Дар як сатр
» » М. Хидирзода: «Изофанависӣ накунед!»

М. Хидирзода: «Изофанависӣ накунед!»

1-07-2017, 08:11

М. Хидирзода: «Изофанависӣ накунед!»

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, оид ба моҳияти «Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020» баргузор гардид.

Дар ин вохӯрӣ раисон ва котибони шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру навоҳӣ, инчунин аъзои комиссияи ҷамъиятӣ оид ба муқовимат бо коррупсия ширкат варзиданд.

Махфират Хидирзода, раиси комиссияи ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, қайд кард: «Ҳадафи Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон паст кардани сатҳи коррупсия, бартараф намудани монеаҳои рушди иқтисодиёт, мукаммалгардонии идораи давлатӣ, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва иҷрои дигар ҳадафҳои стратегияи миллии рушди кишвар мебошад.Таҳлилу баррасиҳо нишон доданд, ки масъулони аксари комиссияҳои ҷамъиятӣ, баъзан раисону котибон низ ваколат ва вазифаҳои комиссия, инчунин тарзи дурусти фаъолият, баррасии масъалаҳо, таҳияи барномаҳо ва нақшаҳои кориро намедонанд».

Махфират Хидирзода дар идомаи суҳбат иброз дошт, ки аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва масъулони комиссияҳои шаҳрию ноҳиявиро барои татбиқи пурраи «Стратегияи муқовимат бо коррупсия барои солҳои 2013 -2020» ва иҷрои дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазифадор карда мешаванд.

М. Хидирзода: «Изофанависӣ накунед!»

Дар Паёми навбатии Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ таъкид шуд, ки дар кори мубориза бо коррупсия ғайр аз мақомоти давлатӣ, ҳар як фарди ҷомеа низ бояд саҳмгузор бошад. Масъулияти пешбурди назорати ҷараёни иҷрои Стратегия ба зиммаи ҳамаи мову шумост», - таъкид дошт Давлат Ғаффорзода, котиби Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия.- Новобаста аз тадбирҳои анҷомдодашуда то ҳол дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва ташкилоту муассисаҳои давлатӣ рафти иҷрои қарорҳои Шӯро мувофиқи матлаб нест. Дар баъзе сохторҳо то ҳол дар таъмини иҷрои нақшаи корӣ барои татбиқи стратегия мушкилиҳо ҷой дошта, дар ноҳияҳои Дӯстӣ, Қубодиён, Абдураҳмони Ҷомӣ, Восеъ, Темурмалик ва Балҷувон дуруст ба роҳ монда нашудааст.

Дар охир, миёни аъзои комиссияҳои ҷамъиятии пешгирии коррупсия дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ва масъулони Агентии зиддикоррупсионӣ суҳбати судманд сурат гирифт.

Комрони БАХТИЁР,
«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Дар мубориза ба муқобили коррупсия бетараф набошем

Дар мубориза ба муқобили коррупсия бетараф набошем

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Номаҳои Шумо
М. Хидирзода: “Муқовимат бо коррупсия вазифаи дастаҷамъист”

М. Хидирзода: “Муқовимат бо коррупсия вазифаи дастаҷамъист”

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Муборизаро бо коррупсия пурзӯр намоем

Муборизаро бо коррупсия пурзӯр намоем

Хабарҳо, АСАЛМО САФАРОВА
Мубориза бар зидди коррупсия кори дастаҷамъист

Мубориза бар зидди коррупсия кори дастаҷамъист

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР
Ифшои 91 ҷинояти вобаста ба замин

Ифшои 91 ҷинояти вобаста ба замин

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА