Дар як сатр
» » Сарбанд. Азми таъсиси коргоҳи адрасбофӣ бо гранти президентӣ

Сарбанд. Азми таъсиси коргоҳи адрасбофӣ бо гранти президентӣ

18-07-2017, 16:18

Соҳибкори пуртаҷриба аз шаҳри Сарбанд Файзия Фозилова барои таъсис додани коргоҳи хурди атласу адрасбофӣ Гранти президентиро, ки баробар ба 10 ҳазор сомонӣ аст, ба даст овард.

Сарбанд. Азми таъсиси коргоҳи адрасбофӣ бо гранти президентӣ

Тавре ки аз дафтари матбуотии шаҳрдории Сарбанд иттилоъ доданд, ин зани кордон аз зумраи бонувони ангуштшуморест, ки то имрӯз дар соҳаи кишоварзӣ муваффақона фаъолият намуда, дар миёни мардум мақоми лоиқи таҳсин дорад. Меваҳои шаҳдбор ва сабзавоти тару тозаи хоҷагии деҳқонии «Шамси Расул», ки раисиашро Файзия Фозилова ба уҳда дорад, зиннатбахши дастурхони мардум мебошанд.

- Ба соҳибкорӣ рӯ овардани занон ва ташкил шудани коргоҳҳои хурди истеҳсолӣ аз тадбирҳоеанд, ки мушкилоти соҳибкасб намудан ва бо ҷойҳои корӣ таъмин кардани занони деҳотро бартараф месозад, - мегӯяд Ф. Фозилова. - Акнун мехоҳам, ки истеъдоди худро дар таъсис додани коргоҳи хурди атласбофӣ санҷам. Ба қувваю дониши худ боварӣ дорам. Мақсади асосӣ соҳибкасб кардани занону духтарони деҳот ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи зиндагии онҳост. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Сарбанд ин ҳадаф, албатта, амалӣ хоҳад шуд.

Қобили зикр аст, ки иқдоми пешниҳоди Гранти президентӣ барои занони соҳибкор бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушд бахшидан ба соҳибкории занон роҳандозӣ гардидааст.

Ҳангомаи ИСМАТ,
"Хатлон"


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Озмуни грантҳои раиси вилояти Хатлон барои занони соҳибкор

Озмуни грантҳои раиси вилояти Хатлон барои занони соҳибкор

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Таъмини 12 зани хонашин бо ҷойи кор

Таъмини 12 зани хонашин бо ҷойи кор

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Соҳибкорӣ рушд меёбад

Соҳибкорӣ рушд меёбад

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Иқтисоду тиҷорат, Номаҳои Шумо
Соҳибкорон нерӯи бузурганд

Соҳибкорон нерӯи бузурганд

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Иқтисоду тиҷорат, АСАЛМО САФАРОВА, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Эълони озмун ҷиҳати дарёфти грантҳои раиси вилоят барои бонувони соҳибкор

Эълони озмун ҷиҳати дарёфти грантҳои раиси вилоят барои бонувони соҳибкор

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат, Ҳаёти иҷтимоӣ, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА