Дар як сатр
» » Тоҷикам, тоҷикзабонам

Тоҷикам, тоҷикзабонам

3-11-2018, 14:31

Дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳри Норак дар баробари аҳолии маҳаллӣ сокинони дигар навоҳии кишвар аҳлона кору фаъолият намуда истодаанд.

Айни замон, дар гимназияи давлатии №1-и ба номи Абдуллоҳи Алии шаҳр 12 нафар омӯзгорони бадахшонӣ кор ва фаъолият менамоянд.

Мардуми маҳаллӣ нисбати мо муомилаи хуб доранд. Онҳо моро ба тӯю маъракаҳо даъват менамоянд. Мо низ дар ғаму шодии онҳо шарикем. Гарчанде ки волидайни мо аз ВМКБ бошанд ҳам, бештари мо зодаи шаҳри Норак ҳастем. Дар ҳамин ҷо ба воя расида, бо мардуми маҳаллӣ оила барпо намуда, соҳиби фарзандон ҳастем.

Муносибатамон бо ҳамкорон, ҳамсоягон хеле хуб аст. Мо худро аз корҳои ободонӣ ва ҷамъиятӣ ҳеҷ гоҳ дур намегирем.

Сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, онро сармашқи кори худ намудаем.

Бо мақсади пешгирии ғайриқонунӣистифодабарии силоҳи оташфишон, қочоқ, интиқол ва истифодаи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои хусусияти экстремистиву мазҳабӣ дошта, дар Бадахшон Ситоди ҷумҳуриявӣ бо сарварии Раиси Кумитаи давлатии амнияти милии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуда, ҷаласаи якмоҳинаи ин ситод санаи 19.10.2018 тавассути телевизиони якуми Тоҷикистон намоиш дода шуд. Дар ҷаласаи ситод ҳисоботи сардори кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов дар бораи вазъи сиёсӣ ва иҷтимоии минтақа ва ҳамчунин фаъолияти ситоди мазкур шунида шуд.

Мо қонуншиканиҳое, ки дар ВМКБ аз ҷониби гурӯҳҳои ҷиноятпеша содир гардидаанд, маҳкум менамоем.

Ҳоҳони онем, ки ҳамеша дар ҷумҳуриямон сулҳу амонӣ пойдор бошад.

Яке гӯяд, ки аз Боми Ҷаҳонам,

Дигар гӯяд, ки аз Хатлонмаконам,

Зи ман пурсанд, ки кистӣ, аз куҷоӣ?

Бигӯям, тоҷикам, тоҷикзабонам!

 

Н. Фароғатзода

Л. Фароғатзода

Р. Ҷалолова

У. Қаландарбекова

З. Хушачинова

М. Хушачинова

М. Шакармамадова

Б. Хушвахтова

У. Чоршанбиева

Н. Танибекова

А. Бекназарова

Ҷ. Файзуллоев



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Зиндагии шоиста бидуни силоҳи оташфишон

Номаҳои Шумо

Маросими савгандёдкунии саркардаи гурӯҳҳои мутташакили ҷиноятии шаҳри Хоруғ

Хабарҳо

Гузориши муфассал аз ҷаласаи Ситоди байниидоравии Вилояти Мухтори Кӯҳистони ...

Хабарҳо, Сиёсат

ВАЗЪИЯТ ДАР ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН. Дирӯз дар маҷлиси фаъолони ...

Хабарҳо

Изҳороти Ситоди байниидоравии таъмини амният дар Вилояти мухтори кӯҳистони ...

Хабарҳо