Дар як сатр
» » Н. Маҳмудзода: “Муроҷиати шаҳрвандон бояд сари вақт баррасӣ шаванд”

Н. Маҳмудзода: “Муроҷиати шаҳрвандон бояд сари вақт баррасӣ шаванд”

3-08-2017, 09:30

Н. Маҳмудзода: “Муроҷиати шаҳрвандон бояд сари вақт баррасӣ шаванд”


Прокуратураи вилояти Хатлонро саривақт баррасӣ нашудани муроҷиати шаҳрвандон аз ҷониби баъзе масъулони мақомоти маҳаллии идораи давлатӣ ва бемасъулиятии онон дар ҳаллу фасли мушкилоти шаҳрвандон нигарон кардааст.

Насрулло Маҳмудзода, прокурори вилояти Хатлон, зимни нишасти хабариаш дар посух ба саволи рӯзномаи “Хатлон” дар мавриди саҳлангории иддае аз роҳбарони сатҳи маҳал дар баррасии муроҷиати шаҳрвандон, гуфт, ки бо ҳамин мазмун аз ҷониби сокинони вилоят ба мақомоти прокуратура шикоятҳо расидаанд. “Барои саривақт баррасӣ накардани муроҷиати шаҳрвандон 13 парвандаи ҷиноятӣ ифтитоҳ шудааст. Ҳолатҳое ҳам ошкор гардидаанд, ки муроҷиати шаҳрванд зиёда аз 9 моҳ, то як сол беҷавоб мондааст. Ин хилофи қонун аст. Бештар аз кори ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, идораҳои замин шикоят мекунанд. Шояд аз ҳамин сабаб аст, ки шаҳрвандон ба мақомоти болоии ҳокимияти давлатӣ, то дастгоҳи иҷроияи Президент ва Ҳукумати кишвар муроҷиат мекунанд”, - афзуд прокурори вилоят.

Дар робита ба ин, барои ба таври бояд баррасӣ нашуда муроҷиати шаҳрвандон бо пешниҳоди мақомоти прокуратура дар вилояти Хатлон 149 нафари масъул аз вазифаҳояшон барканор карда шудаанд.

Насрулло Маҳмудзода ҳамчунин иттилоъ дод, ки мизони ҷиноятҳои қаллобӣ, роҳзанӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар дар вилоят коҳиш ёфта, шумораи ҷиноятҳои вазнин ва садамаҳои нақлиётӣ дар муқоиса бо соли гузашта афзудааст.

Дар давоми нимаи якуми соли 2017 дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 167 ҳолати вайронкунии муқаррароти Қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ошкор гардида, нисбати 83 нафар маводҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст.
Прокурори вилоят дар идома гуфт, ки дар нимаи якуми сол 89 ҳолати худкушӣ ва сӯйиқасд ба худкушӣ ба қайд гирифта шуда, бо иттиҳоми расонидан ба худкушӣ 9 парвандаи ҷиноятӣ ифтитоҳ ёфтааст.

Ҷинояткорӣ миёни нобо-лиғон, тибқи таҳлилҳои прокуратура, дар вилояти Хатлон имсол бамаротиб коҳиш ёфтааст (65 ҷиноят).
Ба қавли Н. Маҳмудзода, вобаста ба ҷиноятҳои ифротгароӣ 15 кори ҷиноятӣ нисбат ба 17 нафар ва як парвандаи ҷиноятӣ оид ба терроризм оғоз карда шудааст.

Носирҷон МАЪМУРЗОДА,
“Хатлон”



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Сатҳи ҷинояткорӣ коҳиш ёфт

Сатҳи ҷинояткорӣ коҳиш ёфт

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР
61 эътирози мардум ба  қарорҳои раисони шаҳру навоҳӣ

61 эътирози мардум ба қарорҳои раисони шаҳру навоҳӣ

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР
88,5%-и ҷиноятҳо ошкор шуданд

88,5%-и ҷиноятҳо ошкор шуданд

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР
60%-и кормандони прокуратура иҷоранишинанд

60%-и кормандони прокуратура иҷоранишинанд

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Ифтитоҳи 43 парванда вобаста ба ҷиноятҳои ифротгароӣ

Ифтитоҳи 43 парванда вобаста ба ҷиноятҳои ифротгароӣ

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА