Дар як сатр
» » Дастгир шудани ходими милиса

Дастгир шудани ходими милиса

3-08-2017, 08:49

Дастгир шудани ходими милиса


Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ алайҳи сардори шуъбаи милитсияи Ҷамоати деҳоти Зиракии шуъбаи ВКД дар шаҳри Кӯлоб иттилоъ дод.

Ба навиштаи дафтари матбуотии агентӣ, Қаландаров Бахтиёр Искандарович аз шаҳрванд «А» барои “нисбаташ оғоз накардани парвандаи ҷиноятӣ” маблағи 4000 сомонӣ талаб намуда, аз ин маблағ 600 сомониашро гирифта, боз оварда додани 3400 сомонии дигарро тақозо кардааст. “Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-тафтишотӣ Қаландаров Бахтиёр ҳангоми аз шаҳрванд «А» гирифтани маблағи 3400 сомонӣ дар ҳуҷраи кориаш дастгир карда шуда, аз ӯ маблағи мазкур ҳамчун далели шаъӣ ёфта, гирифта шуд”, - зикр кард манбаъ. Нисбати Б. Қаландаров бо аломатҳои моддаи 319 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда гардида, тафтишоти пешакии он идома дорад.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Азхудкунии маблағи нафақагирон

Азхудкунии маблағи нафақагирон

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат, Ҳуқуқу амният
Боздошти ду «заминфурӯш» бо пора

Боздошти ду «заминфурӯш» бо пора

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР
Боздошти раиси ҷамоат

Боздошти раиси ҷамоат

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Боздошти муфаттиши прокуратураи Норак бо гумони пора

Боздошти муфаттиши прокуратураи Норак бо гумони пора

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният
Муҳандис-заминсоз 550$ пора гирифт?

Муҳандис-заминсоз 550$ пора гирифт?

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА