Дар як сатр
» » Д. Гулмаҳмадзода: “Саҳми ВАО дар рушди ҷомеа бузург аст”

Д. Гулмаҳмадзода: “Саҳми ВАО дар рушди ҷомеа бузург аст”

11-07-2017, 09:30


Нишасти матбуотии раиси вилоят, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода доир гардид. Дар нишасти матбуоти кормандони васоити ахбори оммаи вилоят, ҷумҳурӣ, расонаҳои байналмилалӣ, муовини аввал, муовинони раиси вилоят, дастгоҳ, мудирони шуъбаҳо, масъулини мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва роҳбарони ташкилоту муассисаҳо ширкат доштанд.

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти ХатлонДавлатшоҳ Гулмаҳмадзода, раиси вилояти Хатлон

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ сухан намуда, таъкид дошт, ки корхонаю муассисаҳои вилоят ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти кишвар ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дурнамо, барномаҳои тасдиқшуда тадбирҳои мушаххасро амалӣ намуда истодаанд. Дар натиҷаи андешидани тадбирҳои судманд ва бо истифода аз захираю имкониятҳои мавҷуда дар вилоят шароит муҳайё гардид, ки нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят бо натиҷаҳои мусбат ҷамъбаст карда шаванд.

Тавре ки раиси вилоят иттилоъ дод, қисми даромади буҷети маҳаллӣ дар нимсолаи аввали соли 2017-ум 101,4 фоиз таъмин гардида, ба буҷет 444 миллион сомонӣ ворид карда шуд, ки нисбати нақша 6,2 миллион сомонӣ ва ҳамин давраи соли 2016-ум 28,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар давраи сипаришуда оид ба маблағгузории ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ тадбирҳои мушаххас андешида, тибқи ҳисоботҳо ба соҳаҳои буҷетии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо 671 миллион сомонӣ, аз ҷумла ба соҳаҳои маориф 381 миллион сомонӣ, тандурустӣ 169 миллион сомонӣ, фарҳанг 23 миллион сомонӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ 12 миллион сомонӣ, нақлиёт ва коммуникатсия 3,5 миллион сомонӣ ва сохтмон 18,6 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ равона карда шуданд.

Дар вилоят бо мақсади сари вақт пардохт намудани маблағи нафақапулиҳо аз ҳисоби воридоти маблағи андози иҷтимоии худӣ ва кумакҳои молиявӣ 368 миллион сомонӣ равона карда шудааст.

Ба шуғл фаро гирифтани захираҳои меҳнатӣ яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор меравад. Аз ин рӯ, дар ин раванд тадбирҳо андешида, имкон фароҳам омад, ки 15,7 ҳазор ҷойи нави корӣ ва барқароршуда таъсис дода шавад. Инчунин дар ин давра 190 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ гузаронида шуда, аз ин ҳисоб 3,8 ҳазор нафар шаҳрвандон бо ҷойи кор таъмин карда шуданд.

Дар нимсолаи якуми соли 2017 аз тарафи бонкҳои вилоят 455,2 миллион сомонӣ қарзҳои бонкӣ ба соҳаҳои иқтисодиёт ҷудо карда шуд, ки аз он 35 фоиз (160 миллион сомонӣ) ба соҳаҳои кишоварзӣ, 44 фоиз (202 миллион сомонӣ) ба соҳаи саноату сохтмон ва 21 фоиз (93 миллион сомонӣ) ба соҳаи савдо ва хизматрасонӣ рост омада, нисбати ҳамин давраи соли гузашта 37 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ гардиши савдои чакана 2,2 миллиард сомонӣ ва ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ бо нархҳои ҳақиқӣ ба 831 миллион сомонӣ расид, ки мутаносибан 115,8 ва 107,8 фоизи ҳамин давраи соли гузаштаро ташкил медиҳад.

Мавсуф таъкид дошт, ки гардиши савдои хориҷӣ дар ин давра ба 97,8 миллион доллари америкоӣ расид, ки аз он 50,8 миллион доллар содирот ва 47,2 миллион доллар воридоти молу маҳсулотро ташкил дода, тарози савдои хориҷӣ мусбат арзёбӣ мегардад. Аз рӯйи маълумотҳои оморӣ аз вилоят 64 ҳазор тонна маҳсулотҳои кишоварзӣ ба хориҷи кишвар содирот шуд.

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода таъкид дошт, ки рушди соҳаи саноат фишанги асосии болоравии иқтисод ба шумор меравад. Аз ин лиҳоз, дар ин давра корхонаҳои саноатӣ дар якҷоягӣ бо бахши хусусӣ ба маблағи 2,6 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол намуда, ҳаҷми истеҳсолро нисбати ҳамин давраи соли гузашта 615 миллион сомонӣ зиёд ва суръати афзоиш бо нархҳои ҳақиқӣ 30 фоиз ва муқоисавӣ 18 фоиз таъмин гардид.

Д. Гулмаҳмадзода: “Саҳми ВАО дар рушди ҷомеа бузург аст”

Дар ҳаҷми умумии истеҳсоли намудҳои маҳсулот, ҳиссаи саноати коркард 42,4 фоиз, саноати истихроҷи маъдан 3,9 фоиз, истеҳсоли неруи барқ 47,5 фоиз, тақсимоти неруи барқ, газ ва дигар хизматрасонӣ 6,2 фоизро ташкил медиҳад.

Ба афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ин давра асосан истеҳсоли маводи хӯрока, нӯшокиҳо дар сатҳи 7,5 фоиз, истеҳсоли нассоҷӣ 2,6 баробар, дӯзандагӣ - 16,3 фоиз, коркарди чӯбу тахта ва дигар маснуоти чӯбин 16,4 фоиз, маводи кимиёвӣ - 35,0 фоиз, маснуоти резинӣ ва полиэтиленӣ 18 маротиба, маҳсулоти ғайрифилизии маъданӣ 56,0 фоиз, таҷҳизоти барқӣ 3 баробар, мебелбарорӣ 7,0 фоиз, истеҳсолу тақсимоти неруи барқ ва маҳсулоти нафтӣ 30,8 фоиз ва ғайра замина фароҳам овардаанд.

Зимни суханронӣ дар нишасти матбуотӣ раиси вилоят Д. Гулмаҳмадзода аз он изҳори қаноатмандӣ намуд, ки танҳо дар ҳудуди минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» сохтмони 11 иншооти саноатӣ идома дошта, тибқи нақша баъзе аз онҳо то охири соли равон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешаванд. Албатта бунёди иншоотҳои мазкур имкон фароҳам меоварад, ки садҳо ҷойҳои нави корӣ пайдо гардад ва муҳим аз ҳама сатҳи иқтисодӣ боз ҳам рушду нумӯъ ёбад.

Зимни нишасти матбуотӣ Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода доир ба соҳаи маориф ба рушди соҳа изҳори назар намуда, афзуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят диққати асосиро ба рушди соҳаи маориф равона намуда, ҷиҳати мустаҳкам гардидани заминаи моддӣ- техникии соҳа ва муҳайё кардани шароити мусоид барои таҳсили хонандагон мунтазам чораҷӯӣ менамояд. Зеро дар ин самт ғамхориҳои Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назаррас аст.

Натиҷаи ин аст, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021” тасдиқ гардида, тибқи қарори мазкур дар давраи амалишавии Барнома бояд аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 566 муассисаи таълимӣ сохта ба истифода дода шаванд. Роҳбари вилоят ироа доштанд, ки ин ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон фароҳам меоварад, ки сатҳи таълиму тарбия боз ҳам беҳтару хубтар ба роҳ монда шавад.

Айни замон дар 135 муассисаи томактабии вилоят 15167 нафар ва дар 758 маркази инкишофи кӯдак бо фарогирии 18099 нафар кӯдакон фаъолият доранд, ки дар маҷмӯъ 33266 нафарро ташкил медиҳанд, таъкид рафт дар нишасти матбуотӣ.

Хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар соли 2017 бо гирифтани 105 ҷойи ифтихорӣ, аз ҷумла 18 медали тилло, 30 медали нуқра ва 57 медали биринҷӣ сазовор гардидаанд.

Зимни суханронӣ Д. Гулмаҳмадзода нисбати соҳаи тандурустӣ низ таъкид ба миён овард. Равшан гардид, ки дар вилоят барои беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва устувор намудани заминаҳои моддию техникии иншоотҳои тандурустӣ тадбирҳо андешида шуда, дар 6 моҳаи аввали соли ҷорӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ дар як қатор муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Ш. Шоҳин, Дӯстӣ, Ҳамадонӣ, А. Ҷомӣ, Қубодиён ва Ёвон таҷҳизотҳои замонавии тиббӣ ворид карда шуд.

Сатҳи хизматрасонии тиббӣ дар муассисаҳои соҳаи тандурустӣ баланд гардида, нишондиҳандаҳо дар самти саломатии модару кӯдак, паст намудани шиддати бемориҳои сироятӣ беҳтар гирдидааст.

Зимни суҳбат бо рӯзноманигорон роҳбари аввали вилоят аз ҷумла саҳми ВАО-ро дар рушди ҷомеа хуб арзёбӣ карда, инчунин ёдовар гардид, ки дар васоити ахбори омма 69 хабару мақолаҳои таҳлилию танқидӣ пахш ва нашр гардида, ба 47-тои онҳо вокуниш шудааст, 22 адад дар марҳилаи баррасӣ қарор доранд. Ҳамин тавр Д. Гулмаҳмадзода доир ба фаъолияти соҳаҳои фарҳанг, варзиш, ҷавонон, кишоварзӣ, нақлиёт ва роҳ, сохтмон, алоқа изҳори назар намуд.

Сипас, кормандони ВАО доир ба паҳлуҳои гуногуни соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят суолҳо дода аз ҷониби раиси вилоят посухҳои қаноатбахш гирифтанд.

ВАХШОНА,
“Хатлон”


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Вазъи иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар семоҳаи якуми соли 2017

Вазъи иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон дар семоҳаи якуми соли 2017

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Иқтисоду тиҷорат, АСАЛМО САФАРОВА
Ошкорсозии 1,1 млн. сомонӣ зарар

Ошкорсозии 1,1 млн. сомонӣ зарар

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзоиш ёфт

Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзоиш ёфт

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Ироаи 110 миллион сомонӣ қарзҳои бонкӣ дар вилоят

Ироаи 110 миллион сомонӣ қарзҳои бонкӣ дар вилоят

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Дастовардҳои Хатлон дар соли 2014

Дастовардҳои Хатлон дар соли 2014

Иқтисоду тиҷорат