Дар як сатр
» » Дар Қубодиён бузургтарин корхонаи сементи Тоҷикистон бунёд хоҳад шуд

Дар Қубодиён бузургтарин корхонаи сементи Тоҷикистон бунёд хоҳад шуд

22-07-2017, 10:33

Дар ноҳияи Қубодиён қарор аст, ки бузургтарин корхонаи истеҳсоли сементи Тоҷикистон бо номи “Осиё-семент” бунёд карда шавад. Барои бунёди ин корхона беш аз 160 миллион доллари ИМА сармояи хориҷӣ ҷалб гардидааст.

Бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи ҚубодиёнБинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён

Алиҷон Тоҷиев, муовини раиси ноҳияи Қубодиён, дар суҳбат бо рӯзномаи «Хатлон» гуфт, ки ин корхона дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби бонки тиҷоратии «Ориёнбонк» дар якҷоягӣ бо сармоягузорони чинӣ дар нимаи дуюми соли ҷорӣ бунёди корхонаи бузурги истеҳсоли семент оғоз мекунанд. Ба қавли манбаъ, дар айни ҳол корҳои ҳуҷҷатгузорӣ ва ҳамоҳангсозӣ ҷараён доранд.

- Ин корхона дар майдони 65 гектар замин аз ҳисоби заминҳои дар истифодаи дарозмуҳлати хоҷагии «Гагарин»-и ноҳияи Шаҳритӯс, дар ҳудуди ноҳияи Қубодиён (баҳисобгирии соли 2002), ки аллакай аз ҷониби Ширкати «Ориён-инвест» ҳамвору омода карда шудааст, сохта мешавад, - идома дод А. Тоҷиев. - Ширкати мазкур рӯзҳои наздик сохтмони бинои сеошёнаи маъмуриро, ки барои будубоши минбаъдаи мутахассисон пешбинӣ шудааст, оғоз мекунад.

Директори генералии ширкати «Ориён-инвест» Саидисматулло Валиев, ки масъулияти пеш бурдани амалисозии ин лоиҳаро бар уҳда дорад, ба расонаҳо гуфтааст, ки ин ширкат барои ҷалби сармояи мазкур ду сол инҷониб бо сармоягузорони хориҷӣ музокирот мегузаронад. “Бунёди ин корхонаи иборат аз ду хатти истеҳсолӣ асосан бо ҳадафи иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли семент, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, таъмини бозори дохилӣ бо сементи хушсифати ватанӣ ва содирот намудани он ба хориҷи кишвар ба нақша гирифта шудааст”, - афзуд С. Валиев.

Дар Қубодиён бузургтарин корхонаи сементи Тоҷикистон бунёд хоҳад шуд

Зафар Файзуллозода, раиси ноҳияи Қубодиён, ҳафтаи гузашта бо сармоягузорони корхонаи нави истеҳсоли семент – намояндагони ҶСК «Ориёнбонк», ширкати хитоии «Хенан Чжун-Я Гурӯҳи холдингӣ» ва ширкати маҳаллии ҶСП «Исмоили Сомонӣ», дидору мулоқот анҷом дод. Ҷонибҳо имкони амалисозии лоиҳаҳои дигари муштаракро низ баррасӣ доранд. Дар назар аст, ки дар заминаи корхонаи истеҳсоли семент, ҳамчунин корхонаҳои истеҳсоли ширеши саноатӣ, кафел ва шакар бунёд гардад.

Ба қавли Алиҷон Тоҷиев, муовини раиси ноҳияи Қубодиён, иқтидори истеҳсолии корхонаи нави истеҳсоли семент дар як шабонарӯз 2500 тонна сементи навъи М-400 ва 2500 тонна навъи ба сулфат тобовар, дар маҷмӯъ 5 ҳазор тонна сементи баландсифат, арзёбӣ шуда, баъди ба фаъолият оғоз карданаш он бузургтарин корхонаи истеҳсоли семент дар Тоҷикистон мегардад.

- Ин корхона дар ду хатти истеҳсолӣ имкон дорад, ки солона то 2 миллион тонна семент тавлид намояд, - зикр кард А. Тоҷиев. - Бо мавриди истифода қарор гирифтани корхонаи мазкур аз 1200 то 1500 нафар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин хоҳанд шуд.

Зимнан, ширкати инвеститсионию истеҳсолии «Ориён-инвест» соли 2015 бо қарори Раиси Раёсати ҶСК «Ориёнбонк» Ҳасан Асадуллозода бо мақсади ҷалби сармояи хориҷӣ ва таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла бунёди корхонаи истеҳсоли семент, ташкил шудааст. Ин ширкат соли гузашта дар ҷалби сармоягузорон барои таҷдид ва навсозии ҶСК «Азот» дар шаҳри Сарбанд низ саҳм гузоштааст.

Ёдовар мешавем, ки таҷдид ва навсозии ҶСК «Азот»-ро дар шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон Ширкати хитоии «Хенан Чжун-Я Гурӯҳи холдингӣ» амалӣ карда истодааст. Дар маросими оғози корҳои навсозии ҶСК «Азот» Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуда буданд.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Оғози бунёди корхонаи нави саноатӣ ва шиносоӣ бо сохтмону азнавсозии роҳҳои ...

Оғози бунёди корхонаи нави саноатӣ ва шиносоӣ бо сохтмону азнавсозии роҳҳои ...

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат
Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли варақаҳои гаҷии ҶДММ Хуаҷиан Ғаюр Индастриал да ...

Ифтитоҳи Корхонаи истеҳсоли варақаҳои гаҷии ҶДММ Хуаҷиан Ғаюр Индастриал да ...

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат
Бунёди корхонаҳои азими саноатӣ дар Хатлон ба муносибати 25-умин солгарди И ...

Бунёди корхонаҳои азими саноатӣ дар Хатлон ба муносибати 25-умин солгарди И ...

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ёвон. Нияти бунёди 3 корхонаи азим

Ёвон. Нияти бунёди 3 корхонаи азим

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, АМОН МАҲКАМОВ
Корхонаи сементи Ёвон - беҳтарин андозсупорандаи сол

Корхонаи сементи Ёвон - беҳтарин андозсупорандаи сол

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА