Дар як сатр
» » Ансамблҳои оилавӣ аз Кӯлобу Қубодиён ғолиби даври аввали Фестивали «Дунёи саодат» шуданд

Ансамблҳои оилавӣ аз Кӯлобу Қубодиён ғолиби даври аввали Фестивали «Дунёи саодат» шуданд

5-07-2017, 07:39

Шоми имрӯз, 5 июл, соати 17:00, дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев Фестивали ҷумҳуриявии ансамблҳои оилавӣ таҳти унвони «Дунёи саодат» ҷамъбаст мегардад. Дар барнома ансамблҳои оилавие, ки дар даври аввал ғолибият ба даст оварда буданд, ҳунари худро манзури тамошобинон мегардонанд.

Рамзи Фестивали ҷумҳуриявии ансамблҳои оилавӣ бо номи «Дунёи саодат»

Даври аввали Фестивали ҷумҳуриявии ансамблҳои оилавӣ таҳти унвони «Дунёи саодат» моҳи майи соли 2017 оғоз гардид. Дар даври аввал 51 ансамбли оилавӣ аз ноҳияҳои тобеи марказ, вилояти Суғд, Хатлон ва ВМБК иштирок намуда, дар натиҷа 10 ансамбли оилавӣ ба даври ҷамъбастӣ роҳ ёфтанд.

Аз 10 ансамбли оилавии вилояти Хатлон ансамблҳои шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Қубодиён, аз 16 ансамбли навоҳии тобеи марказ ансамблҳои оилавии ноҳияҳои Лахш, Файзобод, Нуробод, Ҳисор ва шаҳри Турсунзода ғолибият ба даст оварданд. Аз 9 ансамбли Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ансамблҳои оилавӣ аз ноҳияҳои Ишкошим ва Мурғоб, аз 16 ансамбли оилавии вилояти Суғд ансамбли оилавии ноҳияи Мастчоҳ ба даври ҷамъбастӣ роҳ ёфтанд.

Ғолибон ва фаъолони ҷашнвора бо туҳфаю ифтихорнома ва нишони сарисинагии «Аълочии фарҳанги Тоҷикистон» қадрдонӣ мешаванд.

Фестивали мазкур бо ибтикори Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди фаъолияти ансамблҳои оилавӣ, дарёфти чеҳраҳои нав, ҷалби ҳарчи бештари мардуми кишвар ба фарҳангу санъат ва ба ин васила баланд бардоштани нақши оила дар тарбияи ҳисси зебоипарастии ҷавонону наврасон гузаронида мешавад.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Даври якуми фестивали бадеҳахонӣ дар Кӯлоб

Даври якуми фестивали бадеҳахонӣ дар Кӯлоб

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт
Таъсиси ансамблҳои рақсӣ дар Қӯрғонтеппа

Таъсиси ансамблҳои рақсӣ дар Қӯрғонтеппа

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Фестивали «Ҷилваи ҳусн». Киҳо ба вилоятӣ роҳхат гирифтанд?

Фестивали «Ҷилваи ҳусн». Киҳо ба вилоятӣ роҳхат гирифтанд?

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Китобдорони беҳтарини Хатлон Аълочии фарҳанги Тоҷикистон шуданд

Китобдорони беҳтарини Хатлон Аълочии фарҳанги Тоҷикистон шуданд

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Таъсиси «Садбарг» ва эҳёи «Осмон»

Таъсиси «Садбарг» ва эҳёи «Осмон»

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА