Дар як сатр

Курси омӯзишӣ

1-11-2018, 14:23

Яке азпринсипҳои асоси низоми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар моддаи8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» инъикос гардидааст, ин шаффофиятибуҷет мебошад. Албатта, яке аз воситаҳои самараноки шаффофияти буҷет ба роҳ мондани муҳокимаиҷамъиятии буҷа ба ҳисоб меравад. Тавре ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонба Маҷлиси Олӣ бармеояд,амалӣ намудани чорабиниҳо вобаста ба танзими тақсимкунандагони асосиимаблағҳои буҷетӣ имкон медиҳад, ки самаранокии фаъолияти мақомоти давлатӣ беҳтар гардида, назорати истифодаишаффофи молияи давлатӣ ва татбиқи барномаҳои соҳавӣ тақсим карда шавад. Дар ин замина, дар Сарраёсати молияи вилояти Хатлон курси кӯтоҳмуддати омӯзишӣ оид ба низоми иттилоотии ба нақшагирӣ ва иҷроиши буҷетидавлатӣ SGBNET ба роҳмонда шудааст. Барномаи дарсии мазкурдар асоси Стратегияи идоракуниимолияи давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикис-тон барои солҳои 2009 – 2018 таҳия гардидааст. Тавре ки сардори Сарраёсати молияи вилоят Бахтиёр Назарзода иттилоъ дод, аз моҳиапрели соли равон то имрӯз беш аз 60 нафар соҳиби сертификати Донишкадаи молия ва иқтисодиТоҷикистон шудаанд. Курси мазкурдар шароити имрӯза хело зарур буда, барои фаъолияти пурсамари молиявиивазорату идораҳо, муҳосибони муассисаҳои буҷавӣ замина мегузорад. Ба қавли мутахассисон Равшан Юсуфов ва Исфандиёри Нуралӣ, ҳадафи асосии курси кӯттоҳмуддати низоми ит-тилоотии банақшагирӣ ва иҷрои-ши буҷетӣ, дуруст ворид шудан ва бақайдгирии корхонаҳои буҷавӣ ва ташкилотҳои қабулкунандаи маблағ дар барномаи SGBNET ва мувофиқ будани амалиётҳои электронии онҳо ба санадҳои меъёрӣ – ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи молия мебошад. Шунавандагони курс имконпайдо менамоянд, ки доир ба мақсадитартибу усулҳои баҳисобгирии муҳосибӣдар бахши давлатӣтартиб додани ҳисоботҳои молиявӣ дар фаъолияти ташкилоту корхонаҳо дониши мукаммал гиранд. Ҳамчунин аз худ намудани асосҳои назариявии ҳукумати электронӣ, омодаю пешниҳод кардани ахбороти молиявӣ, низоми иттилоотии банақшагирӣ ва иҷроиши буҷети давлатӣ SGBNEТдар соҳаи молиявии ҶумҳурииТоҷикистон низ аз ҳадафҳои курси мазкур маҳсуб меёбад.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Натиҷаи иҷрои буҷети маҳаллӣ назаррас аст

Натиҷаи иҷрои буҷети маҳаллӣ назаррас аст

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат, АСАЛМО САФАРОВА
Натиҷаи иҷрои буҷети маҳаллӣ назаррас аст

Натиҷаи иҷрои буҷети маҳаллӣ назаррас аст

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат, АСАЛМО САФАРОВА
Хатми курси омӯзишии «Духтарони сарвар»

Хатми курси омӯзишии «Духтарони сарвар»

Хабарҳо, Сиёсат, Маориф ва илм, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Ошкорсозии 1,1 млн. сомонӣ зарар

Ошкорсозии 1,1 млн. сомонӣ зарар

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Санҷиши кори 630 муассиса дар як сол

Санҷиши кори 630 муассиса дар як сол

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА