Дар як сатр
» » Чӣ тавр дар гармои шадид саломатиро ҳифз кунем? (Маслиҳати табиб)

Чӣ тавр дар гармои шадид саломатиро ҳифз кунем? (Маслиҳати табиб)

3-07-2017, 17:35

Гармии тоқатфарсои ҳаво дар тобистон ва хоҳиши нӯшидани оби зиёд метавонад ба организми инсон як қатор ноҷуриҳоро ворид намояд. Нӯшидани оби тамизношуда ва нӯшокиҳои рангае, ки дар ҷойҳои барои нигоҳдорӣ номувофиқ гузошта мешаванд, ангезандаи бемориҳои сироятӣ мебошанд. Бемориҳои домана, гепатити вирусӣ, вабо, тифпаративҳо, салмонеллёзҳо, исҳоли хунин (дизентерия), кирмҳои гуногуни рӯдаву пӯст ва ҳоказо аз бемориҳое мебошанд, ки инсон метавонад тавассути оби ифлос хеле зуд сироят ёбад.

Чӣ тавр дар гармои шадид саломатиро ҳифз кунем? (Маслиҳати табиб)

Аз ин рӯ, дар ин фасл ҳар шахс, бахусус модаронро лозим меояд, ки ба маводҳои истеъмолӣ ва нӯшокии фарзандони худ диққати махсус бидиҳанд. Духтурон роҳи аз ҳама осони пешгирии ин бемориҳоро дар истифода намудани оби ҷӯшонидашуда мебинанд. Набояд фаромӯш кард, ки оби манбаъҳои тасодуфиро истеъмол намудан, дар наздикии онҳо ҳоҷатхонаҳо сохтан ва оббозӣ намудан дар обанборҳои ифлос қатъиян манъ аст.

Чӣ тавр дар гармои шадид саломатиро ҳифз кунем? (Маслиҳати табиб)Оби ҷӯшонидашударо дар зарфи сарпӯшдор нигоҳ дошта, меваю сабзавот ва кабудиҳоро низ бо оби ҷӯшонида ва хунуккардашуда шустан зарур аст. Зарфҳои ошхонаро бо оби гарм ва бо истифода аз моеъҳои зарфшӯӣ бодиққат шуста, тоза кардан лозим аст.

Шустани дастон пеш аз хӯрокхӯрӣ, пеш аз тайёр кардани хӯрок, пеш аз синамакконӣ, баъд аз рӯбучини хона ва ғайра аз қоидаҳое мебошанд, ки саломатии шуморо аз ҳар паёмади нохуш эмин медоранд. Тозагии шахсӣ, тозагии хона ва тозагии обу хӯрок ҳамеша гарави саломатии шумо ва аҳли оилаатон хоҳад буд.

С. Холов,
директори Маркази ташаккули
тарзи ҳаёти солими шаҳри Сарбанд


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Хуруҷи бемории домана дар Бохтар (видео)

Хуруҷи бемории домана дар Бохтар (видео)

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, Матолиби чандрасонаӣ
Агар гирифтори зуком шудед…

Агар гирифтори зуком шудед…

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Аз 1 то 9-уми июл ҳарорати ҳаво дар Хатлон то 48 дараҷа боло меравад

Аз 1 то 9-уми июл ҳарорати ҳаво дар Хатлон то 48 дараҷа боло меравад

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Аз гармои шадид эҳтиёт бошед! (Аксҳо)

Аз гармои шадид эҳтиёт бошед! (Аксҳо)

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, Матолиби чандрасонаӣ
Дар ҳошияи Паём. СПИД сарчашмаи хатар ба ҳаёт аст

Дар ҳошияи Паём. СПИД сарчашмаи хатар ба ҳаёт аст

Тандурустӣ ва экология