Дар як сатр
» » Сохтмони Қасри замонавии фарҳангӣ дар ноҳияи Данғара

Сохтмони Қасри замонавии фарҳангӣ дар ноҳияи Данғара

18-07-2017, 17:40

Дар пешорӯи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аввалҳои моҳи сентябри соли ҷорӣ, дар ноҳияи Данғара бинои наву замонавии Қасри фарҳанг мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.

Сохтмони Қасри замонавии фарҳангӣ дар ноҳияи Данғара

Ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, сохтмони Қасри нави фарҳанг барои 700 ҷойи нишаст аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад. Ороиши саҳна ва васли таҷҳизоти саҳнавии ҳозиразамон бо мусоидати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.

Қасри нави сеошёна ва замонавии фарҳанг аввалин Қасри фарҳанг дар ноҳияи Данғара хоҳад буд. Дар қасри нави фарҳанг толори консертии барҳаво, толори тамрин ва ҳуҷраҳои корӣ ҷой дода мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки дар ноҳияи Данғара Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ-драмавӣ фаъолият дорад. Толори театр дорои 400 ҷойи нишаст аст. Бинои театр собиқ бинои Хонаи маданият, ки солҳои 60-и асри гузашта сохта шудааст, мебошад. Он соли 2002 дар натиҷаи таъмир ва тармим ба театр табдил дода шуд.

Ҳангомаи ИСМАТ,
“Хатлон”


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Темурмалик. 8,4 миллион сомонӣ барои бунёди Қасри фарҳанг

Темурмалик. 8,4 миллион сомонӣ барои бунёди Қасри фарҳанг

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Ободкориҳо дар ДДҚ ба номи Носири Хусрав

Ободкориҳо дар ДДҚ ба номи Носири Хусрав

Хабарҳо, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Бунёди Қасри фарҳанг дар Муъминобод

Бунёди Қасри фарҳанг дар Муъминобод

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Оғози сохтмони Хонаи адибон дар Қӯрғонтеппа

Оғози сохтмони Хонаи адибон дар Қӯрғонтеппа

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Восеъ. Кохи фарҳанг эҳё шуд

Восеъ. Кохи фарҳанг эҳё шуд

Хабарҳо, НАҶОТ САФАРЗОДА