Дар як сатр
» » 79,9%-и сӯхторҳо дар хонаҳои истиқоматӣ рух додааст

79,9%-и сӯхторҳо дар хонаҳои истиқоматӣ рух додааст

6-11-2018, 08:19

Аз тарафи кормандони Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Хатлон дар даҳ моҳи соли 2018-ум дар миқёси вилояти Хатлон 279 ҳодисаи нохуши сӯхтор ба қайд гирифта шудааст. Аз ҳисоби умумии сӯхторҳо 223 адади онҳо дар хонаҳои истиқоматӣ ба амал омадааст.

Бо мақсади пешгирӣ намудани ҳодисаҳои нохуши сӯхтор дар хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон аз тарафи муҳандисон ва нозирони назорати давлатии бехатарӣ аз сӯхтори шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон корҳои фаҳмондадиҳӣ, ташвиқоту тарғибот дар байни аҳолӣ ва дар ҷойҳои ҷамъшавии одамон омӯзиши қоидаҳои одитарини бехатарӣ аз сӯхтор баҳри пешгирии он ва дар вақти рух додани сӯхтор амалва кадом корҳоро ба иҷро расонанд, омӯзонида мешаванд.

Раёсати хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Хатлон доир ба ташкил намудани марҳилаи дуюми чорабинии профилактикӣ – оташнишонии комплексӣ аз рӯи номгӯи рамзи «Муҳофиза», дар иншооти давлатии хоҷагии халқ, манзилҳои истиқоматӣ ва минтақаҳои аҳолинишини шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон санҷишҳо гузаронид.

Бино ба иттилои У. Толибзода, нозири ШНДБС РХДО вилояти Хатлон, сабабҳои асосии сар задани сӯхторҳо ин беаҳамиятӣ зоҳир намудан дар вақти истифодабарии оташ ва беназорат гузоштани он, вайронкунии қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ҳангоми истифодабарии таҷҳизоти барқӣ ва нодуруст васлкунии ноқилҳои барқӣ, нодуруст истифодабарии таҷҳизоти газӣ, печҳо, сандалӣ ва бозии кӯдакон бо оташ мебошад.

Нозири ШНДБС РХДО вилояти Хатлон аз мардум даъват ба амал меорад, ки ҳангоми мушоҳида намудани нишонаҳои сӯхтор ва ба назар расидани он барои хомӯш намудан дарҳол аз воситаҳои асбобу олоти аввалиндараҷаи сӯхторхомӯшкунӣ, ки дар сипари сӯхторнишонӣомода мебошанд, ба монанди оташхомӯшкунакҳо, зарфҳои обпошӣ, бел, чангак, лом, қум ва дигарнамуд истифода бурдан лозим аст.

Комрони БАХТИЁР,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Пахтаро аз оташ ҳифз намоед!

Ҳуқуқу амният
11 ҳазор сомонӣ зарар аз сӯхтори гандумзор

11 ҳазор сомонӣ зарар аз сӯхтори гандумзор

Хабарҳо, КОМРОНИ БАХТИЁР
Омодагии зиддисӯхтор дар сармо

Омодагии зиддисӯхтор дар сармо

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ду сӯхтор дар рӯзҳои ҷашн

Ду сӯхтор дар рӯзҳои ҷашн

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ду сӯхтор дар як рӯз

Ду сӯхтор дар як рӯз

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА