Рӯзномаи Хатлон » Дигар матолиб » «Хатлон» - рӯзномаи серхонандатарин


«Хатлон» - рӯзномаи серхонандатарин



Диаграммаи 59. Раддабандии рӯзномаҳо дар вилояти Хатлон, %, N = 375. Посухдиҳанда имкон дошт, ки якчанд ҷавобро интихоб кунад.

1 июн дар шаҳри Душанбе натиҷаҳои тадқиқоти "Афзалиятҳои расонавии аҳолии Тоҷикистон..." муаррифӣ гардиданд.

Ин тадқиқоти сотсиологӣ аз ҷониби Маркази сотсиологии "Зеркало", ТҶ "Машварати расонавӣ" ва Вазорати фарҳанги Тоҷикистон анҷом дода шудааст.

Барои ҳайати эҷодии мо фараҳангез ин аст, ки аз рӯйи натиҷаҳои ин тадқиқот, рӯзномаи "ХАТЛОН" дар раддабандии нашрияҳои серхонандатарин дар вилояти Хатлон дар ҶОЙИ 1-УМ қарор гирифтааст. 28,8%-и пурсидашудаҳо (зиёда аз 2500 нафар пурсида шудаанд) дар вилоят моро мехондаанд. 

Ҳамчунин дар раддабандии нашрияҳои даврие, ки респондентҳо ҳамчун сарчашмаи ахбори боэътимод унвон додаанд, дар сатҳи ҷумҳурӣ рӯзномаи мо ба ҳаштгонаи беҳтаринҳо шомил шудааст.

Мо аз ҳамаи хонандаҳо ва алоқамандони рӯзнома сипосгузорем, ки ҳамеша бо моанд.

Мекӯшем, ки мунтазам бо пешниҳоди ахбори боэътимод, маводи таҳлиливу видеоҳои ҷолиб дар хизмати хонандаи худ бошем.

Ба ҳамаамон муборак бошад!

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода