Дар як сатр
» » Лоиҳаи таъмини оби нӯшокӣ дар ноҳияи Панҷ ғолиби озмуни Ҷопон гардид

Лоиҳаи таъмини оби нӯшокӣ дар ноҳияи Панҷ ғолиби озмуни Ҷопон гардид

6-07-2017, 07:43

Дар шаҳри Токиои Ҷопон бахшида ба ҷоизаи лоиҳаи «Барқарор намудани низоми таъмини оби нӯшокӣ дар ноҳияи Панҷ» ҷамъомад баргузор гардид. Лоиҳаи мазкур ҳамчун беҳтарин тарҳи татбиқшуда аз ҷониби ширкатҳои ҷопонӣ дар соҳаи сохтмони шаҳрвандӣ дар хориҷи кишвар интихоб шудааст.

Лоиҳаи таъмини оби нӯшокӣ дар ноҳияи Панҷ ғолиби озмуни Ҷопон гардид

Ин лоиҳаи дар Тоҷикистон аз ҷониби ширкатҳои «Eight-Japan Engineering Consultants Inc.» ва «Dai Nippon Construction» бо маблағгузории Ҳукумати Ҷопон тавассути Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ татбиқ шудааст.

Ҷамъияти муҳандисони шаҳрвандии Ҷопон (Japan Society of Civil Engineers JSCE) барои тарҳрезӣ ва амалисозии лоиҳаи «Барқарор намудани низоми таъмини оби нӯшокӣ дар ноҳияи Панҷ» ширкатҳои «Eight-Japan Engineering Consultants Inc.», «Dai Nippon Construction» ва КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и Тоҷикистонро бо ҷоиза сарфароз намудааст. Ин шашумин ҷоизаест, ки аз ҷониби Ҷамъияти муҳандисони шаҳрвандии Ҷопон барои тарҳҳои пешқадам дар соҳаи сохтмони шаҳрвандӣ, ки дар хориҷи кишвар татбиқ шудаанд, мукофонида шудааст.

Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ бар асоси даъвати роҳбари ширкати «Eight-Japan Engineering Consultants Inc.» дар ин ҷамъомад ширкат намуд.

Зимни суханронӣ Сафири Тоҷикистон ҷонибҳои иштирокчиёнро аз таҳия ва татбиқи лоиҳаи мазкур табрик гуфта, изҳори боварӣ намуд, ки натиҷаи чунин корҳо минбаъд низ ҳадафи мукофотҳои байналмилалӣ қарор хоҳад гирифт. Сафир аҳамияти тарҳи татбиқшударо ҳам барои Тоҷикистон ва ҳам барои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар рушди бахши иҷтимоӣ таъкид сохт.

Корҳои сохтмонӣ оид ба барқарорсозии низоми таъминоти об дар доираи ин лоиҳа аз моҳи марти соли 2013 то охири соли 2016 гузаронида шудааст. Низоми татбиқшудаи обтаъминкунӣ аз ду обанбор, яке дар ҳаҷми 1800 м3 ва дигаре дар ҳаҷми 250 м3 иборат буда, аз рӯйи сохт лоиҳаи ягона дониста шудааст ва миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ тарҳи ҳаммонанд сохта нашудааст. Зиёда аз 29 ҳазор аҳолии ноҳияи мазкур бо оби тозаи нӯшокӣ дастрасӣ пайдо намудаанд, ки ин дар навбати худ ба беҳтаргардонии сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ мусоидат менамояд.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Таъмини хобгоҳи Муассиса-интернати Вахш бо таҷҳизот (аксу видео)

Таъмини хобгоҳи Муассиса-интернати Вахш бо таҷҳизот (аксу видео)

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Иқтисоду тиҷорат, КОМРОНИ БАХТИЁР
Мулоқоти раиси вилоят бо роҳбари JICA

Мулоқоти раиси вилоят бо роҳбари JICA

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ҳамкории Ҷопон дар бозсозии мактабҳои деҳотӣ

Ҳамкории Ҷопон дар бозсозии мактабҳои деҳотӣ

Хабарҳо, Маориф ва илм, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Бунёди мактаби нав дар Ёвон

Бунёди мактаби нав дар Ёвон

Хабарҳо, Маориф ва илм, КОМРОНИ БАХТИЁР
Балҷувон. Бинои нав дар беморхонаи марказӣ

Балҷувон. Бинои нав дар беморхонаи марказӣ

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА