Дар як сатр
» » 1094 медали варзишгарони вилоят дар шаш моҳ

1094 медали варзишгарони вилоят дар шаш моҳ

6-07-2017, 14:55

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи якҷояи Шӯроҳои ҳамоҳангсозӣ оид ба рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва комиссияи байниидоравӣ оид ба рушди соҳаи туризм бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон Махфират Хидирзода баргузор гардид.

Махфират Хидирзода, муовини раиси вилояти ХатлонМахфират Хидирзода, муовини раиси вилояти Хатлон

- Варзиш василаи бисёр пурқуввати тарбия аст, - гуфт Махфират Хидирзода, муовини раиси вилояти Хатлон. - Метавонем, тавассути варзиш ҷавононро дар роҳи ватандӯстию хештаншиносӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ тарбия намоем. Ҳамчунин, як роҳи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, ин ба варзиш ҷалб кардани ҷавонон аст.

Рӯзномаи Шӯрои ҳамоҳангсозӣ аз чор масъала иборат буд. Аз рӯйи масъалаи якум Фариза Абдуллоева, сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон, баромад намуд. Ба иттилои сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш, дар вилояти Хатлон 29 мактаби варзишии кӯдакону наврасон, 1 мактаби маҳорати олии варзишӣ, 1 мактаби махсуси варзишии кӯдакону наврасон ба номи Саидмуъмин Раҳимов, 34 варзишгоҳ, 27 ҳавзи шиноварӣ, 2949 майдончаи варзишӣ, 511 толори варзишӣ амал мекунад, ки дар онҳо 587 нафар мураббиён аз рӯйи 36 намуди варзиш ба 14596 нафар варзишгар тамрин медиҳанд, ки аз онҳо 1591 нафарро занон ташкил медиҳанд.

- Дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Норак, Сарбанд, Дӯстӣ, Ҷалолиддини Балхӣ, Носири Хусрав, Фархор, Панҷ ва Ёвон бонувон ба варзиш ҷалб гардида, дастаҳои духтаронаи варзишӣ ташкил карда шудааст, - гуфт сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Фариза Абдуллоева. - Вале дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба ин масъала диққати ҷиддӣ зоҳир накардаанд. Мутаассифона, мавҷуд набудани шароити мусоид барои сайқал додани маҳорати варзишии бонувон низ ба мушоҳида мерасад.

1094 медали варзишгарони вилоят дар шаш моҳ

Дар Шӯро зикр карда шуд, ки варзишгарони вилоят соли 2017 дар 40 мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ширкат варзида, 364 медали тилло, 327 медали нуқра ва 403 медали биринҷӣ, дар маҷмӯъ 1094 медал, ба даст овардаанд. Варзишгарони вилоят дар мусобиқаҳои байналмилалӣ соҳиби 20 медал, аз ҷумла 5 медали тилло, 8 медали нуқра ва 7 медали биринҷӣ шуданд.

1094 медали варзишгарони вилоят дар шаш моҳ- Яке аз масъалаҳои муҳим барои ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ, ин таҳия намудани хатсайру роҳнамои сайёҳӣ мебошад, - иброз дошт Беҳрӯз Бобоев, сармутахассиси бахши варзиши Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят. - Дар вилоят 19 хатсайри сайёҳӣ таҳия гардидааст. Ҳарчанд оид ба пешниҳод намудани хатсайрҳои сайёҳӣ, шиносномаҳои мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ борҳо аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дастур дода шудааст, то ба имрӯз аз ҷониби шаҳру ноҳияҳои Хуросон, А. Ҷомӣ, Сарбанд, Ҷайҳун, Носири Хусрав, Данғара, Темурмалик, Восеъ, Ҳамадонӣ, Ховалинг хатсайру роҳнамо ва шиносномаҳои сайёҳӣ пешниҳод нагаштаанд.

Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои сайёҳон дар ноҳияи Балҷувон ду меҳмонхонаи замонавӣ, як меҳмонхонаи сохти нав - ҳомстей, се осорхона ва як ширкати сайёҳӣ бо номи «Сари хосор тревел» фаъолият доранд. Дар 6 моҳи аввали соли равон ба ноҳияи Балҷувон 24 сайёҳи хориҷӣ, асосан аз кишварҳои Аврупо, ташриф овардаанд.

Тибқи маълумоти оморӣ, дар шаш моҳи соли 2017 ба вилояти Хатлон 105 сайёҳи хориҷӣ ва 3100 нафар сайёҳони дохилӣ аз зиёратгоҳҳо, осорхона ва дигар мавзеъҳои сайёҳии вилоят дидан намудаанд.

Фаромӯз БОБОЕВ,
«Хатлон»


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

9409  ҷавонон ба кор таъмин гаштанд

9409 ҷавонон ба кор таъмин гаштанд

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Бунёди 445 толор ва 535 майдончаи варзишӣ дар 5 сол

Бунёди 445 толор ва 535 майдончаи варзишӣ дар 5 сол

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
154 медали варзишгарони Хатлон дар 3 моҳ

154 медали варзишгарони Хатлон дар 3 моҳ

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Номаҳои Шумо
104 медали тилои варзишгарони Хатлон

104 медали тилои варзишгарони Хатлон

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Варзишгарони Хатлон: «Барои Ҷоизаи Президент талош мекунем»

Варзишгарони Хатлон: «Барои Ҷоизаи Президент талош мекунем»

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш