Дар як сатр
» » Кашфи истеъдодҳои нав дар фестивали “Бӯстон-2017”

Кашфи истеъдодҳои нав дар фестивали “Бӯстон-2017”

19-07-2017, 17:48

Дар Қасри фарҳанги шаҳри Сарбанд Фестивал-озмуни телевизионии «Бӯстон-2017», ки бо ибтикори Муассисаи давлатии телевизиони «Сафина» бахшида ба Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 роҳандозӣ гардидааст, баргузор шуд.

Кашфи истеъдодҳои нав дар фестивали “Бӯстон-2017”

Аъзои ҳакамон, ки иборат аз санъаткорону фарҳангшиносони касбӣ буданд, аз намоишгоҳи ҳунармандони шаҳр, ки дар саҳни Қасри фарҳанг ба маъраз гузошта шуда буд, дидан намуда, ба маҳсули дастони онҳо баҳои баланд доданд.

Ба иттилои масъулони дастгоҳи раиси шаҳри Сарбанд, дар фестивал-озмун кормандони бахши фарҳанг ва гурӯҳи ҳаваскорони шаҳр баромад намуда, ҳунару санъати волои худро пешкаши ҳаводорони сершумор гардониданд.

Кашфи истеъдодҳои нав дар фестивали “Бӯстон-2017”

Чуноне ки дастандаркорони ин чорабинӣ арз доштанд, ин озмун аз «Бӯстон»-и дар гузашта машҳур фарқи калон дорад. Чунки ҳадаф аз ташкил намудани он эҳёи ҳунарҳои миллӣ, дарёфти падидаҳои нав, ҷавонону наврасони ҳунарманду соҳибистеъдод ва раҳнамун сохтани онҳо ба роҳи санъат мебошад.

Дар ҷамъбаст аъзои ҳакамон ҳунари сарояндагии Назришоҳи Зокирӣ, рақси яккаи Моҳрӯ Одинаева, якканавоз Каримҷони Аслам, рақси гурӯҳи бо номи «Ваҳдат» ва саҳначаи ҳаҷвиро сазовори иштирок кардан дар даврҳои минбаъда донистанд.

Ҳангомаи ИСМАТ,
"Хатлон"



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Шоҳҷоизаи «Алласарои сол»-ро бонуе аз Ҳамадонӣ соҳиб гардид

Шоҳҷоизаи «Алласарои сол»-ро бонуе аз Ҳамадонӣ соҳиб гардид

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
«Ҷилваи ҳусн» дар Кӯлоб

«Ҷилваи ҳусн» дар Кӯлоб

Фарҳанг ва адабиёт, Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо
Кӯлоб. Озмуни «Шукуфаҳои баҳор»

Кӯлоб. Озмуни «Шукуфаҳои баҳор»

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
«Парасту-2015» ва 100-солагии Ҳунарпешаи халқии СССР

«Парасту-2015» ва 100-солагии Ҳунарпешаи халқии СССР

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Ҷоизаи «Суруди сарбоз» кӣ ба даст меорад?

Ҷоизаи «Суруди сарбоз» кӣ ба даст меорад?

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА