Дар як сатр
» » Баррасии масъалаҳои муҳимми марбут ба ҳуқуқи кӯдак

Баррасии масъалаҳои муҳимми марбут ба ҳуқуқи кӯдак

14-07-2017, 09:43

13 июли соли равон дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи Комиссияи ҳуқуқи кӯдаки назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таҳти роҳбарии раиси Комиссия - муовини раиси вилоят Хидирзода Махфират Умар баргузор гардид.

Баррасии масъалаҳои муҳимми марбут ба ҳуқуқи кӯдак

Дар ин нишаст аъзои Комиссияи вилоятӣ ва муовинони соҳаи иҷтимоии раисони шаҳру ноҳияҳо ва котибони Комиссияҳои ҳуқуқи кӯдаки шаҳру ноҳияҳои вилоят низ иштирок доштанд. Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба тарбияи ҳуқуқӣ, ки яке аз самтҳои афзалиятноки пешгирии ҳолатҳои ба ҳуқуқвайронкунӣ мебошад, инчунин ба ҷиноят даст задани шаҳрвандон, бахусус ноболиғон, рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” мавриди таҳлил ва муҳокима қарор дода шуд.

Маърӯзаи мудири бахши ҳуқуқи кӯдаки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Бегова Хатича, ёрдамчии калони прокурори вилояти Хатлон Садирзода Ҷумъахон ва сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо миёни ноболиғону ҷавонони Раёсати ВКД дар вилоят Салимов Маҳмадалӣ шунида шуд.

Қайд гардид, ки дар натиҷаи гузаронидани корҳои профилактиву фаҳмондадиҳӣ, суҳбату вохӯриҳо, чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву фароғатӣ ва озмуну мусобиқаҳо миёни наврасону ҷавонон сатҳи маърифати ҳуқуқии ноболиғон боло рафта, дар ин давра ба ҷиноят даст задани ноболиғон 54 ҳолат нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта кам шудааст.

Сипас, М. Хидирзода фаъолияти комиссияро мавриди таҳлил қарор дода, иброз намуд, ки дар самти фаъолияти комиссия корҳоро боз ҳам ҷоннок намуда, баҳри амалӣ гардидани қонуни мазкур, пешгирии ҳолатҳои ба ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноят даст задани ноболиғон ҳамкорӣ ва ширкати тамоми мақомотҳои дахлдор ва ҳар фарди ҷомеа ҳатмӣ мебошад.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Баррасии вазъи хизматрасониҳои муассисаҳои КАТС дар ҳузури муовини раиси ви ...

Баррасии вазъи хизматрасониҳои муассисаҳои КАТС дар ҳузури муовини раиси ви ...

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Тандурустӣ ва экология, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Сатҳи ҷинояткорӣ коҳиш ёфт

Сатҳи ҷинояткорӣ коҳиш ёфт

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР
Мақсад - хизматрасонии босифати тиббӣ ба модару кӯдак

Мақсад - хизматрасонии босифати тиббӣ ба модару кӯдак

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Тандурустӣ ва экология
Муборизаро бо коррупсия пурзӯр намоем

Муборизаро бо коррупсия пурзӯр намоем

Хабарҳо, АСАЛМО САФАРОВА
Чаро омӯзгор бо либоси хоси наварӯсон ба мактаб меояд?

Чаро омӯзгор бо либоси хоси наварӯсон ба мактаб меояд?

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, Маориф ва илм, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА