Дар як сатр
» » Аз фаъолият боз мондани 60 корхона дар Хатлон

Аз фаъолият боз мондани 60 корхона дар Хатлон

14-01-2015, 13:20

Аз фаъолият боз мондани 60 корхона дар Хатлон

Соли 2014 дар вилояти Хатлон 60 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ аз фаъолият бозмондааст.

Саймуъмин Мӯсоев, сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоят, дар нишасти матбуотиаш, имрӯз, 14 январ, гуфт, ки соли гузашта ҳамчунин беш аз 100 корхонаи тавлидотӣ ҳаҷми истеҳсолро коҳиш додаанд.

- Он корхонаҳое, ки пас аз чанд моҳи таъсисашон аз фаъолият бозмондаанд, аксаран корхонаҳои дӯзандагӣ ҳастанд, ки ба сабаби ба фурӯш нарафтани маҳсули корашон ва маҳдудияти молиявӣ натавонистанд дар бозор мавқеи худро таҳким дода, рақобатпазир шаванд, - зикр кард С. Мӯсоев.

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар соли 2014 соҳибкорони маҳаллӣ дар вилояти Хатлон 110 корхонаю коргоҳи истеҳсолӣ бунёд намудаанд. С. Мӯсоев афзуд, ки ба хотири дастгирии доираҳои тиҷоратии Хатлон дар ду соли охир аз ҷониби Фонди дастгирии соҳибкорӣ 63 миллион сомонӣ ихтисос ёфтааст. Соли гузашта 29 соҳибкори хатлонӣ аз Фонди мазкур ба қадри 18,5 миллион сомонӣ қарзҳои боимтиёз дарёфт кардаанд.

Дар соли 2015 низ барои Фонди дастгирии соҳибкорон 130 миллион сомонӣ ироа мешавад. Қарор аст то соли 2020 ҳаҷми маблағе, ки барои дастгирии соҳибкорони Тоҷикистон ихтисос меёбад, ҷамъан ба 7 миллиард сомонӣ расад.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

22 лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ гардид

22 лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ гардид

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, КОМРОНИ БАХТИЁР
Бохтар. Бунёди 30 корхонаи нав дар соли 2015

Бохтар. Бунёди 30 корхонаи нав дар соли 2015

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Қӯрғонтеппа. Коҳиши тавлидот дар 6 корхона ва бунёди 8 корхонаи нав

Қӯрғонтеппа. Коҳиши тавлидот дар 6 корхона ва бунёди 8 корхонаи нав

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Тоҷикистон тадриҷан ба кишвари индустриалӣ-аграрӣ табдил меёбад

Тоҷикистон тадриҷан ба кишвари индустриалӣ-аграрӣ табдил меёбад

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Д. Гулмаҳмадзода: Соҳибкорони Хатлон дар як сол 350 иншоот сохтанд

Д. Гулмаҳмадзода: Соҳибкорони Хатлон дар як сол 350 иншоот сохтанд

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА