Дар як сатр
» » Фестивал - озмуни ҷумҳуриявии «Андалеб - 2018»

Фестивал - озмуни ҷумҳуриявии «Андалеб - 2018»

5-11-2018, 07:16

Бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018, инчунин 27-умин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дарёфти чеҳраҳои нав бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои кишвар даври дуюми Фестивал –озмуни ҷумҳуриявии телевизионии «Андалеб-2018» идома дорад. Ин навбат ҳайати ҳакамон дар ноҳияи Мир Саид Алии Хамадонӣ маҳоратуистеъдоди ҳунармандон ва ҳаваскорони санъати ин ноҳияро баҳогузорӣ карданд. Фестивал-озмун дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ бо пешниҳоди ҳунарҳои мардумӣ оғоз гардид. Дар ин фестивал - озмун, аслан, ҷавонон ҷалб гардиданд.

Аз рӯи шарти фестивал-озмун ҳайати ҳакамон аз вазъи муассисаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла боғи фарҳангӣ-фароғатӣ дидан карданд. Шиору навиштаҷот, роҳравҳои тахту ҳамвор, нишастгоҳҳо ва майдончаҳои гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ, майдончаҳои дилхушии кӯдакон ва гулу буттаҳо ба ҳакамон писанд омад.

Фестивал- озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халк «Андалеб 2018» аз 16 бахш иборат буда, аҳли ҳунари ҳар як ноҳия кӯшидаанд, то онро дар сатҳибаланд доир намоянд. Хори умумӣ дар иҷрои тарбиятгирандагони мактаби бачагонаи мусиқӣ писанди ҳамагон гардид. Навозиши мусиқии асбобҳои халқӣ таҳти унвони «Навои ваҳдат» ва навозиши оҳанги халқӣ бо асбоби най ҷолибу шуниданӣ буд. Дар иҷрои ҳамаи номераҳои консертӣ ҳаваскорону санъаткорони ноҳия маҳорати волои хешро нишон доданд. Ҳайати ҳакамон «Андалеб»-ро тарғибгари санъати миллии тоҷик муаррифӣ намуданд ва иброз доштанд, ки маҳз дар ҳамин гуна озмунҳо чеҳраҳои нави санъат зуҳур мекунанд. Воқеан ҳам санъаткорони ноҳияи Ҳамадонӣ тавонистанд санъати волои хешро нишон диҳанд ва сазовори баҳои баланд гарданд. Дар бахши намоиши сарулибоси миллӣ, ки мақсад аз он пешгирӣ аз фарҳанги бегонапарастӣ ва ба бар накардани либосҳои бегона мебошад, беш аз 30 намуди либос пешниҳод гардид, ки бо диди нав ва мувофиқ ба расму ойин ва анъанаҳои тоҷикона омода гардида буданд. Фестивал- озмун дар шаҳру ноҳияҳои кишвар идома дорад ва ғолибони даври дуюм ба даври навбатӣ роҳхат гирифта, дар пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе баромад хоҳанд кард.

Ширинҷон Сафарзода



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Темурмалик: «Андалеб-2018» оғоз мегардад

Темурмалик: «Андалеб-2018» оғоз мегардад

Фарҳанг ва адабиёт

Озмуни «Андалеб-2018» оғоз меёбад

Хабарҳо
Кашфи истеъдодҳои нав дар фестивали “Бӯстон-2017”

Кашфи истеъдодҳои нав дар фестивали “Бӯстон-2017”

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Театри Кӯлоб соҳибҷоиза шуд

Театри Кӯлоб соҳибҷоиза шуд

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо
«Парасту-2015» ва 100-солагии Ҳунарпешаи халқии СССР

«Парасту-2015» ва 100-солагии Ҳунарпешаи халқии СССР

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА