Дар як сатр
» » Эҳтиёт бошед: ғарқшавии се нафар ҳангоми оббозӣ

Эҳтиёт бошед: ғарқшавии се нафар ҳангоми оббозӣ

4-07-2017, 08:54

Дар рӯзҳои истироҳатӣ якчанд ҳолати нохуши зимни оббозӣ ба ҳалокат расидани шаҳрвандон ба қайд гирифта шудааст. Аз он ҷумла, 2-юми июли соли 2017, тахминан соати 17:30-дақиқа, ҷавондухтари 22-солаи сокини шаҳри Қӯрғонтеппа ҳангоми оббозӣ кардан дар дарёи Вахш аз беэҳтиётиаш ғарқ шуда, ба ҳалокат мерасад.

Эҳтиёт бошед: ғарқшавии се нафар ҳангоми оббозӣ

Ба иттилои дафтари матбуотии ВКД, барои дарёфт намудани ҷасади ғарқшудагон чорабиниҳои ҷустуҷӯӣ идома доранд. "Дар ҳамин рӯз, тахминан соати 14:00, ноболиғ, писарбачаи 14-солаи сокини ноҳияи Ёвон ҳангоми оббозӣ кардан дар канали обгузари назди манзили истиқоматиашон аз беэҳтиётӣ ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст", - афзуд манбаъ.

1-уми июли соли 2017, тахминан соати 15:20 дақиқа, ноболиғ, ҷавонписари 17-солаи сокини деҳаи Хуррамчашмаи ноҳияи Данғара, ҳангоми оббозӣ кардан дар дарёи Вахш аз беэҳтиётиаш ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст.

Ҳамчунин, рӯзи 30-уми июни соли 2017, тахминан соати 14:00, хурдсол, духтарчаи 2-солаи сокини ноҳияи Вахш аз беэҳтиётии волидайнаш ба ҷӯйбори обгузари назди ҳавлии истиқоматиашон афтида, ғарқ шудааст.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ҳушдори ВКД аз беназоратии кӯдакон

Ҳушдори ВКД аз беназоратии кӯдакон

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Тандурустӣ ва экология, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Ҳалокати 5 ноболиғ ҳангоми оббозӣ

Ҳалокати 5 ноболиғ ҳангоми оббозӣ

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология
Ҳушёр бошед! 5 ҳодисаи ғарқшавӣ дар 3 рӯз

Ҳушёр бошед! 5 ҳодисаи ғарқшавӣ дар 3 рӯз

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
1,5 соат пеш. Ғарқи об шудани ҷавони 25-сола дар Ёвон

1,5 соат пеш. Ғарқи об шудани ҷавони 25-сола дар Ёвон

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Тандурустӣ ва экология, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ишғоли худсаронаи замин дар Вахш

Ишғоли худсаронаи замин дар Вахш

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА