Дар як сатр
» » Бостоншиносони ҷавони 8 кишвар ба Хатлон омаданд

Бостоншиносони ҷавони 8 кишвар ба Хатлон омаданд

4-07-2017, 10:53

3 июл дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ботантанаи ифтитоҳи «Мактаби байналмилалии тобистонаи бостоншиносони ҷавон дар шаҳри бостонии Ҳулбук» баргузор гардид.

Бостоншиносони ҷавони 8 кишвар ба Хатлон омаданд

Чорабиниро президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ифтитоҳ бахшида, зикр кард, ки «Мактаби байналмилалии тобистонаи бостоншиносони ҷавон дар шаҳри бостонии Ҳулбук» бо ибтикори Вазорати фарҳанг ва Академияи илмҳои Тоҷикистон ва дастгирии Бунёди байналхалқии Давлатҳои Иттиҳод ташкил гардида, аз 2 то 8 июли соли 2017 дар минтақаи Кӯлоб идома меёбад.

Барои иштирок дар мактаби бостоншиносони ҷавон аз кишварҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озорбойҷон, Россия ва Украина ташриф овардаанд.

3 июл, қабл аз маросими кушодашавӣ, иштирокчиён аз Осорхонаи бостонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуда, бо нигораҳои таърихии он шинос гардиданд.

Мувофиқи барнома дар ин давра баргузории ҷаласаҳо дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии «Ҳулбук», машғулиятҳои илмию амалӣ дар мавзеи таърихии Ҳулбук дар назар аст.

Иштирокчиён инчунин аз кӯҳи намаки Хоҷа Муъмин, воқеъ дар ноҳияи Восеъ ва мавзеи Чилдухтарони ноҳияи Муъминобод дидан хоҳанд кард.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Бо ҳам сайри Хатлон мекунем!

Бо ҳам сайри Хатлон мекунем!

Хабарҳо, Туризм, Номаҳои Шумо
Ифтитоҳи Расадхонаи байналмилалии астраномии “Санглох”

Ифтитоҳи Расадхонаи байналмилалии астраномии “Санглох”

Хабарҳо, Маориф ва илм
Рӯзноманигорон аз қалъаи таърихии «Ҳулбук» дидан карданд

Рӯзноманигорон аз қалъаи таърихии «Ҳулбук» дидан карданд

---
Бозёфтҳои нодир дар Данғара

Бозёфтҳои нодир дар Данғара

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Ҷавонон ба тамошои «Хуррамшаҳр» рафтанд

Ҷавонон ба тамошои «Хуррамшаҳр» рафтанд

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР