Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Хабарнигорони мо ғолиби даври шаҳрии озмун шуданд


Хабарнигорони мо ғолиби даври шаҳрии озмун шуданд



Хабарнигорони рӯзномаи “Хатлон” Фарида Баротова ва Ҷасури Қиёмиддин дар даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ғолиб омада, ба даври вилоятии ин озмуни бонуфуз роҳхат гирифтанд.

Моҳи май даври дуюми озмуни мазкур, ки таҳти сарпарастии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мегузарад, дар тамоми шаҳру навоҳии вилояти Хатлон барпо гардид.

30-31 май дар маркази маъмурии вилоят – шаҳри Бохтар низ бо иштироки садҳо нафар хонандагон, донишҷӯён ва намояндагони касбу кори гуногун даври шаҳрии озмун доир шуд. Иштирокчиёни озмун ба ҳайати ҳакамон маҳорату малака, қобилияти хондан ва аз худ кардани осори адибонро муаррифӣ намуданд.

Маҳорату истеъдоди иштирокчиёни озмун аз рӯйи меъёрҳои зерин баҳогузорӣ карда шуд:

- барои таваҷҷуҳ ба мавзӯъҳои Ватану ватандӯстӣ, ваҳдату якпорчагии Тоҷикистон, тавсифи ғояҳои Истиқлолу озодӣ, инъикоси саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат дар таҳкими давлатдории миллӣ, мавзӯи об ҳамчун сарчашмаи ҳаёт, инсондӯстӣ, хайру саховат, накукорӣ, васфи ҷашнҳои Наврӯз, Меҳргон, Сада, ишқи поки инсонӣ, эҳсонкорӣ, дӯстию бародарӣ, сулҳу субот, бунёди роҳу нақбҳо ва иншооти бузурги аср, корнамоиҳои фарзандони фарзонаи миллат дар бунёдкорию ободонӣ;

- барои қобилияти нақл ва тарзи қироат, шарҳи мухтасари асар, маълумот оид ба қаҳрамонони асар, баёни лаҳзаҳои ҷолиби асар, қобилияти озодбаёнӣ ва санъати суханварӣ, ҳунари ровигӣ, қобилияти луғатдонӣ ва шарҳи маънои луғавии вожаҳо, дарки дурусти мазмун ва муҳтавои асар, таассурот аз хондани асар.

Наргис Қурбонзода, муовини раиси шаҳри Бохтар, зимни ифтитоҳи даври шаҳрии озмун қайд кард, ки соли чорум аст таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад ва сол то сол дар сифату мазмуни ин озмун пешравиҳои назаррас дида мешавад. Ин пешравиҳо дар фарогирии бештари асарҳои хонданӣ, боло рафтани сифати омӯзишу омодагии довталабон, муносибати ҷиддитари масъулин ва устодону волидайни иштирокдорони ин озмун мушоҳида гардид.

Мақсади асосии Пешвои муаззами миллат аз баргузории ин озмун, пеш аз ҳама, дарёфти чеҳраҳои нави соҳибистеъдод, донишманд, китобхону сухандон ва тарғиби фарҳанг, илму дониш ва китобу китобхонӣ дар байни аҳолии кишвар аст.

Аз рӯйи натиҷаи даври шаҳрии озмун, хабарнигорони ҷавони рӯзномаи “Хатлон” Фарида Баротова аз рӯйи номинатсияи «Адабиёти ҷаҳон» ва Ҷасури Қиёмиддин дар номинатсияи «Адабиёти муосири тоҷик» дар миёни беҳтаринҳо қарор гирифта, ба даври вилоятии озмун, ки моҳи октябр баргузор мегардад, роҳхат дарёфтанд.

Қобили зикр аст, ки имсол барои баргузории озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 045 000 (се миллиону чилу панҷ ҳазор) сомонӣ ба таври нақд ҷудо мегардад, ки нисбат ба соли пешин зиёд аст. Ин маблағ соли 2021-ум 2 835 000 (ду миллиону ҳаштсаду сиюпанҷ ҳазор) сомониро ташкил медод.

Ҳангомаи Исмат , “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода