Дар як сатр
» » Мебояд сайёҳиро дар вилоят рушд дод

Мебояд сайёҳиро дар вилоят рушд дод

3-11-2018, 12:14

Буҷаи аксари давлатҳои мутараққии ҷаҳон  аз ҳисоби соҳаи сайёҳи ғанӣ мегардад ва ба ин восита таъриху фарҳанги миллати хешро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамоянд. Тоҷикистон бо табиати зебою нотакрор, мавзеъҳои таърихӣ ва фарҳанги бою ғании хеш имкони рушди соҳаи сайёҳиро дорост ва маҳз ба ҳамин хотир дар Паёми навбатии хеш Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд. Дар ҳамин замина, даҳҳо ширкатҳои сайёҳӣ ташкил карда шудаанд ва давоми нуҳ моҳи соли равон хатсайрҳои сайёҳӣ низ дар вилояти Хатлон муайян гардиданд. Дар ноҳияи Балҷувон мутахассисон   баҳри рушди ин соҳа дар вилоят  гирди як миз нишастанд. Гуфта шуд,  ки ноҳияи Балҷувон минтақаи туризми байналмилалӣ мебошад ва имкони хуби рушди соҳаро дорост. Ба ин хотир ташкилоти ҷамъиятии «Субҳи тандурустӣ» бо маблағгузории Фонди глобалии экологӣ лоиҳаи «Туризми экологӣ  як омили рушди маҳал»-ро амалӣ намуда истодааст. Дар  ҷамъомад  роҳбари ташкилоти мазкур Замир Сангов қайд намуд, ки вобаста ба мавзеъҳои таърихӣ, табиати дилфиреб, кӯҳҳои сарбафалаккашида, мавҷудияти ҳайвоноту парандагони нодиру ваҳшӣ ва обҳои шифобахш метавон сайёҳони хориҷиро ба ноҳияи Балҷувон ва ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон ҷалб кард. Дар маҷмӯъ, қайд гардид, ки то ҳол дар минтақаи Кӯлоб ширкатҳои сайёҳӣ нокифояанд ва роҳбаладону мутахассисони забондон намерасанд. Зарурати ташкили хатсайрҳои нав ва ба роҳ мондани сайёҳии кӯҳнавардию табобатӣ ва экологӣ зарур аст. Коршинос Шамсулло Аҳадов иброз дошт, ки бояд таҷрибаи давлатҳои пешрафтаро, ки солҳои тӯлонӣ бо туризм машғуланд, омӯзем ва вобаста ба шароиту имконоти Тоҷикистон, ки хеле васеъ аст, соҳаи сайёҳиро рушд диҳем. Инчунин  илова гардид, ки ҳанӯз ҳам дар вилояти Хатлон ширкатҳои сайёҳӣ ангуштшуморанд ва мебояд дар ноҳияҳои кӯҳистони минтақа, аз ҷумла Муъминободу Шамсиддин Шоҳин, Балҷувону Ховалинг ва Данғараю Темурмалик даҳҳо ширкати навро таъсис диҳем ва хатсайрҳои сайёҳиро зиёд намоем.

Дар охири ҳамоиш фикру андеша ва пешниҳоди иштирокчиён баҳри беҳтар намудани соҳа дар ноҳияи Балҷувон ва шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб иброз гардид.




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ТАЪСИСИ 60 ШИРКАТИ НАВИ САЙЁҲӢ

Хабарҳо
«Туризм воситаи муаррификунандаи фарҳанги миллӣ мебошад»

«Туризм воситаи муаррификунандаи фарҳанги миллӣ мебошад»

Туризм, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ

Дар ҳар ноҳия ду ширкати сайёҳӣ таъсис меёбад

Хабарҳо
ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАСТГИРӢ МЕЁБАД

ИҚДОМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАСТГИРӢ МЕЁБАД

Хабарҳо, Туризм
Балҷувон минтақаи туризми байналмилалист

Балҷувон минтақаи туризми байналмилалист

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш