Дар як сатр
» » Н. Хусрав: иҷрои маъракаи даъват ба аскарӣ

Н. Хусрав: иҷрои маъракаи даъват ба аскарӣ

24-10-2018, 08:37

Масъулини Комиссариати ҳарбии ноҳияи Носири Хусрав дар миёни 25 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон нахустин шуда маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакатро анҷом доданд.

Тавре ба рӯзномаи «Хатлон» аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия иттилоъ доданд, ба муносибати гусели аввалин гурӯҳи наваскарон дар маркази ноҳия бо иштироки роҳбарияти ноҳия, масъулини Комиссариати ҳарбӣ, волидони сарбозони оянда ҷамъомад ва барномаи фарҳангӣ доир гардид. Раиси ноҳияи Носири Хусрав Нуриддин Садриддинзода ва волидони сарбозон хизмати ҳарбиро мактаби ҷасорату мардонагӣ, ифтихор аз давлатдорӣ ва садоқату эҳтиром ба ватани маҳбуби худ унвон карданд. Ҳамаи ҷавонон ихтиёран ба сафи Артиши миллӣ пайвастаанд. Хотиррасон бояд кард, ки даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ ҳамасола 1 октябр оғоз ёфта, то 30 ноябр идома меёбад.




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«Кулчагазон» ва иҷрои нақшаи даъвати ҷавонон ба Артиш дар рӯзи аввали мавси ...

«Кулчагазон» ва иҷрои нақшаи даъвати ҷавонон ба Артиш дар рӯзи аввали мавси ...

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Ноҳияи Н. Хусрав даъвати баҳориро иҷро кард

Ноҳияи Н. Хусрав даъвати баҳориро иҷро кард

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ноҳияи Носири Хусрав яке аз аввалин шуда маъракаи даъвати наваскаронро ба о ...

Ноҳияи Носири Хусрав яке аз аввалин шуда маъракаи даъвати наваскаронро ба о ...

Хабарҳо
Пешсафони маъракаи даъвати аскарӣ

Пешсафони маъракаи даъвати аскарӣ

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Носири Хусрав. Иҷрои нақша дар як рӯз

Носири Хусрав. Иҷрои нақша дар як рӯз

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА