Дар як сатр
» » Худкардаро даъво нест….

Худкардаро даъво нест….

2-11-2018, 10:24

Ҳар як шахс оиди амоли нек ё бадаш бояд ҳисоботдиҳанда бошад ва пеш аз он, ки чӣ амалеро иҷро мекунад, бояд ақлро кор фармуда андешаи чуқур намояд, ки оқибати кори ӯ бо чӣ анҷом меёбад.Умри инсон ба монанди кишту кори деҳқон аст.Агар деҳқон дар замин хуб меҳнат кунад, ҳосили хуб ба даст ораду ризқи ӯ зиёд мегардад ва агар дар замин хуб меҳнат накунад, оқибат зарба ба ризқу зиндагии ӯ мегардад.дар зиндагии инсоният низ шахсонеро вохурдан мумкин аст, ки аз нооромиҳо истифода бурда ба қавле худашон шоҳ ва таъбашон вазир ҳисобида даст ба амоли бад зада андеша намекунанд, ки ин амалҳои зишти онҳо рӯзе саволу ҷавоби худро дорад. Дар шабакаҳои интернети маводе бо номи «Лидерони Бадахшон хостори мулоқот бо Президент шудаанд» . паҳн гардид, ки гӯё чаҳор нафар аз лидерон ё раҳбарони ғайрирасмии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Толиб Айёмбеков, Ёдгор Мамадасламов, Мунаввар Шанбиев ва Зоир Раҷабов – бо дархости мулоқот бо президенти Тоҷикистон аз Хоруғ ба Душанбе омадаанд ва гӯё ҳадафи онҳо мулоқоти боз ва рӯ ба рӯ бо раиси ҷумҳур дар бораи вазъи кунунии Хоруғ аст. Дар мулоқот бо мардуми Хоруғ нисбат ба лидерон ҳарфҳои ноҷо рафта ва номашон "сиёҳ" карда шудааст. Инҳо мехоҳанд, собит кунанд, ки дар асл чунин нест." Кас дар ҳайрат мемонад, ки ин шахсон паҳн кардани чунин хабарҳои бардурӯғ ба манфиати кист. Маводҳое, нисбати саркардагони роҳбарони ғайрирасмии Бадахшон аз тарафи сохторҳои қудратии мамалакатамон чамъ оварда шудааст, бас нест, ки боз агар ба шарте, ки ин гап рост бошад, ин ашхосон барои худсафедкунӣ ба Душанбе омада бошанд. Қаблан мақомоти интизомии Тоҷикистон раҳбарони ғайрирасмии вилояти мухтори куҳистони Бадахшонро ҳафт нафар ва "саркардаҳои гуруҳҳои ҷиноӣ” дар Хоруғ эълон карда буданд.

Рӯзи 22-юми октябр расман ба онҳо огоҳинома супурда шудааст, ки аз авбошиву таҳқири намояндаи ҳукумат, "сходка” ва қочоқи силоҳу маводи мухаддир даст кашанд, "вагарна нисбат ба онҳо аз чораҳои ҳуқуқӣ кор гирифта хоҳад шуд”. Ва онҳо хуб медонанд, ки дар ҳолати даст задан ба амалҳои номатлуб онҳо ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Лекин ба фикри банда ин дурӯғи маҳз аз тарафи душманони миллати миллат боз як найрангии навбатии онҳо мебошад ва бо ин роҳ боз мехоҳанд, ки вазъи ороми кишварро халалдор намоянд. Ба душманони миллати гуфтани ҳастем, ки аз пашша фил насозанд.Онҳо фикр намекунанд, ки халқи тоҷик як роҳбар ё як лидер дорад, ки барои пешравию гулгулшукуфии Ватани азиз мо шабу рӯз заҳмату меҳнати зиёд намудаасту самари онро мо ҳамарӯза мебинем ва ин ҳам бошад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

 

Нарсов Исломиддин Мудири шуъбаи морифи ноҳияи Ёвон




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ФАВРӢ: Ахбор.ком дурӯғгӯ аст ва падари ҳамаи дурӯғгӯён аст

Хабарҳо, Сиёсат

Маросими савгандёдкунии саркардаи гурӯҳҳои мутташакили ҷиноятии шаҳри Хоруғ ...

Хабарҳо

Маросими савгандёдкунии саркардаи гурӯҳҳои мутташакили ҷиноятии шаҳри Хоруғ

Хабарҳо

Маросими савгандёдкунии саркардаи гурӯҳҳои мутташакили ҷиноятии шаҳри Хоруғ

Хабарҳо

Маросими савгандёдкунии саркардаи гурӯҳҳои мутташакили ҷиноятии шаҳри Хоруғ

Хабарҳо