Дар як сатр
» » Комёбиҳои назарраси кишоварзон

Комёбиҳои назарраси кишоварзон

3-08-2017, 09:01

Комёбиҳои назарраси кишоварзон

Дар нишасти матбуотии хеш масъулини ноҳияи Ҷайҳун доир ба фаъолияти соҳаҳои саноат, сохтмон, нақлиёт, савдо изҳори назар намуданд. Ҳамчунин, таъкид гардид, ки соҳаи кишоварзӣ дар ноҳия ба дастовардҳои зиёд ноил гардида, ҳаҷми умумии маҳсулот дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия ба 327492,0 сомонӣ расид. Дар самти чорводорӣ низ дастовардҳо назаррасанд.

Дар ин давра дар майдони 540 гектар картошка, сабзавот 2950 гектар, полезӣ 1964 гектар ва 2358 гектар зироатҳои хӯроки чорво кишт намуданд.
Деҳқонон дар давраи ҳисоботӣ 6940 тонна картошка, 93831 тонна сабзавот, 235680 тонна полезӣ, 2650 тонна меваҷот ҷамъоварӣ намуданд. Тибқи ҳисоботи масъулини ноҳия, истеҳсоли дурнамои маҳсулоти соҳаи чорводорӣ низ пурра иҷро гардид. Қисми даромади буҷети маҳаллӣ 95,1 фисад таъмин гардид. Дар ин муддат 60 нафар бо ҷойи кор таъмин шуд. Дар соҳаи хизматрасонии коммуналӣ низ пешравиҳо дида мешавад.

ВАХШОНА,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +
Efecto De Kamagra En Jovenes Cialis Effets Posologie canadian pharmacy cialis Propecia Success Story Achat Lioresal En France Viagra Et La Sante
31 май 2018 06:21

Матолиби дигар:

Шамсиддин Шоҳин: 100 гектар боғи нав бунёд шуд

Шамсиддин Шоҳин: 100 гектар боғи нав бунёд шуд

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Дастовардҳои арсаи кишоварзӣ дар Н. Хусрав: Дурнамо беш аз 100% иҷро гардид

Дастовардҳои арсаи кишоварзӣ дар Н. Хусрав: Дурнамо беш аз 100% иҷро гардид

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Идораи кишоварзӣ: «Ҳосил фаровон аст»

Идораи кишоварзӣ: «Ҳосил фаровон аст»

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ то 150% дар ноҳияи Н. Хусрав

Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ то 150% дар ноҳияи Н. Хусрав

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
АКС: Иди ҳосил дар вилояти Хатлон

АКС: Иди ҳосил дар вилояти Хатлон

Матолиби чандрасонаӣ