Дар як сатр
» » Кишоварзони Хатлон дар ҷумҳурӣ пешсафанд

Кишоварзони Хатлон дар ҷумҳурӣ пешсафанд

19-07-2017, 13:30

Кишоварзони вилояти Хатлон дар маъракаи ҷамъоварии ҳосили ғалладонагиҳо дар сатҳи ҷумҳурӣ пешсаф буда, тайи нимаи якуми соли ҷорӣ ҳосили 94 ҳазору 134 гектарро ҷамъоварӣ намуданд.

Кишоварзони Хатлон дар ҷумҳурӣ пешсафанд

Ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати кишоварзӣ, ҳосили умумии ҷамъоваришуда дар вилояти Хатлон 338 ҳазору 396 тоннаро ташкил медиҳад, ки иҷрои нақшаро 68% таъмин мекунад.

“Дар саросари Тоҷикистон дар нимсолаи гузашта кишоварзон тавонистанд ҳосили майдони 138 ҳазору 997 гектарро сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намоянд, ки он дар маҷмӯъ 432 ҳазору 787 тоннаро ташкил додааст”, - афзуд манбаъ.

Барои сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили ғалладонагиҳо дар ҷумҳурӣ 1020 адад комбайнҳои ғалладарав сафарбар карда шуда, 616 адади онҳо дар айни замон мавриди истифодабарӣ қарор доранд.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Кишти такрорӣ дар майдони 4668 гектар

Кишти такрорӣ дар майдони 4668 гектар

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Идораи кишоварзӣ: «Ҳосил фаровон аст»

Идораи кишоварзӣ: «Ҳосил фаровон аст»

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
То имрӯз дурнамо 51,3% иҷро шуд

То имрӯз дурнамо 51,3% иҷро шуд

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Дурнамои чиниши пахта 31,9% иҷро шуд

Дурнамои чиниши пахта 31,9% иҷро шуд

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ғалла 40% ҷамъ шуд

Ғалла 40% ҷамъ шуд

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ