Дар як сатр
» » Мушкилоти беморони сил дар Хатлон осон шуд

Мушкилоти беморони сил дар Хатлон осон шуд

21-07-2017, 14:57

Бо ибтикори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарпарастии Хазинаи Фонди Глобалӣ дар Маркази бемориҳои сили вилояти Хатлон дастгоҳи «Термо Сайклер» ва «Твин» насб гардонида шуд.

Мушкилоти беморони сил дар Хатлон осон шуд

«Термо Сайклер» ва «Твин»-инкубатор, дастгоҳи «ХАЙН» - нигоҳдорандаи ҳарорати 36 дараҷа, қобилияти муаяйн намудани таъсирбахшии дорувории зиддисиллиро доро буда, ҳамзамон ҷиҳати дарёфти бемории сил нақши калон дорад.

Дар Маркази бемориҳои сили вилояти Хатлон ба рӯзномаи «Хатлон» иттилоъ доданд, ки то ба ин дам дар маркази мазкур чунин таҷҳизот вуҷуд надошт ва беморон аз вилоят ба Маркази ҷумҳуриявии зиддисилӣ ва Беморхонаи ҷумҳуриявии бемориҳои сили шаҳраки «Шифо»-и шаҳри Душанбе равон карда мешуданд.

Маврид ба зикр аст, ки ислоҳоти соҳаи тандурустӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, беҳтарсозии шароити муассисаҳои тандурустӣ дар маркази диққати доимии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Бо ин мақсад дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳифзи саломатии аҳолӣ ва тандурустиро яке аз самтҳои афзалиятноки давлат ҳисобида, дар доираи татбиқи ҳадафҳои созандаю бунёдкорӣ, сохтмону азнавсозии инфрасохтори иҷтимоӣ, бахусус муассисаҳои тиббӣ, таъмини онҳо бо дастгоҳу таҷҳизоти муосирро таҳти назорату таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор доданд.

Ҳангомаи ИСМАТ,
«Хатлон»


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Роҳнамои табибон

Роҳнамои табибон

Хабарҳо, Чеҳранигорӣ, Номаҳои Шумо
Хизматрасонии ройгони тиббӣ ба 11147 нафар дар як рӯз

Хизматрасонии ройгони тиббӣ ба 11147 нафар дар як рӯз

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
«Корвони саломатӣ» дар шаҳри Кӯлоб

«Корвони саломатӣ» дар шаҳри Кӯлоб

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, КОМРОНИ БАХТИЁР
Ҷ. Румӣ. Пешрафти маориф ва мушкилоти тандурустӣ

Ҷ. Румӣ. Пешрафти маориф ва мушкилоти тандурустӣ

Хабарҳо, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Татбиқи лоиҳаи нави тиббӣ дар Хатлон

Татбиқи лоиҳаи нави тиббӣ дар Хатлон

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА