Дар як сатр
» » Маҳви доруҳои пастсифату куҳна дар Кӯлоб

Маҳви доруҳои пастсифату куҳна дар Кӯлоб

14-01-2015, 20:36

Маҳви доруҳои пастсифату куҳна дар Кӯлоб


Дар шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоб айни ҳол 231 дорухона ва 3 корхона оид ба коркард ва истеҳсоли маводи доруворӣ фаъолият доранд.

Тавре ки аз Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ дар минтақаи Кӯлоб ба рӯзномаи «Хатлон» иттилоъ доданд, бо мақсади пешгирӣ аз фурӯшу истифодаи маводи дорувории пастсифат ва муҳлати истифодаашон гузашта дар дорухона ва муассисаҳои табобатию профилактикӣ санҷишҳо доир шуда, беш аз 70 ҳазор адад маводи доруворӣ мусодира гардид. «Мутахассисони ниҳоди мо дар маҷмӯъ 919 номгӯйи маводи дорувориро, ки маблағи он 91 ҳазору 338 сомониро ташкил медиҳад, аз фурӯш боз дошта, нобуд карданд», - зикр кард манбаъ.

Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ дар минтақаи Кӯлоб дар соли гузашта барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ба мудирони 9 дорухона, 21 муассисаи табобатӣ ва 33 дӯкони фурӯши маводи ороишӣ 63 амрнома пешниҳод кардааст.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Сӯзонидане, ки ба манфиати мардум буд

Сӯзонидане, ки ба манфиати мардум буд

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, ЗОКИРҶОН МУРОДОВ
Боздошти шаҳрванди ҶИА бо 41 кг маводи мухаддир

Боздошти шаҳрванди ҶИА бо 41 кг маводи мухаддир

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Дорусозони Хатлон хайр карданд

Дорусозони Хатлон хайр карданд

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология
Аз муомилот берун овардани беш аз 2 тонна маводи нашъадор

Аз муомилот берун овардани беш аз 2 тонна маводи нашъадор

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Мусодира ва маҳви 110 ҳазор фитаи филмҳои пастсифат

Мусодира ва маҳви 110 ҳазор фитаи филмҳои пастсифат

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА