Дар як сатр
» » Сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Хуросон

Сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Хуросон

9-08-2017, 09:35

Сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Хуросон


Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати шиносоӣ бо вазъи зисту зиндагии сокинон ва фаъолияти барзгарон ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Мардуми сарбаланди ин ноҳия муҳаббат ва самимияти худро нисбат ба Пешвои муаззами миллат ба воситаи барномаи вижаи фарҳангӣ, ки ба хотири истиқболи арзандаи Сарвари давлат дар фурудгоҳи муваққатӣ доир шуд, баён намуданд.

Сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Хуросон

Сарвари давлат дар ноҳияи Хуросон нахуст бо ҷараёни кишти такрорӣ дар Хоҷагии деҳқонии ба номи “Бобои Сайфиддин”-и Ҷамоати деҳоти "Садриддин Айнӣ" шинос гардиданд. Хоҷагии мазкур 10 гектар замини обиро дар ихтиёр дорад, ки дар майдони 0,30 гектари он пас аз гирифтани ҳосили якум аз гандум дигар зироату сабзавот, аз ҷумла карам, сабзӣ ва қулфинай такроран кошта шудааст.

Сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Хуросон

Иттилоъ дода шуд, ки имсол барзгарони ин хоҷагӣ аз ҳамаи навъҳои маҳсулоти кишоварзӣ ҳосили дилхоҳ ба даст оварданд. Аз ҷумла, дар ноҳия деҳқонон аз як гектар замини обӣ то 52 сентнерӣ ҳосили гандум рӯёндаанд. Дар маҷмўъ дар миқёси ноҳияи Хуросон аз майдони умумии 4 ҳазору 975 гектар замин 17 ҳазору 550 тонна ҳосили гандум ғундошта шудааст.

Пешвои миллат дар ин хоҷагӣ бо вазъи пахтакорӣ низ шинос шуда, мавсими имсолаи ғунучини пахтаро расман оғоз бахшиданд. Иттилоъ дода шуд, ки соли дуюм аст дар ин хоҷагӣ дар майдони 5 гектар пахтаи навъи "Хатлон-2014" кишт мегардад, зеро он ба иқлими ин минтақа мутобиқ буда, деҳқонон аз ҳар як гектар замини кишт аз 40 то 50 сентнерӣ ҳосил мегиранд. Тибқи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Хуросон майдони пахтазор сол аз сол васеъ шуда, соли ҷорӣ дар ҳамаи ҳоҷагиҳои деҳқонии ноҳия дар майдони умумии 4 ҳазору 330 гектар пахта кишт шудааст.

Сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Хуросон

Дар назди заминҳои хоҷагиҳои деҳқонии Ҷамоати деҳоти ба номи "Садриддин Айнӣ" намоиши дастранҷи деҳқонон, маҳсули дасти ҳунармандон ва дастовардҳои соҳаи саноати ноҳияи Хуросон ба маърази дид гузошта шуд. Дар саҳни намоиш Сарвари давлатро кадбонуҳои чирадасти ноҳия бо нонҳои боллазати тоҷикӣ, ки аз орди гандуми маҳаллӣ омода шудаанд, пешвоз гирифтанд. Дар намоиш инчунин дигар хӯрокҳои миллӣ ва маҳсулоти қаннодӣ ба маърази тамошо гузошта шуданд. 22 намуди меваи хушсифати содиротӣ, ба монанди себ, ангур, олу, бодом, нок, биҳӣ ва шафтолу, ки ҳамаи ин маҳсулоти кишоварзӣ дар Хоҷагии фермерии ба номи "Асадулло" парвариш карда мешаванд, ба намоиш гузошта шуда буд.

Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки масоҳати умумии боғҳои хоҷагии мазкур ба 2 ҳазор гектар расонида шудааст, ки дар он 17 намуди дарахтони мевадиҳанда парвариш карда мешавад. Дар хоҷагии мазкур дар масоҳати 130 гектар боғи интенсивӣ бунёд шудааст, ки дар он 14 навъи себи содиротӣ парвариш меёбад.

Сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Хуросон

Сарвари давлат ҳангоми суҳбат бо хоҷагидорон иброз намуданд, ки аз ноҳияи Хуросон ба давлатҳои хориҷӣ ба ғайр аз меваю сабзавоти тоза, инчунин маҳсулоти консервашуда низ бояд содирот гарданд. Аз ин хотир масъалаи ташкили корхонаҳои коркарди меваю сабзавот дар миқёси ноҳия дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, дар фурсатҳои кӯтоҳ бояд сурат бигирад.

Маҳсулоти аз шир истеҳсолшаванда дар ин намоишгоҳ аз ҷониби Хоҷагии зотпарварии "Саодат" пешниҳод гардидааст. Айни ҳол дар фермаи ин хоҷагӣ зиёда аз 560 сар гови ширдеҳи зоти "Сементал" ва "Голдштейн" парвариш карда мешаванд. Дар корхонаи коркарди шири "Саодат" зиёда аз 4 намуди маҳсулоти ширӣ истеҳсол мешавад.

Сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Хуросон

Пешвои миллат аз пешрафти соҳаи кишоварзӣ ва заҳмати шабонарӯзии барзгарон изҳори хушнудӣ карда, иброз намуданд, ки мардуми меҳнатқарини ноҳияи Хуросон бо меҳнати софдилона ва содиқона дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва ғанӣ гардонидани дастархони аҳолии кишвар саҳми арзанда мегузоранд.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон

Сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ
Сафари кории Роҳбари давлат ба ноҳияи Шаҳритус

Сафари кории Роҳбари давлат ба ноҳияи Шаҳритус

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ
Сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Қубодиён

Сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Қубодиён

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ
Иштирок дар ярмаркаи фурӯши чорво ва маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон

Иштирок дар ярмаркаи фурӯши чорво ва маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ
Бунёди боғи ба номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат дар ноҳи ...

Бунёди боғи ба номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат дар ноҳи ...

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо