизиёдамоҳ панҷ корд задааст.

Ҳамин тариқ, Хусрав Холдорзода, судяи Суди шаҳри Бохтар, ҳаракатҳои қасдона ва бераҳмонаи ҷиноятии Қурбоналӣ Раҳмоновро бо моддаи 104, қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии  Тоҷикистон банду  баст намуда, ӯро ба муҳлати 12 сол бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои низомаш пурзӯр равонаи зиндон кард.

 

Ҳасан АБДУРАҲИМЗОДА,

"Хатлон”



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Пушаймонӣ аз рондани мошин дар ҳолати мастӣ

Пушаймонӣ аз рондани мошин дар ҳолати мастӣ

Ҳуқуқу амният
2 бародар 2-солӣ аз озодӣ маҳрум шуданд

2 бародар 2-солӣ аз озодӣ маҳрум шуданд

Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР

Семинар: «дастрасӣ ба иттилооти судӣ»

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният
Бозгашт ба маҳбас

Бозгашт ба маҳбас

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, ҒАЙБУЛЛО ҲАЛИМОВ
Нафси бад - балои ҷон!

Нафси бад - балои ҷон!

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, ЗОКИРҶОН МУРОДОВ