Дар як сатр
» » Пешвои сулҳофар

Пешвои сулҳофар

26-06-2017, 14:54

Пешвои сулҳофар

Миллати сарбаланди мо хуб дар ёд дорад, ки давлати тоза- истиқлоламон дар оғози солҳои навадуми асри гузашта ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор шуда, тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ фалаҷ гардид ва давлатро буҳрони амиқи сиёсӣ фаро гирифт.

Дар вазъияти мураккаб дар вилояти Суғд, дар Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Иҷлосияи тақдирсози ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки он пас аз талошу муборизаҳо фарзанди содиқи ватан, ҷасуру диловар ва оқилу доно муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба сари қудрат овард. Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як вақт Сарвари давлат интихоб шуданд. Ин воқеаи таърихӣ 19 ноябри соли 1992 ба вуқӯъ пайваст.

Маҳз бо ибтикори муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон комиссияи оштии миллӣ ташкил карда шуд, ки ба он аз ҳар ду тараф аъзоёни фаъол дохил шуданд, то ки масъалаҳои мубрам ва созишҳои тарафайнро муҳокима намоянд. Бо супориш ва иштироки бевоситаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон комиссияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мухолифини муттаҳидаи тоҷик шаш маротиба дар мамлакатҳои гуногун гуфтушунид карданд ва дар ин шаш давра тадриҷан масъалаҳои ҳаётан муҳими миллат ва давлати Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор меёфтанд, қарорҳо ва протоколҳои тақдирсоз қабул мешуданд. Шахсан Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари Иттиҳоди мухолифини тоҷик Сайид Абдуллоҳи Нурӣ дар сатҳи олӣ дар бораи оштии миллӣ шаш маротиба мулоқоти судманд анҷом доданд.

Давраи хотимавии мулоқот дар сатҳи олӣ аз 24-ум то 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав ба вуқӯъ пайваст. Дастоварди бузурги ин мулоқот "Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон" ба шумор рафт. Ҳангоми ҳашт давраи гуфтушуниди байни ҳайатҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди мухолифини тоҷик, ки дар шаҳрҳои Алмаато, Ашқобод, Бишкек, Исломобод, Кобул, Машҳад, Маскав, Теҳрон ва Хосдеҳ баргузор шуданд, шаш мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари ИМТ, ҳамчунин се машварати тарафҳо, протокол ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки дар маҷмӯъ Созишномаи умумиро дар хусуси барқарор кардани сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба миён оварданд, мувофиқа ва имзо шуданд.

Дар изҳороти Маскав гуфта мешуд: "Пас аз панҷ соли муқовимати шаҳрвандон, ки дар таърихи бисёрасраи кишвар яке аз саҳифаҳои фоҷианоктарин мебошанд, рӯзи умед, боварӣ ба ақл, ки солҳо интизораш будем, фаро расид".

27-уми июни соли 1997 бо ибтикори Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи Ваҳдати миллӣ эълон гардид, ки он ба қатори ҷашнҳои миллӣ дохил шуд ва мо имсол 20-солагии онро таҷлил мекунем.

Ба бахти мардуми азияткашидаи тоҷик Роҳбари сулҳофару дурандеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз аввалин рӯзҳои ба сари қудрат омаданашон бо ҷасорату иродаи қавӣ овардани сулҳро дар мамлакат бар дӯши худ гирифтанд. Хизмати шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин аст, ки он кас вожаи "ваҳдат"-ро бо мазмуни сиёсӣ ва идеали ҷамъиятӣ дар бораи ягонагии халқи тоҷик, зиёда аз ин, ваҳдати форсизабонони тамоми ҷаҳонро ғанӣ гардониданд.

Аз ин рӯ, мо аз Пешвои худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихор дорем ва хизматҳои бузургашро қадр мекунем. Дар ҷавоби ин ҳама баҳри ободии диёр, оромии Ватан содиқона кору фаъолият менамоем.

Маҳмадулло КАМОЛОВ,
коромӯзи нашрияи «Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ваҳдат - шоҳсутуни миллат

Ваҳдат - шоҳсутуни миллат

Хабарҳо, Номаҳои Шумо
16 ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид

16 ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид

Сиёсат, Хабарҳо, САТТОР ҚАРАХОНОВ
Пешвои  миллат - раҳнамои миллат

Пешвои миллат - раҳнамои миллат

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Дар партави Паём. Сиёсати башардӯстонаи Пешвои миллат

Дар партави Паём. Сиёсати башардӯстонаи Пешвои миллат

Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Фарзанди фарзонаи миллат

Фарзанди фарзонаи миллат

Сиёсат, Хабарҳо, Номаҳои Шумо