Дар як сатр
» » Шаҳритус. 205 нафар дар ярмарка ҷойи кор ёфтанд

Шаҳритус. 205 нафар дар ярмарка ҷойи кор ёфтанд

22-07-2017, 12:52

Дар шаш моҳи гузаштаи соли 2017 ба шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Шаҳритуз 638 нафар корҷӯ, аз он ҷумла 274 нафар занон, барои кор муроҷиат намуданд. Ба 479 нафари онҳо (аз он миён 125 зан) мақоми бекорӣ дода шудааст.

Мавҷуда БубиеваМавҷуда БубиеваДар ин бора Мавҷигул Бубиева, сардори шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Шаҳритуз, ба рӯномаи "Хатлон" иттилоъ дод. Манбаъ ҳамчунин гуфт, ки оид ба иҷрои нишондиҳандаҳои барномавӣ дар самти ба кор таъмин намудани аҳолии бешуғл, мутобиқи дархости кордиҳандагон дар нимаи якуми сол 542 нафар бекорон, аз он ҷумла 183 нафар занон, бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда шуданд, ки ин нишондод иҷрои 80%-аи дурнамои солонаро нишон медиҳад.

- Бо мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия шуъбаи Агентӣ дар ноҳияи Шаҳритуз дар давоми 6 моҳи соли ҷорӣ 8 маротиба ярмаркаи ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод баргузор намуд, - идома дод М. Бубиева. - Дар ярмаркаҳо 57 корхонаю ташкилот ва муассисаю хоҷагиҳои ноҳия ширкат варзида, барои ашхоси бекормонда дар маҷмӯъ 575 ҷойи кори холӣ ва вазифаҳои озоди худро пешниҳод карданд. Дар натиҷа, 205 нафар, аз он ҷумла 89 нафар занон, бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда шуданд.

Масъулони шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Шаҳритуз бобати эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла атласу адрасбофӣ, гилембофӣ, қуроқдӯзӣ, чакандӯзӣ, зардӯзӣ, дӯзандагӣ, бофандагӣ ва дигар ҳунарҳои дастӣ, инчунин, ҷиҳати бо шуғл, омӯзиши касб, бозомӯзӣ фаро гирифтани шаҳрвандони бекору корҷӯянда, такмили ихтисоси муҳоҷирони меҳнатие, ки вурудшавиашон ба Россия мамнӯъ гардидааст, як қатор корҳоро ба иҷро расонидаанд. Дар соли ҷорӣ дар Филиали муассисаи давлатии «Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон» дар ноҳияи Қубодиён ва «Маркази касбомӯзии соҳибкорӣ» дар шаҳри Душанбе аз ҳисоби занону ҷавонони бешуғли Шаҳритуз барои омӯзиши касбӣ ва бозомӯзӣ 160 нафар, аз он ҷумла 140 нафар занону духтарон, фаро гирифта шудаанд.

Дар Ҷамоати шаҳраки Шаҳритуз ва деҳаҳои «Сайёд»-у «Чуянчӣ»-и Ҷамоати ба номи Т. Садриддинов, «Чинор»-и Ҷамоати деҳоти Х. Холматов, «Обшорон»-и Ҷамоати деҳоти Обшорон аз рӯйи ҳунарҳои «Ороиши мӯй», «Қуроқдӯзӣ», «Гилембофӣ», «Атласу адрасбофӣ» аз 15 то 40 нафар шаҳрвандон бо шуғл фаро гирифта шудаанд. Инчунин дар давоми 6 моҳ бо роҳхати шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Шаҳритуз 461 нафар шаҳрвандон тариқи худмаблағгузорӣ курсҳои кутоҳмуддати касбомӯзию бозомӯзиро хатм намуданд.

Мавҷигул Бубиева ҳамчунин доир ба кӯмакпулиҳои бебозгашти аз ҷониби шуъба ба шаҳрвандон пардохтгардида иттилоъ дод, ки имсол ба 82 сокини ноҳияи Шаҳритуз кӯмакпулӣ таъин гардида, ба 79 нафари онҳо ба маблағи умумии 17200 сомонӣ (ба як нафар 400 сомонӣ рост меояд) пардохт шудааст. “Аз ин ҳисоб 65 нафарашон сарбозонеанд, ки хизмати Ватан-модарро дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарбаландона адо кардаанд ва 14 нафарашон шаҳрвандони аз маҳбас озодшуда мебошанд”, - афзуд М. Бубиева.

Ҳамсуҳбати мо инчунин хабар дод, ки то 1 июли соли ҷорӣ аз ҷониби шуъбаи Агентӣ дар ноҳия ба 21 нафар сокинони Шаҳритуз, ки хоҳиши пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ доштанд, ба маблағи умумии 13600 сомонӣ қарзҳои боимтиёзи бефоиз ироа шудааст.

М. Носирҷон


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

12 нафар соҳиби  ҷойи кор шуданд

12 нафар соҳиби ҷойи кор шуданд

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, Номаҳои Шумо
Кӯлоб. 83 нафар бо кор таъмин шуд

Кӯлоб. 83 нафар бо кор таъмин шуд

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Данғара. 378 корҷӯ бо кор таъмин шуданд

Данғара. 378 корҷӯ бо кор таъмин шуданд

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Таъсиси 2012 ҷойи кор дар як моҳ

Таъсиси 2012 ҷойи кор дар як моҳ

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ба 18,7 ҳазор нафар мақоми бекорӣ дода шуд

Ба 18,7 ҳазор нафар мақоми бекорӣ дода шуд

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо