Дар як сатр
» » Зӯри беҳуда миён шиканад...

Зӯри беҳуда миён шиканад...

16-07-2017, 10:50

Аз тариқи сомонаҳои интернетӣ дар бораи баргузор шудани ҳамоиши «Созишномаи сулҳи тоҷикон» дар Олмон 9 июли соли 2017 бо иштироки беш аз 100 нафар, аз ҷумла раиси ташкилоти экстремистию террористии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ва дигар ба ном “мухолифони тоҷик” хонда, бори дигар дар ин ақида устувортар гаштам, ки дар ҳақиқат, ин ташкилот на дар гузашта ва на имрӯз хостори суботи сиёсию рушди иқтисодии Тоҷикистони азиз ва зиндагии шоистаи мардуми диёр набуду нест.

Зӯри беҳуда миён шиканад...

Онҳо танҳо барои расидан ба ғаразҳои шахсӣ ва бо дастури хоҷагони хориҷии худ, омодаанд, ки Тоҷикистонро чун як кишвари ақибзада ва Ҳукумати кишварро ноуҳдабаро нишон диҳанд. Бехабар аз он, ки “зӯри беҳуда миён мешиканад!”. Хестед, ки хобед, рафиқон! Мардуми Тоҷикистон акнун аз ҷиҳати сиёсӣ ҳушёру зирак шудаанд ва хубро аз бад, зулмотро аз равшанӣ, найрангро аз ҳақиқат фарқ карда метавонанд.

Дар он нишасти Дортмунд, тавре ки ВАО хабар доданд, роҳбарони ҳаракатҳои опозитсионӣ ва ҲНИТ доир ба ҳамкорӣ сухан гуфта, аз ҷумла М. Кабирӣ ба мухолифон пешниҳод кардааст, ки “тарҳи чанд проекти муштаракро бояд кашид”. Иштирокдорони ин ҳамоиш ошкоро ҳарфи туҳмату таҳқир нисбат ба роҳбарияти давлат мезаданд ва мегуфтанд, ки рӯзе бо сари баланд ба Тоҷикистон бармегарданд. Онон бояд бидонанд, ки дигар дар Ватан касе интизорашон нест, эшон кори худро дар солҳои 90-ум дар ҳаққи ватан ва мардуми ин диёр карданд. Ба хотири тағйир додани сохти конститутсионии давдат ва расидан ба қудрати сиёсӣ хуни ҳазорон нафари бегуноҳро рехтанд, кишварро бесуботу иқтисодашро фалаҷ карданд.

Намояндаи созмони ифротгарои “Гурӯҳи 24” бо номи Нуриддин Ризоӣ бошад, бо сароҳат бедонишӣ ва кутоҳназарии худро зимни баромадаш дар ин ҳамоиш нишон дод: “Соли 1997 сулҳ нашуда буд, балки ҷанг идома дорад. Агар сулҳ мешуд, мову шумо дар инҷо намебудем, зиндонии сиёсӣ намедоштем, ба ҷойи баргардондани 1 миллион муҳоҷир аз Афғонистон ду миллиони дигарро ба Русия гусел намекардем”. Дар идомаи суханронӣ Нуриддин Ризоӣ бо муроҷиат ба ҳукуматдорони Тоҷикистон гуфт: «Насли навро аз ҷанг натарсонед, чун ҳама барои мо афсона аст».
Чӣ ҳарфҳои бебунёд, холӣ аз ақлу мантиқ ва бубахшед, аблаҳона аст. Нодида гирифтани талошҳои бесобиқаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои барқаррии сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, бозгардонии гурезаҳо, эҳёи иқтисоди миллӣ, таъмини зиндагии шоистаи мардум... камоли бевиҷдонӣ ва беимонист. Ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба ҳар як хонаводаи тоҷикистонӣ беасар набуд ва мутмаинам, ки агар худи Нуриддин Ризоӣ дар пӯсту ҷони худ даҳшати он ҳамаро эҳсос накардааст, миллионҳо нафар аз ин ҷанг ранҷ бурдаву ҳоло шабу рӯз шукронаи тинҷиву осудагии диёр мекунанд ва ҳамеша толиби сулҳу салоҳанд.

Магар касе Нуриддин Ризоиро аз кишвар бадарға кардааст? Чаро ҳазорон ҷавон имрӯз дар ватан бо ҷойи кори доимӣ таъминанду ӯ наметавонад? Садҳо ҳазор ҷавон дар макотиби олии Тоҷикистон, даҳҳо ҳазор нафари дигар бо мусоидати Ҳукумати кишвар дар донишгоҳҳои хориҷи кишвар таҳсил мекунанд. Маҳдуд кардани озодии ҷавонон куҷо, ки онҳоро давлату ҳукумат, бахусус Президенти мамлакат ҳамаҷониба дастгирӣ карда, беҳтарин ҷавонони ҳушманду закиро ба мақомҳои баланди давлатӣ таъин менамояд.

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ аз ҳамаи гурӯҳҳои мухолифини тоҷик даъват кардааст, ки сангандозӣ ба якдигарро бас карда, дар муқобили “рақиби умумӣ” муттаҳид шаванд. Кабирӣ боз ба найранги дигар шурӯъ кардааст. Мардум фаромӯш накардаанд, ки раҳнамову раҳкушои собиқ ҲНИТ дар давоми солҳое, ки Муҳиддин Кабирӣ сарварии онро ба зимма дошт, хоҷагони хориҷие буданд, ки маслаки тафриқаандозиро дар миёни мусулмонон пешаи худ қарор додаанд.

Фаъолияти ҲНИТ то замони ошкор шудани хиёнаткориҳову баста шуданаш дар Хатлон, хусусан ноҳияи Хуросон ҳам, бисёр заиф ба назар мерасид. Зоҳиран, ҷавонон ва бархе занон танҳо ба хотири ҳизби характери исломӣ доштани ҲНИТ барои узвият ба он алоқамандӣ нишон медоданд, аммо дар симои ҲНИТ як ҳизби сиёсиро намедиданд. Дар бораи барномаю оинномаи ин ҳизб маълумоти кофӣ надоштанд. Бинобар ин, пеш аз он, ки фаъолияти ғайриқонунии ҳизб аз ҷониби сохторҳои дахлдор манъ карда шуд, аллакай дар минтақаҳо фаъолияти ин ҳизб худ аз худ қатъ шуда буд. Шаҳрвандони Тоҷикистон узвияти худро аз ин ҳизб канда буданд, дигар ба роҳбарияти ҳизби наҳзат бовар надоштанд.
Олимони сиёсатшинос баҳои барҳақ додаанд, ки вуҷуд доштани ҳизби дорои характери динӣ дар замони авҷ гирифтани ифротгароиҳои динӣ-таассубӣ воқеан ҳам хатари ҷиддӣ ҳам барои Тоҷикистон ва ҳам барои минтақа дорад. Зеро барои гурӯҳҳои пасипардагие, ки мехоҳанд манфиатҳои геополитикии хоҷагони хориҷии худро пиёда кунанд, беҳтарин ниҳоди расмӣ ҳамин ҳизбҳои сиёсӣ-исломӣ мебошанд. Тавассути ҳизбҳои сиёсӣ-исломӣ онҳо инфрасохторҳои мавҷудаи давлатиро барҳам медиҳанд ва ҳар ҳадафу манфиате, ки доранд, барои барҳам додани амнияти минтақа ва давлатҳо бо истифода аз ҳамин созмону ҳаракатҳои сиёсӣ амалӣ мегардонанд. Аз тарафи дигар он кирдору амалҳои хиёнаткоронаи содиркардаи ҳоҷӣ Ҳалим бори дигар дуруст, муҳим ва саривақтӣ будани ҳалномаи Суди Олиро дар хусуси баста шудани ҲНИТ нишон медиҳад.

«Идеали сиёсии мо Ваҳдати миллӣ, муттаҳидию ягонагӣ, дӯстию бародарӣ ва пешрафти Ватани азизамон мебошад», - гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ва халқи кишвари азизамон, бидуни шубҳа, бо ин ақидаи Пешвои миллат мувофиқ буда, пуштибонии комили худро изҳор медоранд.

Модоме ки ҷангу ҷидол балову фалокат барои зиндагист, пас сулҳофаринӣ - кӯшиши боздоштани ҷараёни марги оммавӣ, гурезагиву оворагӣ ва фақру гуруснагӣ, бояд дар сатҳи умумиҷаҳонӣ қадр карда шавад ва номи сулҳоварон дар тамоми дунё ба хосу омм ҳамчун қаҳрамони сулҳ маъруф гардад.

С. Тоҷиев,
омӯзгор, сокини ноҳияи Хуросон



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Хиёнати ҲНИТ алайҳи давлатдорӣ

Хиёнати ҲНИТ алайҳи давлатдорӣ

Хабарҳо, Сиёсат, Номаҳои Шумо
Мо зидди хазонему тарафдори баҳорем!

Мо зидди хазонему тарафдори баҳорем!

Сиёсат, Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Номаҳои Шумо
«Муроҷиати ҲНИТ тафриқаандозӣ ва иғвогарии навбатист»

«Муроҷиати ҲНИТ тафриқаандозӣ ва иғвогарии навбатист»

Сиёсат, Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Ҷавонони Фархор: ҲНИТ барои мо лозим нест

Ҷавонони Фархор: ҲНИТ барои мо лозим нест

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Номаҳои Шумо
Таҳрифи воқеият кори мардони оқил нест

Таҳрифи воқеият кори мардони оқил нест

Сиёсат