Дар як сатр
» » Ифтитоҳи 6 иншооти тиббӣ дар ноҳияи Данғара

Ифтитоҳи 6 иншооти тиббӣ дар ноҳияи Данғара

1-11-2018, 09:08

Бо ҷонибдорӣ аз сиёсати бунёдкоронаи роҳбарияти олии мамлакат, сокинони баору номуси ноҳияи Данғара даст ба корҳои ободонию созандагӣ зада, имрӯзҳо бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки Умумиҷаҳонӣ ва ҳиссагузории соҳибкорони маҳаллӣ, дар 17 иншооти тиббӣ корҳои таъмиру азнавсозиро анҷом дода истодаанд. Дар худи ҳамин сол биноҳои 6 муассисаи тиббии навсохта мавриди баҳрабардории умум қарор дода шуд, ки 4 адад бо маблағгузории соҳибкорон ва 2 адад дар Ҷамоатҳои деҳоти Сангтӯда ва Себистон аз ҳисоби Лоиҳаи Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ аз сифр бунёд гардида, бо тамоми дастгоҳу таҷҳизоти муосири ташхисию табобатӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.

Дар ҳудуди ноҳияи Данғара имрӯз 19 Маркази саломатии деҳотӣ 39 бунгоҳи тиббӣ ва 1 маркази саломатии ноҳиявии мавҷуда, марҳила ба марҳила шароити кору хизматрасониашон беҳтар ва муассисаи тиббие, ки дар ҷойҳои ғайримуқаррарӣ, яъне вагону мактаб ва хонаҳои истиқоматӣ ҷойгир карда шуда буданд, бо биноҳои алоҳидаи тозабунёд таъмин гардидаанд.

Маросими кушодашавии иншоотҳои нави тиббӣ бо иштироки вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода, вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Нуриддин Саид, муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода, масъулини ноҳия, сокинон ва дигар меҳмонони расмӣ сурат гирифта, аз наздик бо сатҳу сифати корҳои сохтмонии анҷомёфта ва шароити мавҷуда ошноӣ пайдо намуданд. Чуноне ки роҳбарияти вазорати тандурустӣ зимни баромади табрикотии хеш иброз намуданд, сохташавии иншоотҳои нави тиббӣ дар деҳкадаҳои дурдаст хеле муҳим буда, бо ин васила метавон ҳам афзоиши бемориҳои гуногунро дар сатҳи маҳал пешгирӣ намуд ва ҳам мардумро аз ташвишу харҷҳои зиёдатӣ, ки аксаран баҳри шифоёбии худ ба маркази ноҳия ё дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ раҳсипор мегардиданд, раҳоӣ бахшид.

Бар замми ин, дар ноҳияи Данғара сохтмони асосии 2 маркази саломатии деҳотии дигар дар Ҷамоатҳои деҳоти «Корез» ва «Лоҳур» аз ҳисоби маблағҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Умумиҷаҳонӣ бо сатҳу сифати баланд идома дошта, соли 2019-ум ба истифода дода мешавад. Биноҳои навбунёд ҳам бо тамоми дастгоҳу таҷҳизоти муосири тиббӣ муҷаҳҳаз гардида, умед аст, ки барои беҳтару хубтар гаштани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мусоидат хоҳад кард.

 

Қурбоналӣ Қурбонов



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Азнавсозии 19 муассисаи тиббӣ дар хатлон

Азнавсозии 19 муассисаи тиббӣ дар хатлон

Тандурустӣ ва экология
Беш аз 14 миллион сомонӣ барои  cохтмони муассисаҳои тиббӣ

Беш аз 14 миллион сомонӣ барои cохтмони муассисаҳои тиббӣ

Тандурустӣ ва экология
77 ҳазор сомонӣ барои ҳавасмандгардонии табибон

77 ҳазор сомонӣ барои ҳавасмандгардонии табибон

Тандурустӣ ва экология
Азнавсозии 19 муассисаи тиббӣ дар Хатлон

Азнавсозии 19 муассисаи тиббӣ дар Хатлон

Тандурустӣ ва экология
Сифати кори табибонро мардум баҳо медиҳад

Сифати кори табибонро мардум баҳо медиҳад

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, Номаҳои Шумо