Дар як сатр
» » Хуруҷи бемории домана дар Бохтар (видео)

Хуруҷи бемории домана дар Бохтар (видео)

1-07-2017, 10:46

Хуруҷи бемории домана дар Бохтар (видео)

Тибқи иттилои масъулони беморхонаи №1-и Ҷамоати «Бохтариён»-и ноҳияи Бохтар, 60 нафар сокини хоҷагии ба номи Файзали Саидови ноҳияи Бохтар бо гумони мубталошавӣ ба бемории домана дар беморхонаи №1-и Ҷамоати деҳоти «Бохтариён» бистарӣ гардида, табобат мегиранд. Пизишкон хона ба хона гашта, сокинони ин маҳалро аз назари эҳтимоли гирифторӣ ба ин беморӣ ташхис мекунанд.

Сабаби гирифтор шудани ин афрод ба бемории доманаро пизишкон ба истеъмол намудани оби канали ин маҳал медонанд.

Идибек Холов, сардухтури беморхонаи №1-и Ҷамоати «Бохтариён»-и ноҳияи Бохтар, ҳангоми суҳбат бо рӯзномаи «Хатлон» изҳор дошт, ки дар гармии шадиди ҳаво бактерияҳои беморӣ зуд паҳн мешаванд. «Бактерияҳои домана рӯдаи поёнии ҷисми инсонро сироят карда, ҳатто бо марги инсон меанҷомад. Дар чунин шароит сокинон, бахусус кӯдакон, бояд эҳтиёткор бошанд. Яке аз роҳҳои пешгирӣ истеъмоли оби ҷӯшонидашуда ва худдорӣ аз оббозӣ дар каналу дарёҳои нопок мебошад», - афзуд ӯ.

Ба қавли Идибек Холов, сардухтури беморхонаи №1, дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти «Бохтариён»-и ноҳияи Бохтар 60 нафар бо аломатҳои бемории домана ба қайд гирифта шуда, дар ин беморхона бистарӣ гардидаанд. Ҳангоми ташхиси беморон дар организми 5 нафар аломатҳои бемории домана пайдо шудааст. Табобати бемор дар шароити бемористон на камтар аз се ҳафта идома мекунад.


Идибек Холов дар идомаи суҳбат қайд дошт: «Яке аз сабабҳои асосии гирифторшавии сокинони маҳз аҳолии Ҷамоати деҳоти «Бохтариён»-и ноҳияи Бохтар, ба андешаи мо, он аст, ки аксари ҳоҷатхонаҳои сокинон дар назди об сохта шудааст».

Шарофат Раҳмонова, истиқоматкунандаи хоҷагии ба номи Файзалӣ Саидов, муддати 20 рӯз дар беморхонаи №1-и Ҷамоати деҳоти «Бохтариён» бистарӣ буд. Аммо пизишкон аз сабабе, ки ҳолаташ вазнин буд, ӯро ба беморхонаи марказии ноҳияи Бохтар интиқол доданд.

- Бегоҳ буд, ташна мондам, аз оби ҷӯйбор об нӯшидам, - зикр кард Шарофат. – Шаб табам баланд шуд, лаҳза ба лаҳза вазъиятам бад шудан гирифт. Ба беморхона омадам. Баъди ташхис муайн гардид, ки ба бемории домана гирифтор шудаам. Дар беморхонаи №1-и Ҷамоати деҳоти “Бохтариён” якбора бемориам хуруҷ кард ва маро ба маркази ноҳия интиқол доданд. Дар беморхонаи марказии ноҳияи Бохтар ташхис мегирам ва ҳолам беҳтар шуда истодааст.

Хуруҷи бемории домана дар Бохтар (видео)

Дар баробари ин, Давлат низ дар маркази саломатии ноҳияи Бохтар 12 рӯз боз бистарӣ шуда, зери назорати духтурон қарор дорад.

Бо дастури Раёсати тандурустии вилояти Хатлон, табибони маҳаллӣ хона ба хона гашта, вазъи сиҳатии аҳолиро месанҷанд ва дар сурати пайдо шудани шубҳа сокинонро барои санҷиши тиббӣ ба бемористон мефиристанд.

Мавлуда ГУЛОВА,
Маҳмадулло КАМОЛОВ,
коромӯзони нашрияи «Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ба деҳқонон ҳуқуқу манфиатҳояшон ташреҳ дода шуд

Ба деҳқонон ҳуқуқу манфиатҳояшон ташреҳ дода шуд

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Нахустин амалиёти пайвандсозии гурда дар Хатлон

Нахустин амалиёти пайвандсозии гурда дар Хатлон

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Балҷувон. Бинои нав дар беморхонаи марказӣ

Балҷувон. Бинои нав дар беморхонаи марказӣ

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Авҷи мулоқоти номзадҳо бо мардуми Хатлонзамин

Авҷи мулоқоти номзадҳо бо мардуми Хатлонзамин

Сиёсат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ҷ. Румӣ. Пешрафти маориф ва мушкилоти тандурустӣ

Ҷ. Румӣ. Пешрафти маориф ва мушкилоти тандурустӣ

Хабарҳо, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА