Дар як сатр
» » ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ОМИЛИ МУАРРИФИИ МИЛЛАТ

ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ОМИЛИ МУАРРИФИИ МИЛЛАТ

1-11-2018, 14:36

ТАШАББУСҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ОМИЛИ МУАРРИФИИ МИЛЛАТ

Ташаббусҳои созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи байналмилалӣ зиёд аст. Тоҷикистон ва Эмомалӣ Раҳмонро дар сатҳи минтақавию байналмилалӣ ҳамчун кишвар ва шахси ташаббускор мешиносанд ва эътироф мекунанд.

 

Нахустин ташаббуси сатҳи байналмилалии Тоҷикистон, ки таҳти роҳбарии бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст, пешниҳоди  Соли оби тоза эълон кардани соли 2003 мебошад, ки дар иҷлосияи 54-уми Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид ироа гардид ва 20 сентябри соли 2000 иҷлосияи навбатии СММ соли 2003-ро «Соли оби тоза» эълон намуд.

Ташаббуси дигаре, ки аз тарафи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт, ин пешниҳоди Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» буд, ки дар форуми байналмилалӣ оид ба об 29 август-1 сентябри соли 2003 дар шаҳри Душанбе садо дод. Ин пешниҳоди навбатии Тоҷикистон 23 декабри соли 2003 бо қабули қатъномаи дахлдори Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шуд ва солҳои 2005-2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт эълон гардид.

Ташаббуси дигари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ роҷеъ ба ҳамкорӣ дар соҳаи об мебошад, ки 20 декабри соли 2010 аз ҷониби СММ бо қабули қатънома пазируфта шуд. Соли 2013 «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» эълон гардид.

Ташаббуси чоруми Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ, ки таҳти роҳбарии Пешвои миллат сурат гирифт, ин Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» мебошад, ки дар Форуми ҷаҳонии об рӯзҳои 12-17 апрели соли 2015 дар Ҷумҳурии Корея пешниҳод шуда буд. 21 декабри соли 2016 қатъномаи дахлдори Маҷмааи умумии СММ қабул гардида, Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» пазируфта шуд.

Ташаббуси навбатии Тоҷикистон оид ба таъмин намудани кишварҳои Осиёи Марказӣ бо оби тоза тавассути таъсис додани Консортсиуми байналмилалӣ доир ба истифодаи оби кӯли Сарез аст.

Ташаббусҳои Эмомалӣ Раҳмон танҳо марбут ба об набуда, балки дар дигар самтҳо низ мавҷуданд. Ташаббусе, ки аз тарафи Тоҷикистон пешниҳод гардид, вобаста ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар конфронсҳо ва Форумҳои сатҳи байналмилалӣ баромад намуда, доир ба таъсиси Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо пешниҳод овардааст. Инчунин оид ба ҳалли масъалаҳои амниятӣ, мубориза бо терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таъсис додани маркази минтақавӣ оид ба масъалаи минаҳо аз ҷумла пешниҳодҳои Пешвои миллат мебошад.

Ин ҳама кӯшишу ғайрат, азму талош барои бунёди Тоҷикистони ободу сарсабз ва рӯзгори ободу осудаи мардум ба халқи Тоҷикистон ҳамвора рӯҳу илҳоми тоза мебахшад ва барои пешрафти минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маҷмӯъ, барои баланд шудани сатҳи рӯзгору некуаҳволии мардуми мамлакат ҳамаҷониба мусоидат мекунад.

Хидматҳои беназири Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инчунин дар роҳи барпо кардани сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, пойдор ва устувор намудани пояҳои давлатдории миллӣ бо таваҷҷуҳ ба гузаштаи пурифтихор, ҳифз кардани тамомияти арзӣ ва таъмини ягонагии халқи Тоҷикистон новобаста аз миллату нажод, забон ва дину ойин муҳим ва қобили мулоҳиза арзёбӣ мешавад.

Ҷойи ҳеҷ шакку шубҳа нест, ки Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбариву раҳнамоии хирадмандона, кору пайкори ҷавонмардона ва иқдому амалҳои ибратбахши созандаю омӯзанда ва бунёдкоронааш Тоҷикистони тозаистиқлоли ба гирдоби ҷанги дохилӣ мубталошудаи моро аз ин вартаи фалокат берун кашид ва бо меҳнату заҳмати пайвастаи бедареғ, хизмати софдилонаи шабонарӯзӣ ба нафъи халқу Ватан, истиқлолияти воқеиро дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа таъмин намуд. Яъне Тоҷикистонро аз таназзул ба таҳаввул, аз таҳаввул ба ташаккул ва аз ташаккул ба тараққиёту тавоноӣ раҳнамун карда истодааст. Ин бе мустаҳакам намудани пояҳои иқтисодии давлат ғайриимкон аст. Пешвои миллат бо дарки ин масъала аз ибтидо барои ба ин мақсад расидан се ҳадафи стратегиро, ки аз таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ иборат мебошад ва рушди устувори Тоҷикистонро таъмин мекунад, ба роҳбарӣ гирифта, барои амалигардонии он ҷидду ҷаҳд намуда истодааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои расидан ба истиқлолияти энергетикии кишвар корҳои назаррасе анҷом додааст. Қобили қайд аст, ки бо ба истифода додани нерӯгоҳҳои хурду миёна ва бузург, гузаштани корхонаҳои саноатии кишвар аз барқу газ ба ангишти ватанӣ ва ба кор даромадани маркази обу гармидиҳии Душанбе-1 ва 2 шурӯъ аз моҳи январи соли 2017 дар мамлакат реҷаи интиқоли барқ бардошта шуд, ки ин такони ҷиддӣ дар роҳи расидан ба ҳадафҳои стратегии кишвар мебошад.

Боиси ёдоварист, ки бо ба кор даромадани нерӯгоҳи барқии «Роғун» Тоҷикистон ба истиқлолияти энергетикии худ даст ёфта, ба як кишвари содиркунандаи барқ табдил меёбад.

Ҳадафи дигаре, ки Президенти кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доранд, ин аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадани мамлакат мебошад, ки сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингард, нақбҳо, пулҳо, роҳҳои оҳан, фурудгоҳҳо ва дигар инфрасохтори нақлиётии ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалиро пешбинӣ мекунад. Барои расидан ба ин ҳадаф корҳои зиёде анҷом шудааст, аз қабили сохтмони нақбҳои мошингарди «Шаршар», «Хатлон», «Шаҳристон» ва «Истиқлол», таҷдиди роҳҳои мошингарди «Душанбе-Бӯстон-Чаноқ», «Душанбе - Нуробод - Ҷиргатол - Саритош», «Душанбе-Данғара», Қӯрғонтеппа-Дӯстӣ, Кӯлоб-Қалъаи Хумб-Хоруғ-Қулма ва ба истифода додани панҷ пули мошингузар дар болои дарёи Панҷ ва ғайра, инчунин татбиқи чандин лоиҳаи дигар идома дорад, ки дар сурати татбиқи онҳо кишварро аз як мамлакати дар бунбаст қарордошта ба кишвари транзитӣ табдил медиҳад.

Таъмини амнияти озуқавории ҷумҳурӣ яке аз ҳадафҳои дигари стратегии мамлакат буда, барои ба ин мақсад расидан давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарӣ ва ҳидоятҳои хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои муассире андешида истодааст.

Тавре Президенти мамлакат зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд: «пешрафти истеҳсолоти кишоварзӣ омили муҳимтарини таъмини амнияти озуқавории мамлакат мебошад... Мо амнияти озуқавории кишварро танҳо дар сурате таъмин карда метавонем, ки истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии худиро ҳарчи бештар афзоиш дода, аз маводи ғизоии воридотӣ камтар вобаста бошем». Ба ин хотир, дар дохили кишвар корхонаҳои истеҳсоливу саноатии хурду миёнаи воридот ивазкунанда сохта шуда, вобастагии кишварро аз воридоти молҳои беруна кам намуда истодааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғози роҳбариаш бо масъулияти бардӯшгирифтааш ба ҷаҳониён нишон додааст, ки ҳамчун сиёсатмадори муқтадир, роҳбари дурбин, хоксор, мардумӣ тамоми масоилро ба хубӣ дарк намуда, бо пешниҳодҳои худ, ташабускорӣ ва созандагӣ нишон дода, баҳри иҷрои онҳо камари ҳиммат бастааст. Истеъдоди фавқулодаи давлатдорӣ, маҳорати камназири сиёсатмадорӣ ва ҷидду ҷаҳди хастагинопазири пайвастаи ӯ барои расидан ба ин ҳадафҳои стратегии мамлакат мусоидат намуда, барои тадриҷан ба давлати мутараққиву тавоно табдил ёфтани Тоҷикистон замина фароҳам меоварад.

Фазлиддин Маҳмадраҳимзода,

магистранти Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои байналмилалии вобаста ба об пешоҳанг аст

Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои байналмилалии вобаста ба об пешоҳанг аст

Арсаи кишоварзӣ
Роҳнамо ба сӯйи фардо

Роҳнамо ба сӯйи фардо

Номаҳои Шумо
Мушкилоти глобалии истифодаи об  ва ташаббуси навбатии Тоҷикистон

Мушкилоти глобалии истифодаи об ва ташаббуси навбатии Тоҷикистон

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, Номаҳои Шумо
Ҳамоиши дастгирии даҳсолаи байналмилалии амал  «Об барои рушди устувор» дар ...

Ҳамоиши дастгирии даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» дар ...

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Бе об ҳаёт нест

Бе об ҳаёт нест

Ҳаёти иҷтимоӣ, Тандурустӣ ва экология, Матолиби чандрасонаӣ