Дар як сатр
» » Кафтор – ҳайвоне, ки шуморааш коҳиш меёбад

Кафтор – ҳайвоне, ки шуморааш коҳиш меёбад

8-07-2017, 13:23

Мамнӯъгоҳи “Бешаи палангон” дар ҳудуди ноҳияҳои Дӯстӣ ва Ҷайҳун воқеъ буда, бештари ҳудуди онро ҷангалзор ташкил медиҳад. Яке аз ҳайвонҳои дарандаи ин мамнӯъгоҳ кафтор буда, тана ва думи кутоҳ, гардани ғафс, сари калон, гӯши дароз (то 13 см), пойҳои нисбатан борику заиф, пашми сиёҳтоби рах-рах дорад. Пойҳои пешаш нисбати пойҳои қафо дарозтар аст.

Кафтор – ҳайвоне, ки шуморааш коҳиш меёбад

Кафтор дар 3-4-солагӣ болиғ мешавад ва кафтори модина 2-5 бачаи нобино мезояд. Ҷойи аслияш туғайзор мебошад. Кафтор ҳайвони шабгард аст. Он дар вақти наёфтани хӯрок, гоҳо ба қишлоқҳо низ меояд ва ба чорвои мардум шабона ҳуҷум карда, зарари зиёде мерасонад. Ҳатто сагҳо низ ба кафторҳо ҳамла оварда наметавонанд. Ин боиси харобшавии молҳои қишлоқ мегардад.

Кафторҳо аз ҷангал баромада, ба қишлоқ омада, дар заминҳои мардум хона карда, дар он ҷо зиндагӣ мекунанд ва намегузоранд, ки мардум дар заминҳояшон кор кунанд. Аз ин мардум ба дод омада, гоҳе онҳоро шикор мекунанд. Як бегоҳӣ сокинони маҳаллӣ диданд, ки дар ҳелча 5 кафторбачаи хурд будаанд. Онҳоро кушта, интизори модарашон шуданд. Тахминан соати 17:00 модари кафторбачаҳо омад. Мардум дар даст белу каланд дошта, ӯро зада, ярадор карданд, аммо кушта натавонистанд. Кафтор аз бачаҳояш ҷудо гашта, ба ҷангал гурехта рафт.

Аз нобуд кардани кафторҳо дар ин қишлоқ молҳои мардум зиёд гардид. Аммо шумораи кафторҳо кам шудан дорад. Дигар онҳо аз ҳудуди ҷангал намебароянд ва хӯрокашон дар он ҷо лошаҳои калон, сангпуштҳои даштӣ ва ғайраҳо мебошад.

Ниёз НАВБАТОВ,
донишҷӯи курси 1-и ихтисоси рӯзноманигории
ДДҚ ба номи Носири Хусрав



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«Бешаи палангон»

«Бешаи палангон»

Хабарҳо, Туризм, Номаҳои Шумо
Қафомонии ақлии кӯдакон ва наврасонро сабаб чист?

Қафомонии ақлии кӯдакон ва наврасонро сабаб чист?

Тандурустӣ ва экология
Умре дар хидмати мардум

Умре дар хидмати мардум

Арсаи кишоварзӣ, МАЛИКОВ ҲУСЕЙН
Худо аз марги забон нигоҳ дорад!

Худо аз марги забон нигоҳ дорад!

Фарҳанг ва адабиёт, КОМРОНИ БАХТИЁР

"Модарамро ёд кардам" - мегӯяд момои Ҳуснигул

Ҳаёти иҷтимоӣ, Номаҳои Шумо