Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Дар вилоят 166 тонна пилла истеҳсол шуд


Дар вилоят 166 тонна пилла истеҳсол шуд



Кирмакпарварӣ ва коркарди пилла яке аз шуғлҳои қадимтарини мардуми тоҷик ва соҳаи сердаромаду афзалиятнок ба ҳисоб рафта, истеҳсоли пилла барои бо ашёи хом таъмин намудани корхонаҳои саноатии мамлакат, бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ ва баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии корхонаҳои ватанӣ аҳамияти калон дорад. Бо дарки аҳамияти ин соҳа, имсол дар вилояти Хатлон истеҳсоли 286 тонна пилла ба нақша гирифта шуда, то 31 май 166 тонна пилла коркард ва ҷамъоварӣ гардидааст.

Қобили зикр аст, ки дар мамлакат «Барномаи рушди соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024» амал мекунад, ки мақсади асосии барномаи мазкур фароҳам овардани шароит ва замина барои рушди босуботи соҳаҳои кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар асоси коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, таъмини шуғли аҳолӣ, таҳияи механизмҳои иқтисодӣ ва омилҳои ҳавасмандгардонӣ барои ҷалби сармоягузориҳои бевосита ба соҳа ба шумор меравад. Ба иттилои намояндаи идораи “Пиллаи тоҷик” дар вилояти Хатлон Абдуғаффор Қурбонов, дар Тоҷикистон барои воридоти тухмии хушсифати кирмак, ки ба рушди соҳаи пиллапарварӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, аз ҷумла атлас, адрас ва дигар навъҳои матоъ мусоидат менамояд, имтиёзи андозиву гумрукӣ ҷорӣ карда шудааст.

Ба қавли манбаъ, дар нуқтаҳои қабул бар ивази як килограмм пилла 15 сомонӣ дастмузд пардохт мекунанд. Қариб 20 ҳазор нафар дар шаҳру навоҳии вилоят ба кирмакпарварӣ ҷалб гардида, барои ҳосил гирифтан ба хоҷагидорон 10 ҳазору 65 қуттӣ кирмак тақсим карда шудааст. Пиллапарварони шаҳри Левакант бо истеҳсоли се тонна пилла, ноҳияи Восеъ бо истеҳсоли 4,8 тонна ва Темурмалик бо 3,1 тонна пилла дурнамои истеҳсолро якумин шуда дар вилоят иҷро кардаанд. Истеҳсол ва коркарди аз ҳама беши пилла дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ пешбинӣ шудааст (нақша – 34 тонна) ва то имрӯз пиллапарварон 30 тонна ҳосил ба даст овардаанд.

Ёдовар мешавем, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ аз 21 декабри соли 2021 ҷиҳати рушди соҳаи пиллапарварӣ ва шоҳиву атласу адрасбофӣ ва таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави корӣ, бахусус барои занону бонувон вазорату идораҳои дахлдори мамлакатро муваззаф намуданд, ки истифодаи самараноки имконияти мавҷударо таъмин намоянд.

Сарвари давлат ҳамчунин таъкид намуданд, ки «тутзорҳо ба муддати 10 сол аз пардохти андози ягонаи замин, инчунин шахсони ҳуқуқие, ки ба коркарди пилла ва истеҳсоли матоъҳои шоҳӣ, атласу адрас ва дигар маснуоти бофандагии дастӣ машғуланд, аз пардохти андозҳо пурра озод карда шаванд».

Н. Маъмурзода , “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода