Дар як сатр
» » Зиндагии шоиста аз меҳнати ҳалол аст

Зиндагии шоиста аз меҳнати ҳалол аст

3-08-2017, 09:09

Зиндагии шоиста аз меҳнати ҳалол аст


Зимни нишасти матбуотии раиси ноҳияи Вахш Шарбатулло Азизулло кормандони васоити ахбори омма бештар ба фаъолияти соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Тавре ки таъкид гардид, дар нимсолаи аввал нақшаи қисми даромади буҷети давлатӣ 100 фисад таъмин гашт. Дар ин давра ҳаҷми умумии маҳсулот беш аз 257 миллион сомониро дар бар гирифт, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригардида 20 миллион сомонӣ зиёд аст. Дар ноҳияи Вахш дар давраи ҳисоботӣ 700 адад ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шудааст. Ба иттилои раиси ноҳия, дурнамои содироти маҳсулоти хоҷагии қишлоқ барзиёд таъмин гардид. Баҳри рушд ва тараққиёти иқтисодиёт, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ дар хоҷагиҳои ҷамъиятӣ ва деҳқонӣ дар майдони 16695 гектар кишти зироатҳои гуногуни кишоварзӣ гузаронида шуд.

Барои фароҳам овардани шароити таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ноҳия низ як қатор корҳо ба анҷом расонида шуд. Тибқи Барномаи давлатии сохтмону азнавсозии муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 сохтмони муассисаҳои №47 ва 48 дар назар аст. Ҳамчунин, дар муассисаи таълимии №21 аз ҷониби Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон корҳои сохтмон оғоз гардид.

Раиси ноҳия Шарбатулло Азизулло доир ба фаъолияти соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия тайи шаш моҳи соли равон маълумот дода, ба суолҳои хабарнигорон посухҳои қаноатбахш дод.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Комёбиҳои назарраси кишоварзон

Комёбиҳои назарраси кишоварзон

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Д. Гулмаҳмадзода: “Саҳми ВАО дар рушди ҷомеа бузург аст”

Д. Гулмаҳмадзода: “Саҳми ВАО дар рушди ҷомеа бузург аст”

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Иқтисоду тиҷорат, АСАЛМО САФАРОВА
Рӯ ҷониби тараққиёт

Рӯ ҷониби тараққиёт

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ, Номаҳои Шумо
Барои рушди ноҳия 155 лоиҳа пешниҳод гардид
Раиси нохияи Панҷ Сайфуддинзода Маҳмадюнус Кабут дар оғози нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки вохӯриҳои қаблӣ бо намояндагони васоити ахбори омма дар пешрафти кору фаъолият, ҳалли масоили иҷтимоӣ-иқтисодии меҳнаткашони ноҳия кумаки зиёд расониданд. Аз ҷумла ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар зарфи як сол ба 676 млн сомонӣ, аз ҷумла кишоварзӣ ба 460,9 млн сомонӣ, саноат 61 млн 480 ҳазор сомонӣ, хизматрасонии пулакӣ 47,7 млн сомонӣ ва гардиши моли чакана ба 106 млн сомонӣ расонида шуд. Нисбати ҳамин давраи соли гузашта дар соҳаҳои саноат 17,9 %, кишоварзӣ 5,1, савдо 12,1% ва хизматрасонӣ 15%-ро ташкил дод. Музди миёнаи кормандони тамоми соҳаҳо зиёда аз 612,04 сомониро ташкил мекунад, ки нисбати соли гузашта 6,1 фоиз зиёд аст. Чуноне раиси ноҳия зикр дошт, яке аз масоиле, ки бештар таваҷҷуҳи хоса дода мешавад, ин кам кардани бекорон дар заминаи бунёд кардани ҷойҳои нави корӣ мебошад. Соли 2016 ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ 1216 нафар муроҷиат карданд, ки ба 574 нафар мақоми бекорӣ дода шуд. 549 нафари онҳо ба ҷойҳои кори доимӣ ва 220 нафар барои бозомӯзӣ равона карда шуданд. Дар ноҳияи Панҷ барои амалӣ намудани барномаҳои давлатӣ, таъмини пешрафти соҳаҳои воқеии истеҳсолӣ-саноату кишоварзӣ аҳамияти калон доданд. Аз ин ру соли сипаригардида ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ афзоиш ёфта, ба хориҷи кишвар 1550 тонна меваю сабзавот содирот гардид. “Сармояи асосӣ соли сипаригардида ба соҳаи сохт-мон равона карда шуд”- иброз дошт раиси ноҳия ва афзуд, ки соли сипаригардида ба ифтихори ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд иншоотҳои муҳими хоҷагии халқ бунёд ёфтанд. Манораи обкашии оби ошомиданӣ дар Ҷамоати шаҳраки Панҷ ва манораи хурди обкашӣ дар Ҷамоати деҳоти Озодагон бо маблағгузории давлати Ҷопон, ки пудратчии сохтмон Ширкати сохтмонии «Ҷайка»-и Ҷопон аст, бо маблағи 121 млн 300 ҳазор сомонӣ ба истифода дода шуд. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории “Бонки исломии рушд” ба маблағи 14 млн 600 ҳазор сомонӣ муҷаҳҳаз бо тамоми лавозимоти хониш бунёд гардид. Ҳамчунин сехи дӯзандагии «Бонувони Панҷ» бо маблағи 65 ҳазор сомонӣ, даҳҳо мағозаву дукон, марказҳои савдову хизматрасонӣ сохта мавриди истифода қарор ёфтанд, зикр гардид дар нишасти матбуотӣ. Сохтмони варзишгоҳи марказӣ ва беморхонаи бемориҳои сили ноҳия идома дорад. Тибқи Барномаи рушди ноҳия 155 лоиҳа бо маблағи 224 миллион сомонӣ пешниҳод гардида, 35 лоиҳа амалӣ гардида, 23 лоиҳаи дигар мавриди амал қарор доранд. ВАХШОНА, «Хатлон»
&h=55&w=75&zc=1" alt="Барои рушди ноҳия 155 лоиҳа пешниҳод гардид" />
19:5708 феврал

Барои рушди ноҳия 155 лоиҳа пешниҳод гардид

Зимни нишасти матбуотии раиси ноҳияи Вахш Шарбатулло Азизулло кормандони васоити ахбори омма бештар ба фаъолияти соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

-->
Барои рушди ноҳия 155 лоиҳа пешниҳод гардид
Раиси нохияи Панҷ Сайфуддинзода Маҳмадюнус Кабут дар оғози нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки вохӯриҳои қаблӣ бо намояндагони васоити ахбори омма дар пешрафти кору фаъолият, ҳалли масоили иҷтимоӣ-иқтисодии меҳнаткашони ноҳия кумаки зиёд расониданд. Аз ҷумла ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар зарфи як сол ба 676 млн сомонӣ, аз ҷумла кишоварзӣ ба 460,9 млн сомонӣ, саноат 61 млн 480 ҳазор сомонӣ, хизматрасонии пулакӣ 47,7 млн сомонӣ ва гардиши моли чакана ба 106 млн сомонӣ расонида шуд. Нисбати ҳамин давраи соли гузашта дар соҳаҳои саноат 17,9 %, кишоварзӣ 5,1, савдо 12,1% ва хизматрасонӣ 15%-ро ташкил дод. Музди миёнаи кормандони тамоми соҳаҳо зиёда аз 612,04 сомониро ташкил мекунад, ки нисбати соли гузашта 6,1 фоиз зиёд аст. Чуноне раиси ноҳия зикр дошт, яке аз масоиле, ки бештар таваҷҷуҳи хоса дода мешавад, ин кам кардани бекорон дар заминаи бунёд кардани ҷойҳои нави корӣ мебошад. Соли 2016 ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ 1216 нафар муроҷиат карданд, ки ба 574 нафар мақоми бекорӣ дода шуд. 549 нафари онҳо ба ҷойҳои кори доимӣ ва 220 нафар барои бозомӯзӣ равона карда шуданд. Дар ноҳияи Панҷ барои амалӣ намудани барномаҳои давлатӣ, таъмини пешрафти соҳаҳои воқеии истеҳсолӣ-саноату кишоварзӣ аҳамияти калон доданд. Аз ин ру соли сипаригардида ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, кишоварзӣ афзоиш ёфта, ба хориҷи кишвар 1550 тонна меваю сабзавот содирот гардид. “Сармояи асосӣ соли сипаригардида ба соҳаи сохт-мон равона карда шуд”- иброз дошт раиси ноҳия ва афзуд, ки соли сипаригардида ба ифтихори ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд иншоотҳои муҳими хоҷагии халқ бунёд ёфтанд. Манораи обкашии оби ошомиданӣ дар Ҷамоати шаҳраки Панҷ ва манораи хурди обкашӣ дар Ҷамоати деҳоти Озодагон бо маблағгузории давлати Ҷопон, ки пудратчии сохтмон Ширкати сохтмонии «Ҷайка»-и Ҷопон аст, бо маблағи 121 млн 300 ҳазор сомонӣ ба истифода дода шуд. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории “Бонки исломии рушд” ба маблағи 14 млн 600 ҳазор сомонӣ муҷаҳҳаз бо тамоми лавозимоти хониш бунёд гардид. Ҳамчунин сехи дӯзандагии «Бонувони Панҷ» бо маблағи 65 ҳазор сомонӣ, даҳҳо мағозаву дукон, марказҳои савдову хизматрасонӣ сохта мавриди истифода қарор ёфтанд, зикр гардид дар нишасти матбуотӣ. Сохтмони варзишгоҳи марказӣ ва беморхонаи бемориҳои сили ноҳия идома дорад. Тибқи Барномаи рушди ноҳия 155 лоиҳа бо маблағи 224 миллион сомонӣ пешниҳод гардида, 35 лоиҳа амалӣ гардида, 23 лоиҳаи дигар мавриди амал қарор доранд. ВАХШОНА, «Хатлон» &h=55&w=75&zc=1" alt="Барои рушди ноҳия 155 лоиҳа пешниҳод гардид" />

Барои рушди ноҳия 155 лоиҳа пешниҳод гардид

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Дастовардҳои Хатлон дар соли 2014

Дастовардҳои Хатлон дар соли 2014

Иқтисоду тиҷорат