Дар як сатр
» » Танзим - кафолати зиндагии шоиста

Танзим - кафолати зиндагии шоиста

2-08-2017, 09:08

Танзим - кафолати зиндагии шоиста


10 соли амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» нишон дод, ки он барои танзими ҷашну маросимҳо хеле зарурӣ ва саривақтӣ мебошад.

Бо мақсади шунидани таклифу пешниҳодот оид ба тағйиру иловаҳо ба қонуни номбурда дар толори Теат-ри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа бо иштироки мудирони бахшҳои оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, имомхатибони масҷидҳои шаҳру навоҳии вилоят ҳамоиш баргузор гардид.

Танзим - кафолати зиндагии шоиста

Дар оғоз, Махфират Хидирзода, муовини раиси вилояти Хатлон, баромад намуда, аз ҷумла гуфт Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар тӯли 10 соли амалаш имконият дод, то бисёр мушкилиҳо дар миёни аҳолӣ ҳал гардида, сатҳи некуаҳволии мардум беҳтар ва хароҷоти зиёдатӣ, ҳолатҳои қарзгирӣ барои баргузории ҷашну маросимҳо паст шаванд».

Танзим - кафолати зиндагии шоистаСулаймон Давлатов, раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қайд кард, ки ба низом даромадани расму ойин ва маросимҳои милливу динӣ мардумро аз хароҷоти беҳудаву зиёдатӣ то андозае нигаҳ дошт. «Иқдоме, ки ҷиҳати таҳия ва тасвиби Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби Президенти кишвар пеш гирифта шуд, таҳаввуле дар афкор ва беҳдошти зиндагии мардум ба миён овард. Маҳз бо шарофати қабули ин қарор мо ба паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ноил шуда истодаем», - иброз дошт Сулаймон Давлатов.

С. Давлатов дар идомаи суҳбат бо истифода аз иштироки аъзои комиссияҳои ҷамъиятии танзими анъана даъват ба амал овард, ки ҳангоми баргузории тӯю маъракаҳо ба риояи ҳамаҷонибаи қонун назорати қатъӣ бурда, бетарафӣ зоҳир насозанд.

Танзим - кафолати зиндагии шоиста
- Қонуни мазкур ба фармудаҳои динӣ мутобиқ буда, ислом низ исрофро ҳаром маънидод мекунад, ки маҳаки асосии қонун аст, - зикр кард Саидмукаррам Абдуқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон. - Ҳадафи ин қонун аз байн бурдани баъзе урфу одатҳои номатлуб ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ мебошад. Аммо хурофотпарастӣ то ҷое дар ботини бархе аз одамон ҷой шудааст, ки ҳатто фарқ миёни фармудаҳои дини мубини ислом ва «анъанаҳои эҷодкарда»-и хурофотпарастон гузошта наметавонанд. Сару садоҳо хеле зиёданд, ки дар маъракаҳои «чил» ва «сол» таом дода нашавад ва онҳо танҳо бо дуою фотиҳа гузаранд. Ин гуна таҷриба дар кишварҳои мусулмонии Шарқ ҷорист ва одамоне, ки аз авлоди шахси фавтида нестанд, меоянду ба арвоҳи ӯ фақат дуо хонда бармегарданд.

Файзулло Бобоев, директори Муассисаи давлатии «Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», гуфт: «Бо гузашти як даҳсола маълум шуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ асос гузошт, суннатҳои диниву мардумиро ба танзим даровард, анъана ва маросиму ҷашнҳои миллиро мушаххасу дақиқ намуд, пеши роҳи хурофоту таассуб, худнамоиву зоҳирпарастӣ ва исрофкориву зиёдаравиро гирифт ва ба ҷорӣ гардидани низому тартиботи ягонаи баргузории чорабиниҳои милливу мардумӣ роҳ кушод».

Танзим - кафолати зиндагии шоиста

Дар фарҷом, даъват ба амал омад, ки аъзоёни комиссияи доимӣ, комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо бояд фаъолтар шуда, ҳамаи маъракаҳоро зери назорат қарор диҳанд ва барои камхарҷтар намудани маросимҳо дар байни мардум корҳои ташвиқотию тарғиботиро тақвият бахшанд.

Комрони БАХТИЁР,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Таклиф мекунам, ки…

Таклиф мекунам, ки…

Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Қонуни танзим аз исроф пешгирӣ ва шахсони камбизоатро дастгирӣ кард

Қонуни танзим аз исроф пешгирӣ ва шахсони камбизоатро дастгирӣ кард

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ
Сабти 80 қонуншиканӣ дар се моҳ

Сабти 80 қонуншиканӣ дар се моҳ

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Риояи муқаррароти ин қонун аҳамияти ҳаётӣ дорад

Риояи муқаррароти ин қонун аҳамияти ҳаётӣ дорад

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, Номаҳои Шумо
3 млрд. сомонӣ сарфа шуд

3 млрд. сомонӣ сарфа шуд

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА