Дар як сатр

Мулоқоти судманд

2-11-2018, 10:26

Дар Паёми Президенти Ҷумҳҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар  таъкид гардидааст, ки Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бояд дар самти  тадбиқи босифату  шаффоф ва саривақтии лоиҳаҳо назоратро ҷиддан ба роҳ монад. Дар  ин баробар, бо мақомоти маҳаллӣ дар фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкорӣ, ташкили ҷойҳои нави кор, фаъол гардонидани сармоягузории хусусӣ низ тадбир андешида, барои ташкили марказҳо ва  курсҳо оид ба баланд  бардоштани маърифати ҳуқуқиву молиявии соҳибкорону тоҷирон, сатҳи касбият ва  малакаи онҳо чораҳои мушаххасро роҳандозӣ намоянд.

Дар вохӯрии намояндагони бахши хусусӣ ва сохторҳои масъули давлатӣ, ки дар шаҳрҳои Бохтар ва Кӯлоб баргузор гашт, атрофи масъалаҳои вобаста ба имтиёзу ҳавасмандкуниҳои андози соҳибкорону сармоягузорон ибрози назар намуданд.

Тавре ки  намояндаи Раёсати  андози вилояти Хатлон  Холназар Маллаев иброз дошт, аз соли 2018 воридоти технологияҳои навтарин барои корхонаҳои дорусозӣ ва таҷҳизоти ҳозиразамони  ташхису табобат аз андоз аз арзиши иловашуда  ва боҷи гумрукӣ озод карда шудаанд. Ҳамчунин, бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ фурӯши беш аз 106 номгӯи чунин молу мавод аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озоданд. Зимни вохӯриҳои мазкур соҳибкорзанон Латифамоҳ Ятимова, Роҳила Ниёзова, Гулсара Абраматова ва дигарон бобати ғамхорию дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии соҳибкорон изҳори сипос намуданд.

ВАХШОНА,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Корҳои ободонӣ вусъат меёбанд

Арсаи кишоварзӣ
Ҳамкориҳои судманд

Ҳамкориҳои судманд

Ҳокимияти давлатӣ
Коргоҳҳои истеҳсолиро бояд афзоиш дод

Коргоҳҳои истеҳсолиро бояд афзоиш дод

Иқтисоду тиҷорат, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ
Мулоқот бо соҳибкорон

Мулоқот бо соҳибкорон

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, АСАЛМО САФАРОВА, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ