Дар як сатр
» » Ҳуҷраҳои хатна дар Муъминобод

Ҳуҷраҳои хатна дар Муъминобод

2-11-2018, 10:11

Вобаста ба дастури Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ташкили ҳуҷраҳои алоҳидаи хатна дар марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббии дурдасттарин деҳоти кишвар - дар ноҳияи Муъминобод тадбирҳои амалӣ андешида мешавад. Дар беморхонаи марказии ноҳия бо ташкили чунин як ҳуҷра дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ хатнаи беш аз сад нафар кӯдаконро гузарониданд. Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия низ дар ҳамин замина дар 16 маркази саломатии деҳотӣ ҳуҷраҳои алоҳидаи хатна ҷудо намудааст ва сокинон бе хароҷоти зиёдатӣ ва мушкилот метавонанд фарзандони хешро дар муассисаҳои тиббии деҳа хатна намоянд. Дар маркази саломатии деҳоти Кӯлчашма, ки ба шумораи зиёди аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонад, ҳар ҳафта як рӯзи хатна муайян шудааст. Ба гуфти сардухтури маркази саломатӣ Бобоҷон Баҳромов, ҳафтаи гузашта бо ҷалби ҷарроҳ аз маркази ноҳия хатнаи 50 нафар кӯдакон гузаронида шуд. Барои ҳафтаи оянда бошад, 56 нафар кӯдакон номнавис шудаанд.

Маркази саломатии деҳоти Ҳанатарош ба беш аз 3000 нафар аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонад ва дар ин марказ низ тамоми шароит барои дар ҳолати санитарӣ ва бехатар гузаронидани хатна муҳайё карда шудааст. Дар маҷмӯъ бо кумаки аввалияи тиббӣ - санитарии ноҳия фарзандони ҳамаи муроҷиаткунандагон тариқи ройгон хатна карда шудаанд. Корманди тиббии ноҳия Ганҷалӣ Сайвалӣ мегӯяд, ки баҳри гузаронидани хатнаи кӯдакон дар марказҳои саломатӣ бо аҳолӣ пайваста корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад. Ин аст, ки давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ хатнаи 270 нафар кӯдакон гузаронида шудааст.

Раёсати молияи ноҳия барои таъмир ва таҷҳизонидани ҳуҷраҳои хатна маблағҳои зарурӣ ҷудо намудааст ва то соли нави мелодӣ мақсад доранд, ки ҳамаи ҳуҷраҳои хатнаро ҷавобгӯ ба талаботи имрӯза омода созанд. Ҷарроҳон бошанд, аз рӯйи нақша дар ҳуҷраҳои хатнаи марказҳои саломатӣ бо истифода аз таҷҳизоти муосир хатнаи фарзандони сокинонро тариқи ройгон мегузаронанд.




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Тавсияи ҷарроҳ: «амали хатна бояд то  20-рӯзагии тифл анҷом дода шавад»

Тавсияи ҷарроҳ: «амали хатна бояд то 20-рӯзагии тифл анҷом дода шавад»

Тандурустӣ ва экология, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Азнавсозии 19 муассисаи тиббӣ дар хатлон

Азнавсозии 19 муассисаи тиббӣ дар хатлон

Тандурустӣ ва экология
Беш аз 14 миллион сомонӣ барои  cохтмони муассисаҳои тиббӣ

Беш аз 14 миллион сомонӣ барои cохтмони муассисаҳои тиббӣ

Тандурустӣ ва экология
77 ҳазор сомонӣ барои ҳавасмандгардонии табибон

77 ҳазор сомонӣ барои ҳавасмандгардонии табибон

Тандурустӣ ва экология
Қӯрғонтеппа. Ташхиси ройгони тиббии 3700 нафар

Қӯрғонтеппа. Ташхиси ройгони тиббии 3700 нафар

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА